ДОДУГИРИФТИ СУҒД БО ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҲОЛИ ЗИЁДШАВИСТ

515

Гардиши мол миёни Суғд бо Ӯзбекистон дар соли 2017 ба 100,4 миллион доллар баробар шуд. Афзоиши ҳаҷми доду гирифти мол байни ин ду минтақаро асосан тӯли ду соли ахир мушоҳида кардан мумкин аст. Феълан дар доираи як комиссияи байниҳукуматӣ оиди “Савдои озод” барои беҳтар гардидани  тиҷорат тасмим ҳаст ҳангоми воридоти мол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ситонида нашавад.

Давоми ду соли ахир гардиши мол миёни Суғд бо Ӯзбекистон 39 миллион  доллар ва ё худ 39% афзудааст. Воридоти мол 44,7% ва содирот 33,7% дар соли гузашта назар ба соли 2016 байни ин ду минтақа зиёд шудааст.

Анвар Оқилов, сардори шӯъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзиши Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд мегӯяд, мутаносибан савдои Тоҷикистон назар ба Ӯзбекистон зиёдтар аст. Дар соли 2016, ки бино ба гуфти ӯ он замон муносибатҳои тиҷоратии Суғд бо кишвари ҳамсоя начандон хуб буд ҳаҷми умумии гардиши мол беш аз 61 млн. доллари амрикоиро ташкил менамуд. Соли гузашта ин рақам аз марзи 100 млн. доллар гузаштааст.

Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар ду соли ахир дар муносибатҳои тиҷоратӣ, Суғд назар ба Ӯзбекистон бештар мол содир кардааст.

ВИДЕО: Анвар Оқилов, сардори шӯъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзиши Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд

;

Раванди беҳтар шудани додугирифти молу маҳсулот байни Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бахусус аз соли 2016 ба ин сӯ рӯ ба беҳбуд овардааст. Қаблан дар оғози соли гузашта масъулини Раёсати гумрук дар вилояти Суғд гуфта буданд, ки дар натиҷаи беҳтар шудани муносибатҳо соли 2016 додугирифти вилояти Суғд бо Ӯзбекистон назар ба солҳои пешин 8 баробар бештар шудааст. Ин дар ҳолест, ки он солҳо равуо тариқи марзи ду кишвар душвор буд ва ҷониби Ӯзбекистон ба содироти наба ҳама маҳсулот ба Тоҷикистон иҷоза медод.

Алихон Рустамзода, собиқ сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд моҳи феврали соли 2017 гуфта буд, ки аз шимолии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон то як соли ахир асосан семент содир мешуд. Ҷониби кишвари ҳамсоя бошад мебел ва ҳам масолеҳи сохтмониро тариқи расмӣ ба Тоҷикистон интиқол медод. Ҷаноби Рустамзода гуфта буд сар аз соли 2014 то ҷое тиҷорати байни ду кишвари ҳамсоя рӯ ба беҳбуд овард ва аз ин рӯ Ӯзбекистон ҳам ба содироти чанде аз молу маҳсулот ба Тоҷикистон иҷоза дод. Ба хусус нуриҳои менералӣ, ки қаблан воридодаш аз Ӯзбекистон ба вилояти Суғд манъ буд ду сол пештар кишвари ҳамсоя иҷоза додааст, ки ба Тоҷикистон содир карда шавад. Бино ба рақамҳои оморӣ соли 2016 аз Ӯзбекистон ба шимолии Тоҷикистон 65 тонна нуриҳои менералӣ ворид шудааст. Дар соли 2017 бошад аз ин кишвар асосан молҳои саноатӣ, ниёзи мардум ва маҳсулотҳои қаннодӣ ворид шудааст. Аз вилояти Суғд ба Ӯзбекистон асосан семент, консентрат ва дигар солҳои саноатӣ содир гардидааст.

Давоми ду соли ахир Ӯзбекистон ба қатори кишварҳое, ки ба вилояти Суғд шарики асосии содуротиву воридотӣ маҳсуб мешаванд шомил гардид. Чун дар маълумотҳои расмӣ кишвари ҳамсоя то соли 2015 ба фаъолияти иқтисодии Суғд начандон зиёд ҳисагузор буд. Анвар Оқилов, сардори шӯъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзиши Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд мегӯяд, ки ҳоло комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар мавриди содда гардонии “Савдои озод” гуфтушунид доранд. Ӯ гуфт, ки дар ҳоли ба тавофуқ расидан эҳтимол ҳангоми воридоти мол аз Ӯзбекистон боҷи гумрукӣ ситонида нашавад. Масъулин ин иқдомро ба хотири арзонтар шудани арзиши моли воридшуда ва ҳам пурзӯр гардидани рақобат дар тиҷорат роҳандозӣ карданиянд.

ВИДЕО: Анвар Оқилов, сардори шӯъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзиши Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд

Феълан дар назар аст рӯзҳои наздик дари ду кишвари ҳамсоя ба ҳам боз шавад. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд ҳам дар нишасти хабарии 6-уми февралии худ гуфт онҳо умед доранд, ки дар сурати боз шудани марзи ду кишвар роҳҳои нави тиҷорати Тоҷикистону Ӯзбекитсон пайдо мегардад.

ВИДЕО: Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд:

а;

Вилояти Суғд бо 56 кишвари дунё, аз ҷумла 11 давлатҳои ИДМ ва 45 кишвари хориҷӣ дур муносибати савдои хориҷӣ дорад. Дар як соли ахир Ӯзбекистон баъд аз Қазоқистон ба як шарики асосии содиротӣ ва ҳам дар воридот баъд аз Русия, Қазоқистон, Чин ва Литва ба шарики муҳими воридотӣ табдил ёфтааст.

                                                                              ©  Ҳалим ҶӮРАЕВ, журналист