Домой МАТОЛИБ “Ду вазорат ба як хулосаи умумӣ намеоянд!”

“Ду вазорат ба як хулосаи умумӣ намеоянд!”

648

Қонун  “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол қабл қабул гардида бошад ҳам, то ҳанӯз амал намекунад. Чаро?

Қариб 10 сол қабл, 18 июни соли 2008  Қонун  “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  қабул гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва молиявии суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро дар кишвар муайян менамояд.

Қонуни мазкур мебоист аз 1 январи соли 2010  мавриди амал қарор гирад. Вале бо сабабҳои гуногун, муҳлати ба эътибор даромадани он, нахуст то соли 2014 ва сипас то 1 январи соли 2017 тамдид гардид.   Cоли 2017 низ  ин қонун мавриди амал қарор нагирифт ва муҳлати эътибори он то соли 2022 ба таъхир афтод.

Яке аз василаҳои таъсиргузори мубориза бо фасод

Сабаби ҷорӣ нашудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар Тоҷикистонро ду сол қабл  вазири собиқи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Нусратулло Салимзода  шарҳ дода, гуфта буд, ки   дар миён танҳо як масъала ҳаст: онҳо наметавонанд бо вазорати молия ба як хулосаи умумӣ оянд!

  Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори ҳукумати кишвар аз 2 июли соли 2015, №426  “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2015-2018” тартиб дода шудааст, ки яке аз нуктаҳои асосии он тарҳ ва ҷараёни маблағгузории суғуртаи тиббӣ мебошад.

 Дар ҳоле ки  бахши  тандурустӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳам ҷомеа ва ҳам сохтори мубориза бо коррупсия яке аз соҳаҳои фасодзада арзёбӣ гардида,  хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хеле гарон аст, коршиносон ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббиро як қадами ҷиддӣ барои ислоҳоти соҳа меҳисобанд.  Ҳарчанд солҳои охир вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Қарори № 600 ва Барномаи кафолатҳои давлатиро барои беҳбудии вазъи соҳа роҳандозӣ намуд, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин тадбирҳо то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Сабабҳо гуногунанд. Аввалан, огоҳӣ надоштани аксари аҳолӣ аз мавҷудияти ин барномаҳо ва сониян, бештари беморон маҷбуранд барои дастрасӣ ба хидматрасонии  тиббӣ маблағи зиёди расмию ғайрирасмӣ харҷ намоянд. Бовуҷуд, гуфтан душвор аст, ки акнун пас аз ин ҳама ташвишу хароҷот онҳо аз хидматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд мегарданд.

Аз ин рӯ, бархе аз коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои комилан беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии тиббӣ ва аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ  мувофиқи мақсад мебошад.

Дар Молдова барои сарпечӣ аз суғурта $60 ҷарима месупоранд!

 Молдова яке аз кишварҳои собиқ шӯравист, ки дар ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ муваффақ шудааст ва онро дар муддати кутоҳ роҳандозӣ намуд.

Андозаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ  барои як нафар 4056 лейи молдавӣ (муодили 250 доллари амрикоӣ) муқаррар шудааст.  Пас аз 7 рӯзи пардохти ҳаққи суғурта (дар баъзе маврид аз рӯзи пардохт) шаҳрванд  метавонад ба хидматрасонии ройгони тиббӣ (дар маҷмӯъ беш аз 188  навъи муолиҷа ва ташхис) дастрасӣ пайдо намояд.

Тибқи қонунгузориии Молдова суғурта барои ҳар шаҳрванд ҳатмист ва надоштани санади суғурта ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоб меёбад. Шахсоне, ки  санади суғуртаи тиббиро нагирифтаанд, ба андозаи ҳазор лей (тақрибан – 60 доллари ИМА) ҷарима хоҳанд супурд.

  Дар маҷмӯъ, пакети суғуртаи ҳатмии тиббӣ беш аз 90%-и хидмарасониҳои тиббӣ, аз ҷумла таҳқиқотҳои махсуси олии технологиро дарбар мегирад. Ғайр аз ин, дар асоси рӯйхати махсус ба аҳолӣ  доруворӣ ба таври ройгон пешниҳод мегардад.  Доруҳо  пурра ё қисман (50, 70 и 100%) аз ҳисоби Хазинаи миллии суғуртаи тиббӣ ҷуброн мегарданд. Чунин намуди доруҳоро аз 261 дорухонаи ин кишвар дастрас кардан мумкин аст.

Таҷрибаи талхи Қазоқистон ва ислоҳи он

 Қазоқистон дар муқоиса бо Молдова хеле барвақт-ҳанӯз соли 1996 суғуртаи ҳатмии тиббиро роҳандозӣ кард. Аммо тавре коршиноси қазоқ Михаил БУРЕНКОВ қайд мекунад, таҷрибаи аввал номуваффақ анҷом ёфт.  

 Коршиноси дигари қазоқ Ермек Иргалиев зикр менамояд, ки масъулин аз таҷрибаи талхи гузашта хулоса бароварда, барои такрор нашудани хатоҳои пешин тадбирҳо андешидаанд:

  • Тавре маълум гардидааст, яке аз сабабҳои асосӣ, пардохт накардани ҳисса барои аҳолии бекор аз ҷониби маҷомоти иҷроияи маҳаллӣ мебошад. Дар навбати худ, дар гузашта тамоми сохтори тандурустӣ бо уҳдадориҳои зиёди расмӣ, бидуни таъмини заминаи молиявӣ рӯ ба рӯ гардид. Ғайр аз ин, бозори воқеии рақобатноки таъминкунандагони хидматрасониҳои тиббӣ вуҷуд надошт, низоми рақобат ба кор бурда намешуд, таъминкунандагони хидматрасониҳои тиббӣ соҳибихтиёр набуданд.

Ба қавли ӯ, ҳамаи ин омилҳо боиси он гардид, ки уҳдададориҳои Хазина аз имкониятҳои он бештар шуд ва дар натиҷа он аз байн рафт.

Қонуни муаллақи Тоҷикистон, ки метавонад ба имиҷи кишвар латма ворид намояд

Айни замон маълум нест, ки Тоҷикистон зимни ҷорӣ намудани низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз модел ва таҷрибаи кадом кишвар истифода мебарад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршиносон омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар ва пайдо кардани умумиятҳо ҳангоми роҳандозии суғуртаи ҳатмии тиббӣ бисёр муҳим аст.   :

 Тавре ишора рафт, яке аз мушкилоти асосӣ дар амалӣ намудани ин низом набудани назари умумӣ  оид ба шакли маблағгузорист. Дар ин баробар, коршиносон чанд масъалаву мушкилеро дар миён мегузоранд, ки барои ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмӣ монеа мегардад:

  • То ҳанӯз мушаххас нест, ки Ширкати миллии суғуртаи тиббӣ дар кадом шакл таъсис меёбад, оё он тобеи ягон вазорату идора мешавад ва ё ширкати мустақил хоҳад буд?
  • Маблағҳои ин ширкат дар куҷо нигаҳдорӣ мегардад ва барои таъмини амнияти маблағҳо чӣ гуна кафолат вуҷуд дорад?
  • Ин ширкат фаъолияти субъектҳои хидматрасониҳои тиббиро чӣ тавр танзим мекунад ва ба аҳолӣ чӣ гуна хидмат мерасонад.
  • Мушаххас нест, ки пас аз суғуртаи ҳатмӣ мардум ба кадом навъҳои муолиҷа ва ташхиси ройгон, ё қисман ройгон дастрасӣ пайдо хоҳад кард…

Коршиносону таҳлилгарон ба ин назаранд, ки муаллақ мондани қонуни 10 сол қабл қабулгардида ба имиҷи кишвар латмаи сахт ворид хоҳад намуд. Аз ин ҷост, ки мебояд як гуруҳи мушаххаси корӣ аз ҳисоби масъулин, коршиносони ватанӣ ва байналмилалӣ ташкил намуда, дар кӯтоҳмуддат мушкилоти амалӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббиро таҳлил намоянд ва дар асоси хулосаҳо қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар ҶТ”-ро такмил дода, фаъол намоянд.

Ҳамчунин, ташкил намудани портаи ягонаи суғуртаи тиббӣ ва таъмини дастрасии ҳамаи шаҳрвандон- гирандагони суғуртаи тиббӣ ба он, ки боис ба шаффофияти истифодаи маблағҳои суғуртавӣ мегардад, аз пешниҳоди дигарест, ки коршиносон феълан арзёбӣ менамоянд.

 Атохон Ғаниев