Маоши муаллими Тоҷикистон ба чӣ мерасад?

2303

Маоши миёнаи омӯзгор дар Қирғизистон баробар ба $159 ва дар Қазоқистон бошад $300, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз $100 то $150 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аммо дар Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст?

Як масъули Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ дод, ки омӯзгорон дар кишвари мо вобаста ба маълумот, дараҷа, вазифаҳои ишғолкунанда ва ставкаи корӣ музди кор мегиранд.

Гуфта мешавад омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1-уми феврали соли 2017 барои тадриси синфҳои ибтидоӣ вобаста ба маълумоти олӣ ва маълумоти миёнаи касбӣ, дараҷаи соҳибгаштаашон барои як ставкаи корӣ аз 490 то 779 сомонӣ ва барои омӯзгорони синфҳои болоӣ вобаста ба ҳамин меъёрҳо барои як ставкаи корӣ аз 462 то 716 сомонӣ маош мегиранд. Ба ҳисоби миёна, 462 сомонии маоши омӯзгор баробар ба  $52 доллар ва 779 сомонӣ баробар ба $87 доллари амрикоист.

Дар ҳамин ҳол, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2018 маоши кормандони соҳаи маориф 15% зиёд мегардад. Дар сурати ин тағйироти маош, омӯзгори бо таҷриба барои як ставкаи корӣ 895 сомонӣ, баробар ба $100 доллари амрикоӣ моҳона хоҳад гирифт.

Музди меҳнати кормандони роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, ки зиёда аз 2500 хонандаро доранд – 857 сомонӣ, агар то 2500 хонанда дошта бошад – 779 сомонӣ, то 1600 хонанда – 690 сомониро ташкил хоҳад дод.

Меъёрҳои музди меҳнати кормандони роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ касбӣ (аз ҷумла мактаб-интернатҳо, гимназия, литсейҳо).

Эзоҳ: Дар графикаи боло моҳонаи омӯзгор ва мураббияи муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, мактаб-интернатҳо, гимназия, литсейҳо) ва ибтидоӣ касбӣ вобаста ба таҳсилот ва дараҷаву ставкаи кориашон оварда шудааст.

Масъулин мегӯянд ставка барои синфҳои ибтидоӣ 20 соат буда, барои синфҳои болоӣ 18 соатро ташкил медиҳад. Маоши муаллим вобаста ба доштани дараҷа ва ставкаи кориаш тағйирёбанда аст.

Маоши моҳонаи омӯзгор ва мураббияи муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-интернатҳо, 

Эзоҳ: Нақшаи музди меҳнати марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, барномаҳои байналмилалӣ, кор бо мактаббачагони шоиста, таълимӣ-методӣ, Маркази таълимии «Сарвар», Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», Маркази таъминоти варзишӣ, Маркази ҷумҳуриявии методӣ, Маркази таълими калонсолон ва дигар марказҳои таълимии вазорату идораҳо тибқи басти воҳидҳои намунавӣ муайян мешавад, нишон дода шудааст.

Маош

Меъёри музди меҳнати китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла мактаб-интернатҳо, гимназия, литсейҳо), таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ вобаста ба шумораи умумии хонандагон ва маълумоташон муайян шудааст. Масалан барои як китобдори бе таҳсилоти китобдорӣ музди меҳнати моҳона 420 сомониро ташкил дода, барои шахси таҳсилоти олии китобдорӣ – 450 сомонӣ муқаррар шудааст.

Меъёрҳои музди меҳнати китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла мактаб-интернатҳо, гимназия, литсейҳо), таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ чунин мебошад. 

Омӯзгор Н. Саидова, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба шогирдон дарс медиҳад, зимни суҳбат бо мо гуфт дар як моҳ 31 соати дарсӣ дорад ва барои ин 1070 сомонӣ моҳона мегирад:

Ману шавҳарам омӯзгор буда, соҳиби се фарзандем. Иҷоранишин ҳастем. Моҳонаи мегирифтаи ману шавҳарам барои масрафӣ зиндагӣ намерасад. Маоши шавҳарам барои харҷи иҷора сарф мешавад ва бо маоши ман зиндагӣ пеш мебарем. Моҳ ба моҳ қарзи мо бештар мешавад, камтар не. Албатта дарс омӯзондани талабаҳо кори хайр аст, вале бо 1070 сомонӣ чӣ гуна мешавад зиндагӣ кард? Шавҳарам борҳо кори муаллимиро партофта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Зиндагӣ маҷбур мекунад, охир, – мегӯяд ӯ.

Муаллиф: Аҳлиддин Салимов