Домой МАТОЛИБ МОРАТОРИЯ БУҶАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

МОРАТОРИЯ БУҶАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

560

Давоми ду соли охир нақшаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд барзёд таъмин мегардад. 75%-и таъмини буҷети шаҳр аз ҳисоби соҳибкорон аст. 

Давоми соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр ба ҷойи 335,8 миллион сомонии тасдиқ гардида 342,5 миллиион сомонӣ таъмин шуд. Ин нишондод назар ба нақша 6,7 миллион сомонӣ ва нисбат ба қисми даромади буҷети давалтии шаҳр дар соли 2016 ба маблағи 32,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи буҷети маҳаллии шаҳр, ки 134,5 миллион сомонӣ тасдиқ гардида буд, 2,2 миллион сомонӣ ва ё худ 136,7 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардидааст. Буҷети маҳаллӣ низ бино ба рақамҳои оморӣ назар ба буҷаи соли 2016-16,1 миллион сомонӣ дар соли гузашта афзудааст.

ВИДЕО: Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд:

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти хабарии ахири худ гуфт, буҷети давлатии шаҳр ва маҳаллӣ дар пайи барзиёд таъмин гардидани 10 намуди андоз иҷро шудааст. Аммо бино ба иттилои шаҳрдори Хуҷанд аз 11 намуди андоз дар соли гузашта танҳо як намуд – андоз аз даромад таъмин нагардид. Ин ҳолат боис ба ворид нагардидани 8,6 миллион сомонӣ ба буҷет шудааст. “Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 102,0 % ва буҷети маҳаллӣ 101,6% таъмин гардид. 78,4 фоизи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ сарф шудааст”.

 ВАЗЪИ ИҚТИСОДИИ ХУҶАНД

Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, саҳми соҳибкорони ин шаҳр дар ғанӣ гардидани буҷа 75 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи хуб аст. Раиси шаҳри  Хуҷанд ҳам ҷонибдорӣ он аст, ки шарикии соҳибкорону давлат бояд рушд ёбад.  “Замона тақозо мекунад, ки мо бояд ба соҳибкорони бонангу номус такя кунем”-гуфт Маъруф Муҳаммадзода.

Шаҳрдори Хуҷанд дар ҳоле аз саҳми соҳибкорон дар ғанӣ гардидани буҷа ҳарф мезанад, ки давоми як соли ахир дар ин шаҳр 707 нафар соҳибкорон кам шудаанд. Соли 2017 дар маркази маъмурии вилояти Суғд 9123 нафар соҳибкорон фаъолият намудаанд, ки ин шумора дар соли 2016-9830 нафарро ташкил медод. Барҳамхӯрии фаъолияти соҳибкороне, ки бо патент кор мекарданд, дар муқоиса ба соли 2016 -5,2% ва бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда 77,0% кам гаштааст.

      Рақобатпазир набудан-сабаби барҳамхӯрии соҳибкорист?

 Абдураҳмон АбдураззоқовКорро бо қарзи бонкӣ оғоз карда будам

“Маркази хизматрасонии компютерӣ доштам дар шаҳри Хуҷанд. Баъди ду соли кор кардан баъдан қатъ кардам. Савдо суст шуд. Барои қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ ба Раёсати андоз ариза додам. Соли 2011 корро бо қарзи бонкӣ оғоз карда будам. 20 компютер харидорӣ кардам баъди он ки кор хуб нашуд 10 компютерро фурӯхтам ва 10 адади дигар ҳоло боқӣ мондааст.  Ман давоми корам қарзи бонкро соф кардам”.

Абдураҳмон Абдуразоқов, як соҳибкори ҷавон мегӯяд, бо қарзи бонкӣ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонии компютерӣ боз кард. Вале баъди ду соли фоида надидан соли 2017 ба дари марказ қулф зад. Ӯ аз соли 2011 тариқи шаҳодатнома фаъолият мебурд ва моҳе 400 сомонӣ андоз месупорид. Бино ба гуфти соҳибкори 34 сола дар фаъолияти корияш ягон ниҳод монеаи рушди тиҷораташ нашуд. Танҳо худ эҳсос кард, ки сокинон кам ба марказаш корафтода мешаванд ва аз ин рӯ аз соҳибкорӣ фоида надидаааст.

АКС: Бозори Панҷшанбе

Аҳмад Ҳомидов, соҳибкори дигар бошад, ҳамагӣ баъди як соли кор дар ошхона маҷбур шудааст ба фаъолияти соҳибкорӣ нуқта гузорад. Аҳмад дар бозори Панҷшанбеи Хуҷанд ошхонаеро иҷора гирифта, кор мекард. Ӯ гуфт аз як ҷиҳат зиёд будани маблағи иҷораи моҳонаи ошхона, аз паҳлӯи дигар пардохти маблағи андоз, обу барқ ва ғайра боис ба барҳам хӯрдани соҳибкорияш шудааст.

 Аҳмад Ҳомидов: Кор хуб нашуд зиён дидам

 “Аз бозори Панҷшанбе ошхонаеро ба иҷора гирифтам, кор хуб нашуд ба зиён рафтам аз ин рӯ корро қатъ кардам. Одам хело кам даромад, савдо суст шуд. Ҳар моҳ 800 то 1000 сомонӣ маблағи андоз месупоридем. Маблағи барқу об ва таҳҷоиву андозро ҳисоб кардам, ки бар зиёни кор баромад”.

Бино ба таҳлили коршиносони масоили иқтисодӣ давоми чаҳор соли охир барҳамхӯрии фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкорони инфиродӣ дар шимоли Тоҷикистон афзудааст. Аз рӯи натиҷагирии онҳо омилҳои аслии ин вазъ, рақобатпазир набудани истеҳсоли молу маҳсулот, таъсири буҳрони иқтисодӣ, поёнравии қурби асъори миллӣ, афзудани ҳаҷми андозбандӣ ва инчунин санҷишҳои зиёди фаъолияти соҳибкорӣ будааст. Таҳлилгар Баҳром Раҳматов мегӯяд, сар аз оғози соли 2014 дар аксари кишварҳо бӯҳрони молӣ мушоҳида шуд ва ин ҳол ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон низ асар кард. Ӯ мегӯяд, аксаран дар шаҳрҳо аз сабаби зиёд будани санҷишҳо ва меъёри баланди андозбандӣ, соҳибкорон тарки кор мекунанд. Ба андешаи ин коршинос барои рушди соҳибкорӣ бояд низоми бонкӣ ва андозӣ куллан тағйир ёбад.

SOUNDCLOUD: Баҳром Раҳматов, коршиноси масоили иқтисодӣ:

“Омили аслие, ки ба рушди фаъолияти соҳибкории Тоҷикистон таъсири манфии худро расонид, ин беқурбшавии сомонӣ нисбат ба доллар мебошад. Чи хеле, ки медонед назар ба содирот воридоти маҳсулоти зарурӣ бештар аст. Аз ин лиҳоз соҳибкорони ватанӣ барои харидории маҳсулотҳои зарурӣ асъори хориҷӣ харидорӣ намуда баъд ба шахсоне, ки молро ворид мекунанд пардохт менамоянд. Дар ҳоле, ки қурби сомонӣ поён рафт каме арзиши маҳсулотҳои воридшаванда ҳам гарон шуд. Дар Тоҷикистон 75 идораву корхонаҳои санҷишӣ мавҷуд аст, ки ба сари ҳар як корхона дар як сол 5 санҷиш рост меояд. Ин ҳам таъсири манфии худро мерасонд. Вақте, ки фаъолияти соҳикорӣ қатъ гардидан мегирад воридоти андоз кам мешавад. Чунки буҷети шаҳру вилоят аз даромади андози хело вобастагии калон дорад. Зиёда аз 70 дарсади буҷети кишвар аз ҳисоби андозҳо ғанӣ мегардад”.

 Оғози соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери фармоне имзо гузошт, ки дар асоси он ду соли минбаъда тафтиши соҳибкорон манъ шуд. Ин маратория барои дастгирии соҳибкорон, кам кардани санҷишҳо ва ҳам фароҳам кардани фазои озод барои сармоягузорӣ муфид арзёбӣ карда мешавад. Қаблан дар Тоҷикистон солҳои 2007-2008 дар пайи он ки воридоти андоз ба буҷаи кишвар коҳиш ёфт, маратория эълон шуда буд ва бино ба ақидаи таҳлилгарон он ба таъмини қисми даромади буҷети кишвар мусбӣ арзёбӣ гардид.

                                                                                      Ҳалим ҶӮРАЕВ, журналист