Домой МАТОЛИБ Ноҳияҳои субвенсионии водии Рашт чӣ мушкилот доранд?

Ноҳияҳои субвенсионии водии Рашт чӣ мушкилот доранд?

558

Тақрибан 70 дарсади буҷетҳои маҳаллии се ноҳияи водии Рашт – Лахш (собиқ Ҷиргатол), Тоҷикобод ва Раштро маблағҳои субвенсионӣ ташкил медиҳад.  Субвенсия-кӯмаки молиявӣ буда,  ҳар сол аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудо мешавад. Маблағҳои субвенсионӣ мақсаднок мебошанд  ва  барои пардохти  музди меҳнат  пешбинӣ шудаанд.

Вобастагӣ аз маблағҳои субвенсионӣ то чӣ андоза имкониятҳои иқтисодии мардуми ноҳияҳои дурдастро маҳдуд мекунад ва барои баромадан аз ин мушкилот чӣ чора бояд андешид.

Ин масъала яке аз мавзӯъҳои асосии муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба амалишавии буҷети соли 2018 дар ноҳияҳои Водии Рашт, аз ҷумла Тоҷикобод, Лахш ва Рашт буд.

Муҳокимаҳои ҷамъиятӣ бо ибтикори Донишгоҳи давлатии шаҳри Ню – Йорк, дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир дар хамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва  ба сокинони ноҳияҳои мазкур имконият фароҳам овард, то озодона дар он ширкат варзида, фикру андеша ва пешниҳодҳои худро баён созанд.

Таҳлили буҷетҳои маҳаллӣ бо иштироки шаҳрвандон нишон дод,ки вазъи молиявӣ дар ҳар се ноҳия қариб як хел аст.

Тавре сардори Раёсати молияи ноҳияи Лахш  Хуршед  Набиев  қайд кард, ки 75 фоизи буҷети ноҳияи Лахшро маблағҳои субвенсионӣ ташкил медиҳад.  Азбаски маблағҳои субвенсионӣ мақсаднок аст, ба дигар самтҳо харҷ намудани он ғайриимкон аст.

Мутахассисони соҳаи молияи ноҳияҳо изҳор намуданд,  ки кам будани даромади худӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун маҳдудиятҳои молиро ба миён овардааст ва зимни банақшагирии буҷети ҳарсола маҷбуранд аз бисёр хароҷотҳо сарфи назар кунанд.

Зимни муҳокимаҳо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораи молия, роҳбарони идораю муассисаҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон фикру дархостҳои худро барои баромадан аз вазъияти душвори молиявӣ ва беҳтар намудани имкониятҳои иқтисодӣ баён намуданд.

 

Атохон Ғаниев