Журналистикаи иқтисодӣ ин мубориза бо фақр аст!

1022
Маълум аст, ки журналистикаи замони шӯравӣ, ки журналистикаи тоҷик як ҷузъи он ба ҳисоб мерафт, аслан хислати идеологӣ дошт ва аз ин рӯ дар он масоили тарғиботиву сиёсӣ бештар авлавият дошт.

(Раҷаби Мирзо, “Муруре ба таърихи журналистикаи иқтисодӣ ва тамоилҳои рушди он дар Тоҷикистон”)

Маълум аст, ки журналистикаи замони шӯравӣ, ки журналистикаи тоҷик як ҷузъи он ба ҳисоб мерафт, аслан хислати идеологӣ дошт ва аз ин рӯ дар он масоили тарғиботиву сиёсӣ бештар авлавият дошт. Бо ин вуҷуд, мавзӯъҳои иқтисодӣ ҷойгоҳи ба худ хос доштанд. Масалан барои ҷумҳуриҳое мисли Тоҷикистон пас аз масоили сиёсӣ дар журналистикаи он замон бахши кишоварзии редаксияҳо мақоми дуюмро касб мекард.

Мавзӯъ аз он ҷиҳат ҳам ҷолиб аст, ки дар нашрияи №1 –и СССР, яъне “Правда” чандин солҳо роҳбариро иқтисодчиёни номдор ва ҳатто докторҳои улуми иқтисодӣ ба уҳда доштанд.

Ҳамчунин дар ҳама редаксияҳо шӯъбаҳои иқтисодӣ вуҷуд доштанд ва ҳамеша масоили муҳимро баррасӣ мекарданд. Баъзе нашрияву маҷаллаҳои илмӣ – оммавӣ низ фаъолият мекарданд, ки матолибашон барои доираҳои маҳдуди хонандагон нигаронида шуда буд.

Бо касби истиқлолият дар матбуот ва журналистикаи тоҷик мавзӯъ ва масъалаҳои сиёсӣ, худшиноси миллӣ ва масоили ҳамчунин боз ҳам ба мавқеи аввал баромаданд. Ҳарчанд дар матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма мавзӯъҳои нави рӯзмарра ба мисли иқтисоди бозаргонӣ, шаклҳои нави моликият, хусусигардонӣ ва дигарон пайгирӣ ва баррасӣ мешуданд. Зимнан, бояд иқрор шуд, ки ин масоил ҳарчанд барои хонандаву шунавандаву бинандаи тоҷик наву ҷолиб буданд, аммо аз ҷониби муаллифон онҳо бештар хусусияти таблиғотӣ доштанд ва танҳо барои хубу беҳтар будани нишон додани фаҳмишҳои нави иқтисодӣ назар ба низоми нақшавии иқтисодии шӯравӣ равона гардида буданд.

Дар ин баробар, маҳз дар ҳамон давра нашрияҳое пайдо шуда буданд, ки хати маши онҳо бештар ба масоили иқтисодӣ равона гардида буд. Аз ҷумла, аз 7 феврали соли 1992 “Навиди бозаргон” – нашрияи Иттиҳодияи кооператорон ва корчалонҳои Тоҷикистон ба нашр оғоз намуд, ки сармуҳаррираш журналист ва шахсияти шинохта Нур Табаров буд.

Дар ин баробар мешавад аз нашрияи “Меҳнат” ном бурд, ки нашрияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва сармуҳаррираш журналисти шинохта Искандар Мирзоев буд. Нашрия бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасид ва аз 5 январи соли 1991 номи “Оинаи зиндагӣ” –ро гирифт, ки дар он хеле аз журналистони саршинос мисли Суҳроби Зиё, Сайёфи Мизроб фаъолият доштанд.

Нашрияи “Тоҷикистон” –ро ҳам то ҷое гуфтан мумкин аст дар ибтидои таъсис хислати иқтисодӣ дошт. Ба ҳар сурат, аз ҷумлаи моликони онзамонааш Иттиҳоди муштариёни Тоҷикистон низ ба ҳисоб мерафт.

Нашрияи он замон машҳури “Ҳафтганҷ” ҳам, ки муассисаш ширкати машҳури он давр –“Хизмат” –и Сайфиддин Тӯраев буду сардабираш журналисти номдор Муҳибуллоҳи Қурбон ва муовинаш журналисти дигари маъруф – Салими Аюбзод интихоб шуда буд, низ бояд ба қатори нашрияҳои хислати иқтисодидошта ворид намуд. Зеро, ҳарчанд нашрия бо муҳтавои сиёсиву фарҳангиаш машҳур гардид, аммо дар шумораи аввали он зикр шуда буд, ки пайгирии масоили иқтисодӣ ва таблиғи муассисаш аз авлавиятҳои нашрия хоҳад буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаводиси пас аз он журналистикаи тоҷикро ба тамоил ва ҳолати дигар рӯ ба рӯ кард. Акнун ҳатто худи нашрияҳо, аз ҷумла матбуоти ҳукуматӣ бо душворӣ чоп мешуд. Албатта дар сафҳаҳои матбуоти он замон баррасии масоили иқтисодӣ ҷо доштанд, вале ё кам ба назар мерасиданд, ё муҳокимаи ин гуна масъалаҳоро ноҷо медонистанд.

Бо ин вуҷуд, аз 23 ноябри соли 1993 Иттиҳодияи истеҳсолии пахтатозакунии Кӯлоб нашрияи “Садои коргар” –ро нашр намуд, ки сардабираш А. Исломов буд ва дар ҳайати таҳририяаш Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва С. Каримов ёдоварӣ мешаванд.

Дертар, соли 1997 ширкати машҳури дигари он замон – “Самар” –и Самариддин Фазлиддинов ҳам нашрияи ҳамноми худро ба нашр мерасонд, ки сардабираш Сайёфи Мизроб буд. Аммо чопи он тӯл накашид…

Аз 1 уми декабри соли 2005 Ҳизби нав таъсисёфтаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон нашрияи “Иқтисод ва ҳаёт” –ро таъсис дод. Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки низ нав таъсис ёфта буд, нашрияи “Меҳргон” –ро фаъол кард.

Соли 2006 бошад журналист Зафар Абдуллоев нашрияи “Факты и комментарии» -ро таъсис дод, ки ҳамчун нашрияи амал (деловая издания) муаррифӣ мешуд. Вале нашри он ҳам тӯлонӣ набуд.

“Бизнес и политика”, ки собиқаи тӯлонии ҳузур дар бозори матбуотро дорад, низ чандон муваффақ нагардид. Аз ин хотир, агар имрӯз ба нашр мерасад, бештар ба бознашри матолиби нашрияву расонаҳои дигар ва он ҳам хориҷӣ машғул аст.

Бештар аз як соли ахир аст, ки Фаридун Усмонов маҷаллаеро бо номи “Иқтисодчӣ” нашр менамояд.

Ҳамин тавр, журналистикаи иқтисодӣ дар матбуоти Тоҷикистон таи 26 соли истиқлолият ҷойгоҳи муҳимро касб накард. Албатта ҳамоно “Азия плюс” як бастаи нашрияи худро бо номи “Бизнес и политика”, аз ҷумла ба масоили иқтисодӣ ихтисос додааст. Нашрияҳои дигар, мисоли “Тоҷикистон” ва “Фараж” ҳам сафҳаҳои хосро барои баррасии масоили иқтисодӣ ташкил кардаанд, вале гуфтан бисёр душвор аст, ки мавзӯъҳои иқтисодӣ пештози муҳтавои онҳо бошанд.

Шабакаҳои телевизиониву радиоӣ низ ҳарчанд барномаҳои махсуси иқтисодӣ доштанд, аммо гуфтан мумкин нест, ки аудиторияи калонро соҳиб буданд. Ба таври истисно мешавад аз барномаҳои “Паҳно” –и Зинатуллои Исмоилзода ва “Таҳқиқоти журналистӣ” –и Сафарзода дар Шабакаи аввал ва барномаи “ “ Шаҳло Акобирова дар “Сафина” мисол овард, ки то андозае зеҳниятсозӣ карда тавонистанд.

Бо ин вуҷуд, гуфтан мумкин нест, ки журналистикаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳади аққал мисли Русия аст, ки дар он даҳҳо нашрияву маҷаллаҳои хоси иқтисодӣ, назири “Эксперт”, “Деньги”, “Коммерсант”, “Профил” вуҷуд дорад ва шабакаи махсуси телевизионии РБК фаъол асту аудиторияи калонеро фаро мегирад.

Бешак сатҳи иҷтимоии ҳар давлат ба рушди иқтисодии он иртибот мегирад. Аз ин хотир, Воситаҳои ахбори омма ҳамчун як институти муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад аз баррасии масоили вобаста ба иқтисод сарфи назар намояд. Қобили зикр аст, ки журналистикаи иқтисодӣ дар мамолики пешрафта ба як пораи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар бархе адабиёти вобаста ба журналистикаи иқтисодӣ аз он ҳатто бо таъбири “мубориза бо фақр” ном бурдан низ бе аҳамият нест. Зеро дар асри зудтағйирёбандаи пешрафтҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, маҳз воситаҳои ахбори омма метавонанд ба мардум иттилооти тозаро саривақт расонанд, ба онҳо аз навгониҳои ҳаёти ҳаррӯза хабар диҳанд, дар шакл додани афкорашон саҳм гузоранду ҳамин тавр барои ба муваффақиятҳо ноил гардидан дар зиндагии шахсии худ ва фаъол гаштани шаҳрвандон дар рушди иҷтимоии кишварро ҳосил намоянд.

Тавре дар адабиёти марбут ба журналистикаи иқтисодӣ омадааст, “журналистикаи иқтисодӣ ин пеш аз ҳама ҷустуҷӯ, таҳлил ва пешниҳоди ахбори молиявию иқтисодӣ ба он гунаест, ки ин маълумот ба ҳар як шаҳрванд барои қабули қарори дуруст зимни ҳимояи манфиатҳои моддӣ кӯмак намояд. Танҳо мамлакатеро сарватманду қавӣ гуфтан имкон дорад, ки шаҳрвандонаш сарватманду қавӣ бошанд. Вале ин ба қатори вазифаҳои давлат дохил намешавад, ки ҳар шаҳрвандро дар алоҳидагӣ дорову сарватманд намояд. Одамон худашон бояд сатҳи зиндагиашонро муайян намоянд, даромаду хароҷоти худро ба нақша гиранд. Ба таври дигар, зиндагии иҷтимоии ҳар кас дар дасти худи ӯст”.

Яъне ҳукумат ва институтҳои давлатӣ танҳо барои рушди шароити иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон бо қарору қонунҳои муносиб бояд мусоидат намоянд. Дар ин ҳолат, бохабарии мардум ва аксуламали онҳо ба қарору тасмимҳои гирифташуда бисёр муҳим аст. Дар навбати худ, бохабарӣ ва иштироки мардум дар қабули қарорҳои ҳаёти иқтисодӣ, ҳатман аз сифати пешниҳодии ахбору маълумотҳо вобаста хоҳад буд.

Зимнан, мониторинги Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Шӯрои Воситаҳои ахбори омма сурат гирифт, нишон дод, ки тамоили таваҷҷуҳи масоили иқтисодӣ дар ВАО ру ба рушд аст. Хотиррасон мешавем, ки дар доираи мониторинги мазкур барномаҳои 17 расонаҳои кишвар, аз ҷумла 5 нашрия, чор радио, чор телевизион, чор сомона ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Омӯзиши матолиби иқтисодии ин ВАО-ҳо 5 моҳи аввали соли 2016 – аз моҳи январ то майро дарбар мегирад, ки муаррифии он дар нишастҳои махсус баррасӣ гардида буд.