Маъмулан сентябр барои иқтисоди Тоҷикистон “зиндатарин” моҳ аст.

748

Аниқтараш то 2 сол қабл чунин буд. Дар ин моҳ воридшавии пули муҳоҷирон, ки гардонандаи асосии иқтисоди кишвар аст, ба болотарин сатҳ расида, савдо дар бозорҳои кишварро ҳам ба ҷӯшу хурӯш меоранд, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ҳам боло меравад. Бозгашти густурдаи муҳоҷирони корӣ ба Ватан ҳам дар моҳи сентябр оғоз мешавад.

Албатта фаъолшавии харидории муҳоҷирон бештар дар моҳҳои октябру ноябр аст, чун аксари онҳо дар ҳамин моҳҳо ба ватан бармегарданд. Вале моҳи сентябр чанд хусусияти худро дорад, ки бо гузашти солҳо ба анъана табдил шудаанд. Яке аз ин хусусиятҳо якбора боло рафтани савдо дар бозорҳои сохтмон аст. Муҳоҷироне, ки нияти сохтмон доранд, дар ҳамин моҳ ё бармегарданд ва ё маблағҳои асосии коркардаашонро ба кишвар мефиристанд, то зимистон оғоз наёфта, ба сохтмон шурӯъ кунанд. Чун харидории маҳсулоти сохтмонӣ мисли харидории либосу маводи хӯрокӣ нест ва маблағи бузург мехоҳад, ин савдо ба ММД таъсири чашмрас дорад ва аз ин рӯ моҳи сентябрро ба “зиндатарин” моҳ табдил медиҳад.

Оғози бозгашти густардаи муҳоҷирони корӣ дар ин моҳ ва дар натиҷа ба гароншавии нархи билети ҳавопаймо ҳам ба болоравии нишондиҳандаҳои ММД таъсир дорад.

Дар ҳамин ҳол, оғози тирамоҳ бинобар афзоиши талабот ба тамоми амвол, нархҳо боло рафта, боиси афзоиши сатҳи таваррум мегардад.

Таъкид мекунем, ки он чӣ дар боло гуфта шуд, бештар барои сентябри то ду соли қабл дахл мекунад. Чанд омиле вуҷуд дорад, ки ин анъанаи солҳо шаклгирифтаро акнун ба ҳам мезанад:

1. Бо оғози бӯҳрон дар Русия ва камшавии ҷои корӣ барои муҳоҷирон, воридшавии пул аз ин кишвар ба Тоҷикистон на танҳо ба маротиб кам шудааст, балки шакли истифодаи пул аз тарафи муҳоҷиронро ҳам тағйир додааст. Агар қаблан маъмулан муҳоҷирон моҳҳои июн-июл барои баргардонидани қарзҳояшон, моҳи август барои харидории маҳсулоти зарурияти аввалия ва сар аз моҳи сентябр барои харидории мошину маҳсулоти сохтмон пул мефиристоданд, ду соли охир, бахусус имсол садҳо ҳазор муҳоҷир то ҳол ҷои кор наёфта ва қарзҳояшонро пардохт накардаанд.

            2. Қарори Бонки Миллӣ оиди пардохти пулҳои воридшаванда тавассути бонкҳо танҳо бо пули миллӣ ва он ҳам бо қурби поёнтар аз бозор, боис шудааст муҳоҷирони корӣ роҳҳои дигари интиқоли пулро истифода кунанд, ки дар натиҷа ба кори бонкҳо ва боварии мардум ба онҳо таъсири манфӣ расонидааст. Яъне дар ба маротиб кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон на танҳо бӯҳрон, балки он қарори машҳури Бонки Миллӣ ҳам саҳми “арзанда” дорад.

            3. Ҳиҷрати даҳҳо ҳазор оила ба Русия ва Аврупо дар ин авохир ҳам таъсири амиқе ба воридшавии пулҳо ба Тоҷикистон доранд. Мардони ин оилаҳо дигар ниёзе барои интиқоли пул ба ватанашон надоранд ва пулҳои коркардаашон барои иқтисоди кишварҳои будбошашон кор мекунад. Вазъи сиёсӣ ва фишори мақомоти андоз болои бизнес барои иҷро кардани нақшаи ҷамъоварии андоз боис шудааст ба мавҷи ҳиҷрати даҳҳо ҳазор оилаи муҳоҷири корӣ, ҳазорҳо оилаи соҳибкорон ҳам бипайванданд. Ин на танҳо ба фирори пул аз кишвар, балки ба содироту воридот ҳам таъсири мустақим расонидааст.

4. Монополия шудани ивази асъор сабаби пайдоиши бозори сиёҳ гаштааст, ки қурб дар он аз қурби бонкҳо фарқ мекунад. Ин ҳам боиси боло рафтани нархи ҳамаи маҳсулоти воридотӣ гашта, дар таваррум нақши муҳиме бозидааст.

5. Монополия шудани ивази асъор ва пардохти пулҳои интиқолии муҳоҷирон бо сомонӣ ва қурби пасттар боиси кӯчидани ивази асъор ба бозори сиёҳ гаштааст, ки аввалин зарбаи онро бонкҳо, сипас иқтисоди кишвар дар умум кайҳо эҳсос кардаанд. Ин тасмимҳои мақомот системаи бонкиву пулии кишварро ба ҳади ақалл понздаҳ соли пеш баргардонидаанд.

Ин омилу тасмимҳо боис шудаанд таварруми солона бо эътирофи Бонки Миллӣ аз 9 дарсад ҳам убур кунад. Ҳоло ин 9% то куҷо воқеъият дорад, ҳарфи дигар аст. Вале дар ҳоле, ки ин ҳама мушкилот дар иқтисоди кишвар вуҷуд дорад, даҳҳо корхонаи саноатӣ баста шудаанд, бизнес дар ҳоли фирор аст, Бонки Миллӣ афзоиши ММД-ро 7 дарсад нишон медиҳад, ки боварнокарданист. Танҳо ҳамин воқеъият, ки пул рӯз то рӯз ба бозори сиёҳ кӯчидан дорад ва фишори мақомоти андоз бештари истеҳсолкунандагонро маҷбур ба кам нишон додани истеҳсолоташон мекунад кофист, ки тахмин зада шавад ММД-и кишвар, агар рушд ҳам кардааст, аз сифр боло нест. ММД-ро намешавад бидуни ширкати давлат ҳисоб кард, бинобар ин сатҳи онро мешавад танҳо тахмин зад.

Абдуманнон Шералиев,
таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Бо вуҷуди ин мушкилҳо, аз ҳисоби қисмати даромаде, ки як қисми муҳоҷирони корӣ давоми тобистон ба даст овардаанду ба ватан ирсол хоҳанд кард, имкон дорад моҳи сентябр ММД рушди як-дударсадӣ дошта бошад.

Вале чун тирамоҳ замони пардохти қарзҳои хориҷисту давлат сахт ба асъори хориҷӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад, охири сол наздик шудаасту Кумитаи андоз бояд нақшаашро иҷро кунад, бонкҳо ва умуман иқтисоди кишвар дар ҳоли баде қарор доранд, чанд мушкили дигар метавонад пайдо шавад:

1. Пардохти моҳонаи кормандони соҳаи буҷавӣ ва нафақаҳо бо таъхири се-чормоҳа дучор шавад. Моҳи сентябр истисно нест.

2. Барои ҷалби пул аз бозори сиёҳ, давлат сар аз ин моҳ то охири сол қурби сомониро кам кам ба сатҳи бозори сиёҳ поин оварад, ки дар натиҷа имкон дорад то охири моҳи сентябр қурби 1 доллар ба 9,2-9,3 сомонӣ расида, то охири сол аз марзи 10 сомонӣ ҳам убур кунад.

3. Фишори мақомоти андоз болои бизнес боиси фирори бештари он шуда, нишондиҳандаҳои ММД-ро манфӣ гардонад.