ЧАРО “ХОМА” БА ОМӮЗИШИ МАСОИЛИ ИҚТИСОДӢ ВА БУҶЕТ ОҒОЗ НАМУД?

887

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, ки яке аз созмонҳои муваффақи журналистии Тоҷикистон аст, ҳарчанд аз соли 2009 ба масоили иқтисодӣ ва баррасии онҳо дар Воситаҳои ахбори омааи Тоҷикистон (ВАО) машғул аст, таи 1,5- 2 соли охир ин масоилро бештар мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Сабабҳои ба ин бахш таваҷҷуҳ намудани мо ба чанд омили воқеӣ иртибот мегирад:

  1. Ҳарчанд баъзе унсурҳои журналистикаи иқтисодӣ ҳанӯз дар ВАО –и замони шӯравӣ вуҷуд дошт, аммо бо сабаби аз ҳад идеологӣ будани журналистикаи он давра, журналистикаи иқтисодӣ ҳамеша зери сояи масоили сиёсиву идеологӣ мемонд;
  2. Дар замони истиқлолият ҳарчанд кӯшишҳои ташкил намудани нашрияҳои хос, сафҳаҳои ҷудогона дар матбуоти фаъол, барномаҳои махсуси радиоиву телевизионӣ ва ахиран сомонаву блогҳои иқтисодӣ вуҷуд доштанд, аммо масоил ва мавзӯъҳои иқтисодӣ дар ВАО ҳанӯз ҷойгоҳи арзишмандро соҳиб нагаштанд (масалан дар Русия чандин маҷаллаҳои ҳирфавӣ, нашрияҳои хоса ва ҳатто радиову ТВ –и хос вобаста ба иқтисод вуҷуд доранд)
  3. Ин дар ҳоле, ки воситаҳои анъанавии ахбори оммаи дунё дар якҷоягӣ бо расонаҳои электронии типпи нав акнун на танҳо ба пешниҳоди матолиби сифатноки иқтисодӣ авлавият медиҳанд, балки шеваҳои наву муосир, аз ҷумла журналистикаи чандрасонаӣ ва дата журналистикаро истифода менамоянд.

Дар ин ҳолат қафо мондани ВАО-и Тоҷикистон аз ин раванди фарогир, маънои дур нигаҳ доштани мардуми мамлакат аз моҳияти бардоштҳои феълиро дар дунёи акнун беканор ба бор меовард.

Зимнан, мониторинги ВАО-и Тоҷикистон, ки бо фармоиши ТҶ “Хома” аз ҷониби Шӯрои ВАО сурат гирифт, нишон дод, ки тамоили таваҷҷуҳи масоили иқтисодӣ дар ВАО акнун тамоили рӯ ба рушдро мегирад.

ИНФОГРАФИКА ОИД БА МАЪЛУМОТҲО ОИД БА МОНИТОРИНГ

(Дар доираи мониторинги мазкур барномаҳои 17 расонаҳои кишвар, аз ҷумла 5 нашрия – “Азия плюс”, “Тоҷикистон”, “Нигоҳ”, “Ҷумҳурият”, “МИнбари халқ”, чор радио – “Азия плюс”, “Имрӯз”, “Радиои тоҷик”, “Ватан”, чор телевизион – “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Мавҷи озод” (Восеъ), СМ -1 (Хуҷанд) , чор сомона – “Ховар”, “Тоҷнюс”, “Азия плюс”, “Озодагон” баррасӣ гаштанд. Омӯзиши матолиби иқтисодии ин ВАО-ҳо 5 моҳи аввали соли 2016 – аз моҳи январ то майро дар бар мегирифт ва муаррифиву баррасии и он дар нишастҳои махсус баррасӣ гардид.)

ТҶ “Хома” аз ибтидои соли 2016 омӯзишро аз рӯи модули “Дата журналистика” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” идома медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ аз рӯи ду модули асосӣ:1) “Чандрасонаӣ ва дониши иқтисодӣ” ва 2) “Дата журналистика” давом доранд.

МО ЧИРО ТАЪЛИМ ДОДЕМ?

– Мавзӯъҳои вобаста ба назорати молияи давлатӣ, василаҳои чандрасонаӣ ва визуализатсияи маълумот ҳангоми таҳияи матолиби иқтисодиву молиявӣ;

– Маълумот оид ба тарзи ташаккули буҷаи давлатӣ, вазифаи хазинадорӣ дар иҷрои буҷаи давлатӣ, ҳамбастагии буҷаи маҳаллӣ ва миллӣ;

-Тарзи ҷудо намудан, таҳлили маълумот аз ҳисоботҳои хароҷоти буҷетӣ ва кор бо нишондиҳандаҳои буҷавӣ дар барномаи Excel ;

– Маълумот дар бораи офшор, муайянсозии сатҳи фасод, методика ва воситаҳои назорати хароҷоти давлатӣ, харид, тақсимоти маблағу захираҳои буҷетӣ;

-Усулҳои визуаликунонии босифат ва дурусти масоили вобаста ба буҷа ва молияи давлатӣ бо воситаҳои гуногун, аз қабили OpenRefine, RAW, plot.ly, quadrigram.com, QGIS, Tableau, Adobe Illustrator ва ғайра;

– Барои ҷалби аудитория ба масоили буҷа ва молияи давлатӣ роҳҳои содда кардани масъалаҳои мушкилфаҳми иқтисодӣ тариқи инфографика, диаграммаҳо, харитаҳои интерактивӣ ва дигар воситаҳои дастраси дата журналистика;

– Дар доираи модули “Дата журналистика” баргузории 3 машғулияти омӯзишӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои “Муқаддима барои маълумоти дастрас ва визуализатсияи маълумот”, “Дата журналистика ва ҳисоботи буҷетӣ” ва “Визуализатсияи маълумот барои ҷалби шаҳрвандон”;

– Иштирокчиён ҳамчунин лоиҳаи буҷети соли 2017-ро омӯхта, бо нишондиҳандаҳои буҷетии солҳои қаблӣ муқоиса намуда, бо ёрии барномаи Excel донишу малакаи худро дар таҳрир, интихоб ва истифодаи маълумот вобаста ба нишондиҳандаҳои буҷетии соҳаҳои мухталиф сайқал доданд.

“ТАВОЗУН” ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ ИҚТИСОДӢ

ТҶ “Хома” ҳамчунин аввалин пресс –клуби вобаста ба журналистикаи иқтисодиро бо номи рамзии “Тавозун” баргузор намуд.

ИНФОГРАФИКАИ НИШАСТҲОИ ТАВОЗУН БО ТАЪРИХИ БАРГУЗОРӢ, ИШТИРОКДОРОН, МАВЗӮЪҲОИ БАРРАСИШАВАНДА

Ҳамзамон ширкаткунандагони барномаҳои таълимӣ дар муҳокимаҳои пилотии вобаста ба буҷети ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони дигар мақомоти давлатӣ сурат гирифт, иштирок доштанд.

АКСҲО ва ВИДЕО

Дар натиҷа, донишҳои андӯхтаи иштирокчиён бо корҳои амалӣ устувор гардида, дар охири омӯзиш онҳо матолиби мустақилона таҳиякардаашонро муаррифӣ намуданд.

ИНФОГРАФИКА ДАР БОРАИ ҶАРАЁНИ ОМОДАСОЗИИ МАТОЛИБ ВА МАТОЛИБИ НАШРКАРДАИ БАЧАҲО

( Аз ҷумла, ширкаткунандагон беш аз 100 матлаб таҳия намуданд, ки ҳудуди 80 -тои он дар ВАО-и гуногуни чопиву электронӣ ба нашр расиданд)

ШОГИРДОН ЧИРО АЗ ХУД КАРДАНД?

    Муштарак истифода намудани воситаҳои чандрасонаӣ, визуаликунонии маълумот, истифодаи маълумоти кушода ва масоили молиявӣ ба бачаҳо имкон медиҳад, ки бо истифодаи технологияҳои замонавӣ маълумоти ҳаҷман калонро ба шакли соддаву фаҳмои визуалӣ табдил диҳанд.

МО УМЕД ДОРЕМ, КИ:

Дар натиҷа, матолиби босифати иқтисодӣ дар ВАО бештар шуда, вазъияти пешниҳоди маълумот дар сомонаҳои давлатӣ ривоҷ ёфта, дата журналистика ва журналистикаи иқтисодӣ рушд меёбад, ки ба ин васила таъсир расонидан ба сатҳи дониши молиявии аҳолӣ осонтар хоҳад гашт.

Бо кушодани сомонаи махсус мо умед дорем, ки дар ҷараёни гирифтани маълумоти саривақтии шаҳрвандон ба ахбори муҳими идораи молияи давлатӣ, баррасии беғаразонаи маълумоти барои мардум бениҳоят арзишнок, тарзи пешниҳоди сифатноку касбӣ ва муосиру ҷолиб аз ҷониби журналистон, пешниҳод намудани тавсияву машваратҳои пазируфташудаи меъёрҳои журналистикаи иқтисодӣ ва кӯшишҳои ҷамъ намудани тамоми ахбору матолиби иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намоем.

Ҳамчунин аз хонандагони арҷманди сомонаи худ мо барои беҳтар гардидани сатҳу сифати матолиб ва сомонаи худ пешниҳодҳои арзишмандро интизор дорем.

Лоиҳа бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) дар Тоҷикистон ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон амалӣ мегардад.