Дар тамоми дунё бонкҳо барои он вуҷуд доранд, ки мушкилоти мардумро осон кунанд на ба онҳо мушкил пеш биоранд.Ба назар мерасад, ки бонкҳои Тоҷикистон яке паси дигар ба буҳрон мубтало мешаванд. Нахуст “Фононбонк”, баъдан “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва инак “Тоҷпромбонк” ба мушкилоти амиқи молӣ гирифтор шудаанд. Ҳарчанд ҳеҷ яке аз ин бонкҳо худро муфлис эълон накардааст, аммо коршиносон мегӯянд ин раванд дер давом карда наметавонад.