Аз 205 ҳазору 632 нафар нафақагирони дар вилояти Суғд мавҷуд буда, нафақаи 156 ҳазору 892 нафар ё худ 76,3% бозҳисобӣ шудааст. Яъне, ин гуруҳи нафақагироне маҳсуб мешаванд, ки шурӯъ аз оғози моҳи июли соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаашон то 30% боло рафт. Аз Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки то бозҳисобии моҳи июли соли 2016 талаботи моҳонаи нафақа дар ин вилоят тақрибан ба 45 млн.