Комилҷон Алимов, муаллими калони кафедраи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дастовард ва мушкилиҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо таҳқиқ карда, мегӯяд, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар бораи маблағгузории сарикасӣ ва иштироки ҳатмии онҳо дар муҳокимаи буҷети муассисаҳои таълимӣ ягон маълумот надошта, барои муҳокимаи буҷети муассисаи таълимӣ ягон бор даъват нашудаанд.
Алимов мегӯяд, зимни тадқиқот дар самти маблағгузории сарикасӣ ва истифодабарии маблағҳои буҷетӣ як чанд мушкилиҳоро, пайдо кардааст, ки метавонед дар инфографикаи зерин бубинед:
Бояд гуфт, ки бо мақсади амалӣ гардонидани талаботи Қонун «Дар бораи молияи давлатӣ» ва татбиқи Қарори Ҳукумат, аз 1 октябри соли 2007 №505 «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасӣ) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» аз 1 январи соли 2010 сар карда дар тамоми қаламрави кишвар маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба ғайр аз мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо) тибқи маблағгузории сарикасӣ амалӣ гашт.
Ба гуфтаи Алимов, маблағгузории сарикасӣ ин маблағгузорие, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як нафар таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад.
Ҳадафи асосии маблағгузории сарикасӣ таъмин намудани тақсимоти боадолат ва шаффофи маблағҳои буҷети давлатӣ байни ноҳияҳо ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии онҳо мебошад.
Дар инфографикаи мазкур метавонед шинос шавед, ки барои як хонанда аз ҳисоби буҷаи кишвар чӣ қадар маблағ ҷудо мешавад:
Камбудии дигаре, ки Алимов дар тадқиқиоти худ дарҷ кардааст, ин масъалаи бо ҷои нишаст таъмин намудани хонандагон мебошад. Ба гуфтаи ин муҳаққиқ дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Сино дар як синфхона ду ва ё се синф (гурӯҳ) рост меояд: “Масалан, 38 синфхона ва 80 синф (гурӯҳ) дар як муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошад”.
Норасоии ҷои нишасти хонандагон дар мактабҳои миёнаро мо қаблан ҳам гуфта будем, аз ҷумла дар яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ чунин ҳолатҳо ҷой доранд, ки ҳукумати шаҳру навоҳиро зарур аст, ки сари ин камбудӣ андеша кунанд. Бар асоси меъёр бояд дар як синфхона то 25 нафар хонанда таҳсил кунад.
Дар охири тадқиқоти худ Комилҷон Алимов барои беҳтар гардидани ҳолати мактабҳо пешниҳод кардааст, ки маблағҳои сарфашудаи муассисаи таълимӣ ба буҷети соли ояндаи мактабҳо гузаронида шаванд. Дигар пешниҳодҳои омӯзгорро дар инфографика бубинед: