Домой МАТОЛИБ Посухи вазири молия ба суолҳои фейсбукчиён

Посухи вазири молия ба суолҳои фейсбукчиён

1969

Чуноне қаблан дар саҳифаи фейсбукии “Ахбор барои Афкор” қабл аз нишасти хабарии Вазорати молия эълон карда будем, ки ҳар нафаре суол дорад ба вазири молия пешниҳод кунад. Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” тариқи мактуби расмӣ рӯйхати суолҳои истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”-ро ба вазири молия пешниҳод карда буд. Инак ҷавоб ба саволҳоро дастрас кардем ва манзури шумо мегардонем:

Саидхон Маҳмудов:

Савол: Дар даҳсолаи наздик ҳиссаи гаронии андозҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор то чанд фоиз паст карда мешавад?

Ҷавоб: Бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар доираи барномаҳои ислоҳотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул ва он аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шуд.

Бо қабули санади мазкур низоми андозбандии ҷумҳурӣ мукаммал ва номгӯи андозҳо то 50 фоиз, яъне аз 21 то 10 намуд кам ва андоз аз фурӯши чакана пурра ихтисор карда шуд.

Ҷиҳати такмили низоми маъмурикунонии андоз, аз ҷумла сарфаи вақт ва хароҷоти соҳибкорон шумораи эъломияҳо аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 40 фоиз, ҳисобҳои андозӣ то 60 фоиз ва шумораи ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ то 30 фоиз кам карда шуданд.

Ҳамзамон, тибқи муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси андоз меъёри андоз аз фоида барои фаъолияти истеҳсоли молҳо аз 15 фоиз то 13 фоиз ва барои дигар намуди фаъолият аз 25 фоиз то 23 фоиз, инчунин меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар сатҳи 50 фоиз кам карда шуд.

Илова бар ин, дар назди Вазорати молия гурӯҳи кории доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодеки андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода  шудааст, ки фаъолияти он ба гузаронидани ислоҳот дар самти мутобиқсозии қонунгузории андоз ба шароити имрӯзаи иқтисодӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии он ва баробар намудани меъёри андозбандӣ бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони тиҷоратӣ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешқадам равона карда шудааст.

Karol Lion:

Савол: Кай андозро то сатҳе паст менамоем, ки инвестерҳои хориҷӣ ва дохилӣ бе мушкилӣ дар ватанамон корхонаҳои бузург бунёд кунанд?

Ҷавоб: Муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба сармоягузорӣ, асосҳои ташкилӣ, молиявӣ, ҳуқуқию иқтисодии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқии сармоягузорон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт, ба танзим даровардааст.

Дар қонунгузории соҳаҳои андозу гумрук бо мақсади ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ва дар ин замина бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ имтиёзҳои назаррас муқаррар гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки то соли 2016 номгӯи имтиёзҳои барои соҳибкорону сармоягузорон пешбинишуда 61 ададро ташкил дода, дар соли 2017 ин нишондиҳанда ба 71 адад ва дар соли 2018 бо ворид гардидани таѓйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук ба 97 номгӯ баробар гардид.

Тадбирҳои мазкур амалан барои зиёд гардидани шумораи соҳибкорон аз 236 ҳазори соли 2012 то 315 ҳазор дар соли 2018, инчунин ҷалб гардидани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ба маблағи беш аз 6,0 млрд. доллари амрикоӣ дар ин давра мусоидат намуд.

Абдуалӣ Ваҳҳобов

 Савол: Оё андози гуногун барои соҳибкорон, агар хато накунам   17-18 намуд буд, кам карда мешавад? Агар не, чаро? Зеро ин рафтор соҳибкоронро водор мекунад, ки даромади худро рӯйпуш кунад, чунки миёншикан аст. Агар намуди андоз кам ва миёншикан набошад, ҳам сафи соҳибкорон  зиёд мешаваду ҳам буҷаи давлат ғанӣ мегардад. Барои ширкатҳои сохтумонӣ супоридани маблағ аз 165 то 220 сомонӣ сари ҳар як метри мураббаъ ин дӯздӣ дар рӯзи равшан аст. Оё нархи сохтумони гароншуда мардумро қашшоқтар намекунад?

Ҷавоб: Дар Кодекси андози амалкунанда то ба имрӯз 12 маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ муқаррар карда шуда, муқаррароти он боз ҳам сода, сабук ва шаффоф гардида, маъмурикунонии андоз низ беҳтар карда шудааст.

Бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав низоми андозбандии ҷумҳурӣ мукаммал ва номгӯи андозҳо то 50 фоиз, яъне аз 21 то 10 намуд кам ва андоз аз фурӯши чакана пурра ихтисор карда шуд.

Саидхон Маҳмудов

Савол: Даромади буҷети соли 2018 ба чанд фоизашро даромадҳои ғайр аз андозҳо ташкил мекунад?

Ҷавоб: Дар соли 2018 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин ба 100,3 фоизи нақшаи аниқшуда баробар мебошад. Воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 71,4 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2017-ум 3,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

 Дар сохтори даромади ҷории буҷети давлатӣ воридоти ғайриандозӣ дар соли 2018-ум 2,1 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин ба 12,3 фоизи даромади ҷории буҷет баробар мебошад.

Савол: Оё дар оянда ҳиссаи даромади буҷет аз дигар сарчашмаҳо чанд фоиз ба нақша гирифта шудаанд ва оё иловатан ҷаноби вазир кадом имкониятҳоро то охир истифоданашуда меҳисобанд?

Ҷавоб: Ҳамасола дурнамои даромади Буҷети давлатӣ дар асоси кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои  Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи молияи давлатӣ”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ аз рӯи сарчашмаҳои андозию ғайриандозӣ дар заминаи рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва манбаҳои воқеии захираҳои молиявӣ ташаккул меёбад. Дар соли 2019 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,6% ва беқурбшавии пули миллӣ 6,3% – ро ташкил медиҳад, ки ба афзоиш ёфтани нақшаи даромадҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки тибқи қонунгузории соҳаҳои андозу гумрук ба соҳаҳои иқтисодии кишвар имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ муқаррар гардидааст, ки барои васеъ гардидани манбаҳои андозбандӣ ва дар ин замина воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети мусоидат менамояд.

Раҷаби Мирзо

Савол: Сабабҳои сифатнок иҷро нагардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар чист: банақшагирии нодуруст, ё имтиёзҳои зиёди андозӣ?

Ҷавоб: Ҳамасола банақшагирии қисми даромади буҷети давлатӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки воридоти андозӣ ва ѓайриандозиро ба танзим медароранд, амалӣ гардида, аз рӯи тамоюли рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар солҳои охир, эҳтимолияти таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишварамон, аз ҷумла ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони асосии савдо ва дигар омилҳои ба иқтисодиёти кишвар таъсиррасонанда таҳия карда мешаванд.

Тӯли солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва дастгирии субъектҳои хоҷагидории самти соҳибкорӣ имтиёз ва сабукиҳои зиёд пешниҳод намудааст. Қайд намудан зарур аст, ки сабукиҳои пешниҳодшуда барои рушди бемайлони субъектҳои соҳибкорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, инчунин васеъ гардидани манбаҳои андозбандӣ мусоидат намуда истодааст.

Дар баробари ин, бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта,  ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ нисбати Федератсияи Россия,   таѓйирёбии фишангҳои бозори молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла ноустувории нархи ашёи хом, инчунин як қатор омилҳои дигари дохилӣ ба андозае таъсири манфии худро ба иқтисодиёти кишварамон мерасонанд.

Дар ин робита, дар соли 2018 сифатнокии даромади буҷет танҳо аз ҳисоби ду намуди андоз (андоз аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда) таъмин нагардид. Сабаби асосии иҷро нагардидани ин намуди андозҳо асосан афзоиш наёфтани манбаҳои андозбандӣ ва коҳиш ёфтани даромади умумии ширкатҳои мобилӣ ва ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Ҳамдам Ваҳҳобов:

            Савол: Оё қатъ намудани фаъолияти саррофон (валютчик) ба фоидаи буҷа буд ё на?» Агар ҳа, пас бо кадом далелҳо инро таҳлил карданд?

            Ҷавоб: Қайд менамоем, ки асъори хориҷӣ танҳо дар мавриди баланд гардидани қурби он нисбат ба пули миллии сомонӣ метавонад ба буҷет таъсир расонад.

            Ёдрас менамоем, ки новобаста аз он, ки фаъолияти инфиродии мубодилаи асъор маҳдуд гардида бошад ҳам амалиёти мазкур аз ҷониби Бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои қарзӣ ба таври муътадил иҷро гардида истодааст. Яъне маҳдудшавии фаъолияти инфиродии мубодилаи асъор бо мақсади танзими фаъолият ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ равона гардидааст.

            Раҷаби Мирзо:

            Савол: Чаро маълумот оид ба таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷет ба сомонаи Вазорати молия саривақт ва пурра ҷойгир карда намешаванд?

Ҷавоб: Яке аз принсипҳои асосии низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иникос гардидааст, ин шаффофияти буҷет мебошад. Шаффоф будани буҷетҳо маънои интишори ҳатмии буҷетҳои тасдиқшуда ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо дар воситаҳои ахбори омма, пурра пешниҳод намудани маълумот дар бораи рафти иҷрои буҷет, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин ошкоро будани раванди буҷетӣ барои ҷамъият ва воситаҳои ахбори оммаро дорад.

Дастрасии аҳолӣ ба иттилооти раванди буҷетӣ – шарти асосии баланд бардоштани шаффофияти он мебошад. Қобили қайд аст, ки Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар ташаббуси Шарикии байналмилалии буҷетӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри баланд бардоштани индекси шаффофияти буҷети давлатӣ, татбиқи стандартҳои пешқадами байналмилалӣ дар раванди буҷетӣ ва ташкили механизми ҷалби шаҳрвандон дар он корҳои зиёдро ба сомон расонида истодааст.

Айни замон Индекси шаффофияти буҷети давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун нишондиҳандаи муҳими арзёбии самаранокии иҷроиши ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи баҳодиҳии ташаббуси Шарикии байналмилалии буҷетӣ аз рӯи индекси шаффофияти буҷет Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015-ум 25 хол ва аз натиҷаи баҳодии соли 2017-ум 30 хол гирифтааст.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини шаффофият ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти раванди буҷетӣ тибқи фармоиши дахлдори Вазорат аз                    10 майи соли 2018, №139 Дастури методӣ оид ба таъмини шаффофият ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти раванди буҷетӣ ва рӯйхати маълумоти дар сомонаи интернетии Вазорати молия ҷойгиршаванда тасдиқ гардидааст.

Қобили қайд аст, ки айни ҳол тамоми маълумоти зарурӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурамалҳои дахлдор оид ба таҳияи буҷет, ҳисоботи семоҳа ва солона, инчунин дигар маълумот марбут ба таҳия ва иҷроиши буҷети давлатӣ дар сомонаи расмии Вазорати молия саривақт ҷойгир карда мешаванд.

Ҳамзамон, бо мақсади оммафаҳм гардонидани нишондиҳандаҳои буҷетӣ аз соли 2016 дар сомона шакли содакардашудаи буҷет (Буҷети шаҳрвандӣ) ҷойгир карда мешавад.

Низомиддин Комилов ва Раҷаб Мирзоев

Савол: Сабаб дар чист, ки маблаѓҳои субвенсионӣ пурра ба буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо намегардад? Оё ин ҳолат сабаби пайдо шудани қарздории музди меҳнат намегардад?    

Ҷавоб: Мутобиқи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз рӯи иҷроиши воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон қайд менамоем, ки мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба ҳама шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ бо як фоизи муайян ҷудо карда мешавад.

Дар баробари ин, бо мақсади пешгирии пайдоиши қарздорӣ аз рӯи музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Вазорати молия мунтазам мониторинг гузаронида шуда, ҳангоми муайян гардидани чунин ҳолатҳо дар доираи салоҳият ва ваколтҳои Вазорат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Сабурхон Амонуллоев

Савол: Чаро ба муассисаҳои буҷетӣ аз рӯи хароҷот барои истифодаи барқ маблаѓи хеле кам ҷудо карда мешавад, ба хусус ба маҳалҳо? Барои харидории адабиётҳои нав ба китобхонаҳои маҳал чаро маблаѓ ҷудо карда намешавад?

Ҷавоб: Ҳамасола тибқи дархостҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои пардохти қувваи барқ дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағ бо назардошти зиёдшавии тарофа ба нақша гирифта мешавад.

Дар робита ба ин бояд қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор” хизматрасониҳои коммуналӣ ҳамчун моддаи ҳимоятшаванда муқаррар гардида, маблағгузории он саривақт таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон, ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои муассисаҳои буҷетии соҳаи фарҳанг ва фаъолияти китобхонаҳои маҳаллӣ маблаѓҳои зарурӣ пешбинӣ гардида, маблағгузорӣ карда мешавад. Аз ҷумла, соли 2019 дар буҷетҳои маҳаллӣ барои фонди асосии китобхонаҳои маҳаллӣ  маблағи 564419 сомонӣ пешбинӣ карда  шудааст.

Саидхон Маҳмудов:

Савол: Маълумот оиди даромади буҷети соли 2018 аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо ва хароҷоти он.

Ҷавоб: Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018-ум 23,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин ба 100,3 фоизи нақшаи аниқшуда баробар мебошад. Воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 71,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

  Иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ бе назардошти грантҳо барои дастгирии буҷет дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағҳо 16,8 млрд. сомониро ташкил дод. Нишондаҳандаи мазкур нисбат ба нақшаи пешбинишуда 233,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Хароҷоти буҷети давлатӣ (аз рӯи маълумоти пешакӣ).

Дар соли 2018 хароҷоти буҷети давлатӣ дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қарзи беруна ва созмонҳои байнамилалӣ равона гардид.

Дар соли ҳисоботӣ ба соҳаҳои иқтисодии кишвар зиёда аз           24,1 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, ба соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ маблағи 1409,4 млн. сомонӣ, соҳаи маориф     3826,5 млн. сомонӣ, тандурустӣ 1551,5 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 3111,6 млн. сомонӣ ва фарҳангу варзиш 798,0 млн. сомонӣ, инчунин ба соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ 1165,7 млн. сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 6472,1 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 575,5 млн. сомонӣ, саноату сохтмон 170,2 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1300,2 млн. сомонӣ равона карда шудааст.

Анвар Савриддинов

 Савол: Барои чӣ музди меҳнати коргарони давлатӣ, алалхусус омӯзгорон ва нафақа дар вақташ дода намешавад, масалан музди меҳнат ё нафақаи моҳи декабр дар охири моҳи январ ё феврал дода мешавад?

Ҷавоб: Бояд қайд намуд, ки Вазорати молия ва сохторҳои он дар маҳал тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маблағҳои ба буҷет воридгардидаро пеш аз ҳама барои пардохти музди меҳнат равона менамояд ва пардохтҳои мазкур зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” хароҷоти музди меҳнат ва нафақа моддаи ҳимояшавандаи буҷет мансуб ёфта, маблағгузории он дар мадди аввал таъмин карда мешавад.

Инчунин, мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ташкили таъин ва пардохти нафақа ба уҳдаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, яъне Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, пардохти нафақа берун аз низоми хазинадорӣ ба роҳ монда шудааст.

Баҳром Шарипов

  Савол: Барои чӣ маош ва нафақаи мардумро ҳар сол индексатсия намекунанд?

 Ҷавоб: Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон      “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” сармояи шартии нафақавӣ ҳар сол на камтар аз як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян мегардад, индексатсия карда мешавад. Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 сентябри соли 2015, №588 “Дар бораи Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ” ба тавсиб расидааст, ки қарори мазкур тартиби индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ (бе назардошти иловапулию пардохтҳои иловагӣ) ва сармояи нафақавии шахсони суғурташударо муайян ва ба танзим медарорад.

Муродова Манзура ва Раҷаб Мирзо:

  Савол: Хуб мешуд, ки Вазир ҳамасола оид ба тақсимоти буҷет дар назди халқ ба воситаи ВАО баромад кунанд, ки ба кадом соҳа чанд сомонӣ ҷудо шудааст? (Оид ба шаффофияти буҷет).

Ҷавоб: Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Вазорати молия тамоми маълумоти заруриро оид ба таҳия ва иҷроиши Буҷети давлатиро дар муҳлатҳои муайяншуда дар сомонаи расмии Вазорат ҷойгир менамояд.

Ҳамчунин, ҳамасола Дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ»  роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронида, дар бораи фаъолияташон маълумот медиҳанд. Аз ҷумла, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати молия низ, дар як сол ду маротиба нишасти матбуотӣ баргузор карда шуда, дар он оид ба фаъолияти вазорат, иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, ислоҳоти соҳаи молия, инчунин вобаста ба дигар масъалаҳо марбут ба фаъолияти Вазорат маълумоти муфассалл пешниҳод мегардад.

Раҷаби Мирзо:

Савол: Таҷриба нишон медиҳад, ки буҷетикунонии барномавӣ яке аз шаклҳои нав ва пешрафтаи ҷаҳонии таҳияи буҷет мебошад, аммо дар Тоҷикистон ба таври таҷрибавӣ ҳанӯз номукаммал ба роҳ монда шудааст. Ин раванд кай мукаммал мегардад ва дар сатҳи буҷаҳои маҳаллӣ кай амалӣ мешавад?

Ҷавоб: Бо мақсади беҳтар намудани низоми банақшагирӣ ва иҷроиши Буҷети давлатӣ дар доираи иҷрои Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2009, №639 тасдиқ гардидааст, Вазорати молия буҷетикунонии барномавиро ба таври пилотӣ ҷорӣ намуд, ки ин механизм яке аз усулҳои пешқадами ҷаҳонии таҳияи буҷет ба ҳисоб рафта, мавриди пурра ҷорӣ намудани низоми мазкур имконият пайдо мегардад, ки натиҷанокӣ ва самаранокии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои муқарраргардида баҳогузорӣ карда шавад.

Дар соли 2017 Гурӯҳбандии барномавии буҷет бори аввал дар сатҳи буҷети ҷумҳуриявӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, комплекси сӯзишворӣ – энергетикӣ, кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор, нақлиёт ва коммуникатсия ҷорӣ карда шудааст. Бо дарназардошти таҷрибаи нав будани буҷетикунонӣ дар асоси барнома Гурӯҳбандии барномавӣ соли аввал танҳо дар соҳаҳои пилотӣ (таҷрибавӣ) ҷорӣ карда шуда, пас аз натиҷагирӣ он солҳои оянда пурра дар ҳамаи соҳаҳо ҷорӣ карда мешавад.

Айни ҳол, дар ин самт корҳо идома дошта, Нақшаи чорабиниҳои Вазорат оид ба ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ барои солҳои 2018 – 2020 тасдиқ гардидааст, ки он ба се марҳила: соли 2018 – марҳилаи пилотӣ, соли 2019 – марҳилаи фосилавӣ ва соли 2020 – марҳилаи ниҳоӣ тақсим карда шудааст.

Раҷаби Мирзо

Савол: Дар сатҳи буҷетҳои маҳаллӣ ислоҳоти буҷетӣ хеле суст ба роҳ монда шудааст. Масалан ҳанӯз ҳам бо СПГР, яъне барномаи миёнамуҳлати хароҷотҳо дар ин сатҳ татбиқ намегардад. Чаро?

Ҷавоб: Соли 2011 бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” протсеси банақшагирии миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ пайдо кард.

Дар ин робита, таҳияи Буҷети давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат ҳамасола дар асоси фармоиши дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамал оид ба таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марҳилаҳои 1 ва 2 ҷараёни банақшагирии буҷетро муайян менамояд, амалӣ карда мешавад. Дар доира ҳуҷҷатҳои мазкур буҷетҳои маҳаллӣ низ нишондиҳанҳадои худро, аз ҷумла аз рӯи  даромад ва хароҷот барои давраи миёнамуҳлат таҳия ва пешниҳод менамоянд.

Фирӯз Баротов

Савол: Барои ғизо дар беморхонаҳо чи қадар маблағ ҷудо мешавад? Чаро дар Тоҷикистон беморонро дар беморхонаҳо бо ғизо таъмин намекунанд?

 Ҷавоб: Ҳамасола ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор ба муассисаҳои бистарикунонии соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои муайянгардида, барои хариди маводҳои хӯрокворӣ маблағ равона мегарданд, аз ҷумла дар соли 2017 барои хариди маводҳои хӯрокворӣ маблағи 20523,8 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2018 тибқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи 21852,9 ҳазор сомонӣ.

Инчунин, барои истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тибқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ваколатдор мебошанд.

Азимхон Малахов

Савол: Ба буҷаи мактабҳо ба истилоҳ сарикасист. Пас чаро ба он дахолат кардаву амр мекунанд, январ ин тавру ноябр ун тавр маош пардохт шавад?

Ҷавоб: Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-октябри соли 2007, №505 “Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасӣ) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” ва “Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (соли 2010)” аз соли 2010-ум тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба шакли нави маблағгузорӣ, гузаронида шудаанд.

Буҷети муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи дастурамали зикршуда, бо истифода аз меъёрҳои ҳамасола тасдиқшуда барои як хонанда ва мактаб, инчунин коэффитсиентҳои махсус муайян карда мешаванд.

Ҳамзамон, тибқи дастурамали мазкур муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мустақилона буҷети худро мувофиқи Гурӯҳбандии даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим намуда, барои тасдиқ ба мақомоти маориф ва барои мувофиқа ба мақомоти молия пешниҳод менамояд.

Пардохти музди меҳнати кормандону омӯзгорон аз рӯи “Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф (соли 2017)” муайян шуда, тибқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти мактаб мутобиқи тақсимот ба семоҳаҳо тавассути Хазиндории марказии шаҳр ва ё ноҳия амалӣ карда мешавад.

Муҳиддин Хайриддинов: 

Савол: Молия ягон сабукие барои литсею гимназияҳои шахсӣ расонида метавонад, маблаѓи дониш дар онҳо хеле гарон аст, ҳатто аз маблаѓи динишгоҳҳо ҳам гарон аст. Ҳама мехоҳанд кӯдаконашон дар литсею гимназияҳои хуб таҳсил кунанд ё онҳо фақат барои кӯдакони сарватмандон сохта шудаанд?

Ҷавоб: Мақоми ваколатдор дар танзими нарх Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассиси муассиса нархи таҳсили муассисаҳои таълимии шахсӣ ва ҳуқуқиро муайян ва тасдиқ менамоянд.

 

Мижгона Ҳалимова