Домой МАТОЛИБ Шӯрои ветеранҳо: То 8-май ҳамагӣ 242 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаётанд (Инфографика)

Шӯрои ветеранҳо: То 8-май ҳамагӣ 242 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаётанд (Инфографика)

1038

Дар як соли ахир шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 345 ба 242 нафар расидааст. Рӯз то рӯз сафи ин қаҳрамонҳои Ватан кам шуда, мебояд дар бораи онҳо соатҳо гуфт. Зеро иштирокчиёни ҷанги мазкур намунаи баланди корнамоиву ҷасоратро нишон дода, барои миллат зери тиру туфанг ҷонфидоӣ кардаанд. Мо-хабарнигоронро зарур аст дар бораи 242 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар оила ё ноҳияаамон зиндагӣ мекунанд, ба нишони қадрдонӣ дар алоҳидагӣ нависем. Чунки шумораи ин нафарон ниҳоят кам мондаанду мебояд аз қаҳрамониҳояшон ёддовар шавем.
Вақте санаи 25-уми апрел ба Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат рафтам, он замон шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро 251 нафар гуфта буданд, имрӯз, 8-уми май, аллакай ин шумора ба 242 нафар расидааст.
Ҳамчунин қаблан маълумот дода буданд, ки калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 112-сол дорад, вале имрӯз, хабар доданд, ки калонсолтарини онҳо 96-сол дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо” аз он иборат аст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи ветеранҳо ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъият ва давлат шароити зарурӣ муҳайё гардад.
Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз инҳо иборатанд:
-танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки субъекти онҳо ветеранҳо мебошанд;
-ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ветеранҳо;
-дар ҷамъият устувор намудани муносибати боэҳтиромона нисбати ветеранҳо;
-тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон.
Ҳамчунин бар асоси моддаи 6-и Қонуни мазкур «кам кардани (озод будан аз) пардохти хизматрасонии коммуналӣ» — обтаъминкунӣ, обпартоӣ, кашонда бурдани партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо, таъминот бо газ, таъминот бо гармӣ ва қувваи барқ — дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасониҳои коммуналӣ;
-«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизмати алоқа» — пардох¬ти пули телефон, радио, ҳаққи истифодабарии антеннаи коллективӣ — дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасонии алоқа;
-«кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ — кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи масоҳати умумии манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ — дар ҳудуди меъёрҳои иҷтимоӣ.
Илова бар ин Моддаи 9-и Қонуни зерин, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон нисбати ветеранҳо
Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва шароити хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон бояд дар ҳаққи ветеранҳо ба аломати эътирофи хизматхои шоистаашон дар назди давлат ва ҷамъият ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, метавонанд дар бораи аз ҳисоби захираҳои худӣ дидани чораҳои иловагӣ нисбати ҳимояи иҷтимоии ветеранҳо, ки дар ин Қонун пешбинӣ нашудаанд, қарор қабул намоянд.
Соли равон аз анҷом ёфтани Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ 74-сол гузашт. Масъулини Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон мегӯянд, бо сабаби пиронсолӣ шумораи иштирокчиёни ҶБВ кам шуда истодааст.

Мижгона Ҳалимова