Домой МАТОЛИБ АНДОЗЕ, КИ СОКИНОН НАМЕДОНАНД…

АНДОЗЕ, КИ СОКИНОН НАМЕДОНАНД…

888

Фирӯза Муҳаммадова, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки аз андози объектҳои молу мулки ғайриманқул 800 сомонӣ қарздор шудааст, вале худаш аз он бехабар аст.

Фирӯза пас аз он дар ин бора хабардор мешавад, ки ба нозироти андози шаҳри Хуҷанд барои гирифтани як ҳуҷҷат меравад. Баъди ҳисоби дубора кормандони андоз қарзашро 500 сомонӣ арзёбӣ карданд.

Фирӯза мегӯяд, бо он вуҷуд, ки аз мафҳуми андози молу мулки ғайриманқул чизе намедонад, аммо бо шунидани он, ки қарзаш 300 сомонӣ камтар шудааст, бо хурсандӣ онро месупораду меравад.

Фирӯза Муҳаммадова ягона нафаре нест, ки дар бораи тартибу пардохт ва пена задании қарзи андозаш маълумоти кофӣ надорад. Мисли ӯ садҳо сокинони дигар Тоҷикистон тақрибан дар бораи ин намуди андоз чизе намедонанд. Гуфтаҳои болоро Собир Вазиров, сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ низ дар маҳфили “Тавозун” вобаста ба ислоҳотҳо дар низоми андозбандии ҶТ тасдиқ намуд.

“Тибқи моддаи 269-и Кодекси андози ҶТ, объектҳои ғайриманқул – биноҳо, иморатҳо ва молу мулки дигари ба замин мустаҳкам насбгардида, яъне объектҳое, ки ҷойивазкуниашон бе расонидани зарари моддӣ ба онҳо ғайриимкон аст, дониста мешавад ва тибқи моддаи 275 cупорандагони андоз аз объектҳои ғайриманқул соҳибони (истифодабарандагони) объектҳои ғайриманқул, ки объекти андозбандӣ мебошанд, ба шумор мераванд”

Бо вуҷуди он, ки шаҳрвандон дар бораи андози молу мулки ғайриманқул кам медонанд, вале ба иттилои масъулини Нозироти андози шаҳри Хуҷанд, қарзи сокинон аз ин намуди андоз сол ба сол  дар назди давлат кам шудааст. 

Дар як назарсанҷии интерентӣ ҳам бештари сокинони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба саволи он, ки оё дар бораи андоз аз объектҳои ғайриманқул маълумот доранд ё не қисми зиёдашон гуфтаанд ки оиди ин намуди андоз чизе намедонанд. 

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Раёсати андози вилояти Суғд то 01 январи соли 2018, агар андозаи пена аз миқдори қарзи умумии ҳар як андозсупоранда  0,8 % буд, аз якуми январи соли равон  фоизи пена ба 0,5% поён фароварда шудааст. 
Валаматшех МАҲМУДОВ корманди Раёсати андоз дар вилояти Суғд мегӯяд, Н а т и ҷ а и т а ҳ л и л и баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ нишон дод , ки дар ҳақиқат, объектҳои андозбандишаванда ва қитъаи замини шахсони воқеӣ пурра ба андозбандӣ ҷалб нашудаанд. Масалан, дар натиҷаи инвентаризатсияҳои гузаронидашуда 6515 адад хоҷагии шахсони воқеии ба қайд гирифтанашуда муайян гардид.

Тибқи иттилои ин манбаъ дар рафти азнавбаҳисобгирӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ дар давоми соли 2018 ба маблағи 12,3 млн. сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб гардида, 11,7 млн. сомонии он рӯёнида шудааст. Дар навбати худ маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ, дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба маблағи 10,4 млн. сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, баҳри баланд бардоштани дониши молиявӣ ва саводнокии андозсупорандагон, ҳамчунин барои огоҳ кардани мардум ва ҷалби онҳо ба супоридани андоз аз роҳҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи вохӯриҳо, паҳн намудани маълмумот дар шабакаи интернетӣ ва фиристодани СМС паёмҳо кор хоҳанд гирифт. 
Дар зери матлаб тартиби ҳисобу китоби анзозҳоро тариқи ҳисобкунаки сомонаи расмии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ овардем, ки шояд барои хонандагон муфид бошад…

Муаллиф: Хуршед Фозилов