Домой МАТОЛИБ Мансабдорони тоҷик ба туҳфа ниёз доранд?

Мансабдорони тоҷик ба туҳфа ниёз доранд?

905

Давоми соли 2019 аз ҷониби мансабдорон 32 ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаҷӯӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2018-8 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни нишаcти хабарӣ иброз дошт.

Қонунгузории кишвар дар бораи туҳфа махсусиятҳои худро дорад. Аммо аз рӯи бардоштҳои мардум нисбати мансабдорон баҳои дигар додан мумкин. Чун одамон онҳоро қишри дорову сарватманд меҳисобанд. Тибқи назарсанҷии мо дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мардум чунин баҳогузорӣ карданд:   

“Тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад”.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”     Моддаи 10

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як мансабдори давлатӣ хабар доданд, ки дар рӯзи зодрӯзаш аз кормандони худ соати тило ва телефони мобилии “Айфон” талаб кардааст: “Кормандони ин ниҳод ба мо муроҷиат карданд ва ин ҳолат тасдиқи худро ёфт”-гуфт як корманди ин ниҳод бидуни ибрози ном.

Ба гуфтаи манбаи мо дар аксар ҳолат пас аз шикояти кормандони ин ё он ниҳод, дубора аризаи худро бозмегиранд.

Пас суоле ба миён меояд, ки як корманди давлатӣ чӣ туҳфа гирифта метавонад, ки бар зидди қонун амал накунад?

Дар ҳамин ҳол масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар мегӯянд, аз нигоҳи дин ҳар нафаре, ки ба шахси мансабдор тӯҳфае медиҳад, ҳатман ки ҳадафе дорад ва дар чунин ҳолат ин тӯҳфа набуда, ришва ҳисоб мешавад.

Муслиҳиддин Хоҷамирзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар аз оятҳои Қуръонӣ далел оварда, мегӯяд, ин амал ҳаром буда, зарарҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дорад. Яъне вақте инсон аз роҳи ҳаром маблағе ба даст овард азму ирода ва саъю кушиш карданро аз даст медиҳад. Фасоди молӣ дар ҷомеа ришвахорӣ буда, хилофи ахлоқи ҳамида ва қонунҳо мебошад.

Бино ба раддабандии созмони Трансперенси интернешнл ва ё Шафофияти байналмилал, ки индекси пазириши ришваро дар 180 кишвари дунё чен мекунад, Тоҷикистонро соли қаблӣ дар мақоми 163-юм қарор дод.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бар муқобили коррупсия натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, балки дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. 

Танҳо дар ҳамдасти метавонем коррупсияро дар кишвар коҳиш диҳем!