Ҳар нафар талош мекунад дар сохтмони манзили истиқоматӣ аз хишти сурх (пухта) истифода намояд. Бар замми ин, аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯянд, хишти хом (лойин) расман ба сифати маҳсулоти сохтмонӣ эътироф нагардидааст, чунки устувор нест…
Баъди роҳ ёфтани техналогияи чинӣ ва соҳиб шудани қисме аз бозори истеҳсоли хишт аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвар андозаи хишт дар Тоҷикистон қариб тағйир ёфт. Агарчи он аз сафедхок, ки дар Тоҷикистон фаровон аст, омода мешавад, вале дар аксар корхонаҳои хиштпазӣ андозаи хишти сохтмонӣ аз 250 мм (дарозӣ) ба 240 мм ва баландии он аз 650 мм-и маъмӯлӣ ба 60 мм расид.
Ҳол онки андозаи хишт 250х120х65 мм бояд бошад ва ин меъёри ягона аст.
Зоҳиран тағйири андозаи 250х120х65 ба 240х120х60 барои як нафаре, ки сохтмончӣ нест, он қадар бузург наменамояд, вале дар асл барои харидор зиёни бузургест. Дар сурати бо баландии 2,7 м сохтани манзил бо андозаи маъмулӣ (250х120х65) 31 қатор хишт (бо иловаи маҳлули бетонӣ барои ҳар қатор 20 мм) лозим меояд.
Вале аз сабаби онки ҳоло дар аксар корхонаҳои хиштпазӣ хиштҳо бо баландии хишт 60 мм омода мегардад (5 мм камтар аз андозаи маъмулӣ) барои манзил бо баландии 2,7 метр на 31 қатор, балки 33 қатор хишт лозим мешавад. Бояд гуфт, хишт чакана (як дона хишт аз 55 дирам то 65 дирам) фурӯхта мешавад ва нафаре, ки сохтмон бунёд мекунад, ба ҷайбаш зиён мерасад. Инчунин усто барои ҳар хишти чидааш аз нафаре, ки манзил бунёд мекунад, маблағ мегирад.
Ба иттилои Аламхон Бойматзода, сардори шуъбаи саноати вазнини Агентии Тоҷикстандарт дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, стандартҳои байнидавлатӣ, стандартҳои байналмиллалӣ, стандарти ISO андозаи ҳар маҳсулот ва талабот нишон додааст. Бинобар ин, харидорон зимни харид ба талабот бояд таваҷҷуҳ намоянд.
“Андозаи хишти сохтмонӣ 250 мм (дарозӣ), 120 мм (паҳноӣ), 650 мм (баландӣ) аст. Агар 2 -3 мм зам шавад ё фарқ намояд, иҷозат аст. Баъзе техналогия аз аз Чин ворид шудааст, ки хиштро бо тӯли (дарозӣ) 240 мм истеҳсол мекунад, яъне як см кам.
Тибқи талаботи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ўҳдадор аст, ки ба истеъмолкунанда моле диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки сифат ва миқдори он ба шартнома мувофиқ бошад.
Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ), фурўшанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст барои мақсадҳое, ки чунин мол (кор, хизматрасонӣ) одатан истифода мешавад, ба истеъмолкунанда мол маълумот диҳад (корро иҷро намояд, хизмат расонад).
Агар фурўшанда (иҷрокунанда) ҳангоми бастани шартнома доир ба мақсадҳои мушаххаси харидории мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) аз ҷониби истеъмолкунанда огоҳ шуда бошад, фурўшанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки он мувофиқи ин мақсадҳо барои истифода коршоям бошад.
Ҳангоми фурўши мол аз рўи намуна ва ё тавсиф, фурўшанда ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда моли ба намуна ва ё тавсиф мувофиқро диҳад.
Агар бо стандарт нисбати сифати мол (кор, хизматрасонӣ) талаботи ҳатмӣ пешбинӣ шуда бошад, фурўшанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро супорад (коре, хизматеро ба ҷо оварад), ки он мувофиқи ин талабот бошад…
Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба истеъмолкунанда назар ба миқдори пешбининамудаи шартнома камтар мол супурда (кору хизматро ба ҷо оварда) бошад, пас фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ўҳдадор аст, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, зарари аз ин кашидаи истеъмолкунандаро пурра ҷуброн намояд.
Дар шартнома пешбинӣ намудани шартҳое, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро нисбат ба ҳуқуқҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ маҳдуд месозанд, манъ аст.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” меӯяд, хишт ба стандартҳои муқарраршуда мувофиқат накунад, поймолсозии ҳуқуқи истеъмолкунанда мешавад.
Муаллиф: С.Кабиров