Домой МАТОЛИБ Компютеркунонии мактабҳо хароҷоти дуюмдараҷа аст?

Компютеркунонии мактабҳо хароҷоти дуюмдараҷа аст?

474

Нокифоя иҷро шудани қисми даромади буҷети аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сабабт қафомонии барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ гардидааст.

Ин ҳуҷҷат, ки номи пуррааш “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” мебошад, тибқи муқаррароти расмӣ бояд аз сарчашмаҳои зерин маблағгузорӣ шавад: маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳа ҷудошаванда, сармоягузориҳои соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ.

Банақшагирии маблағгузории барнома ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шудааст.

Омил якто: набудани маблағ

Кормандони бахши молия нашудан ё хеле кам ва аҳёнан маблағгузорӣ шудани барномаи мазкурро ба иҷро нагардидани қисми даромади буҷет аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёт рабт медиҳанд. Аммо аҷиб он аст, ки мувофиқи таҳлилҳо қабл аз пайдо шудани ин вирус ду соли гузашта (2018-2019) ҳам иҷрои барнома чандон қаноатбахш набудааст.

Диловаршо Исозода, собиқ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2020 бо нигаронӣ аз таваҷҷуҳи сусти мақомотҳои марбута ба барномаи мавриди назар гуфт, ки он ҳамагӣ 30 дарсад иҷро шудааст.

“Маблағгузории барномаи мазкур ба дӯши мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст. Вақте ки барои иҷроиши он дар қисми хароҷоти буҷет маблағгузорӣ пешбинӣ намешавад, мо маҷбур мешавем, дигар сарчашмаҳоро ҷустуҷӯ кунем”, – илова кард ӯ.

Мушоҳидаю таҳлилҳои семоҳаи ин ҷониб дар 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтар дурустии иддаои болоро равшан кард.

– Аз сабаби иҷро нашудани қисми даромади буҷет имкони пардохти хароҷоти дуюмдарҷаро надорем, – мегӯяд Бадриддин Эмомализода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Хуросон.

Соли ҷорӣ аз сабаби пеш омадани буҳрони молиявӣ дар пайи паҳншавии бемории коронавирус аз ҳисоби маблағҳои моддаҳои дуюмдараҷае, ки ба соҳаи маориф дахл доранд, 2 миллиону 703 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Барои хариди таҳҷизот дар нацшаи хароҷотии муассисаҳои таълимӣ 736 ҳазору 934 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Мутаассифона, имкони ҷудо кардани ин маблағҳоро пайдо накардем. Соли 2019-ум 433 ҳазору 894 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки аз ин 390 ҳазору 505 сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Абдуқаҳҳор Улфатов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш низ иброз дошт, ки маҳз ба далели иҷро нашудани қисми даромади буҷет дар се соли охир, яъне аз оғози барнома то кунун ягон сомонӣ ҷудо карда натавонистанд.

Харидории компютер барои мактабҳоро аз ҳисоби буҷет ҳамасола ба нақша мегирем, – мегӯяд Абдулло Сафарзода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Панҷ. –Масалан, соли 2018-ум 190 ҳазору 915 сомонӣ пешбинӣ карда, 149 ҳазору 145 сомонӣ ҷудо намудем. Аммо соли 2019-ум 199 ҳазору 769  сомонӣ пешбинӣ ва ҳамагӣ 10 ҳазор сомонӣ ихтисос дода тавонистем. Имсол пардохти саривақтии музди меҳнат дар мадди аввал аст. Аз ин рӯ, фақат 10 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда, дар чоряки якуми сол онро харҷ кардем.

Абдулло Сафарзода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Панҷ

Дуруст аст, ки маблағгузории барнома бояд аз буҷети маҳаллӣ сурат бигирад, вале бо сабаби буҳрони пешомадаи иқтисодӣ аз қисми даромаду хароҷоти буҷети ноҳияи мо 1 миллиону 751 ҳазор сомонӣ бурида шуд. Бо вуҷуди ин, барои иҷрои қисми даромади буҷет муваффақ нашудем.

Давлат Гуреззода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун, бо таассуф гуфт, ки агар имсол нақшаҳояшон иҷро мешуданд, барои амалисозии барнома 475 ҳазору 172 сомонӣ ҷудо мекарданд.

– Нақшаи 10-моҳаи қисми даромади буҷети шаҳр имсол дар ҳаҷми 5 миллиону 10 ҳазор сомонӣ иҷро нагардид. Яъне иҷроиш 85 фисадро ташкил дод, – зикр кард Саидзода Салоҳиддин, сардори Раёсати молияи шаҳри Левакант. – Вақте ки қисми даромади буҷет иҷро намешавад, маблағгузории барномаҳо низ имконнопазир мегардад. Соли 2019 харидории компютерҳоро то 114 дарсадрасонидем, вале соли 2020 маълумаст, ки чӣ омилҳо пеш омаданд.

Дар ноҳияи Дӯстӣ низ ба мисли баъзе ноҳияҳо дар се соли амал кардани барнома баҳри татбиқи он ягон сомонӣ ҷудо карда натавонистаанд. Дар ин хусус Низом Абдурасулов, як корманди Раёсати молияи ноҳия иттилоъ дод.

Умед Мусофирзода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён, мушкили се сол боз маблағгузорӣ нашудани барномаи комютеркунонии мактабҳои ноҳияро чунин шарҳ дод: “Нақшаи қисми даромади буҷет иҷро нашуд. Дар давраи 11-моҳаи соли ҷорӣ 1,7 миллион сомонӣ қафомонӣ доштем. Ин яке аз омилҳо. Сабаби дигар, дар соли 2019 қарздории музди меҳнат дар ҳаҷми 2 миллион сомонӣ ба соли 2020 гузашт. Мо аввали сол қарзро пардохт кардем. Агар ин қарздорӣ намешуд, метавонистем, ки он барномаро маблағгузорӣ карда, 267 компютер бихарем”.

Умед Мусофирзода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён

Ба фарқ аз он шаҳру навоҳие, ки дар боло номбар кардем, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чуноне аз Раёсати молияи ноҳия хабар доданд, новобаста аз таъсироти буҳрони молиявӣ соли 2018 барои харидани компютер 350 ҳазор сомонӣ, соли 2019-ум 640 ҳазор сомонӣ ва имсол 150 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Таҷрибае, ки барои дигарон омӯхтанист.

Сарчашмаи дигар лозим?

Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, бар ин назар аст, ки баҳри ҳалли масъала бояд аз қувваи сармоягузорон, кумитаҳои падару модарон, шахсони саховатпеша ва дар мактабҳои типи нав аз ҳисобҳои махсус, ки бо ҷамъоварии пардохтҳои моҳонаю дигар таъсис ёфтаанд, истифода шавад.

“Бемории ҳамагири COVID-19 мушкили молӣ пеш овард. Аз ин хотир бо як қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи даромаду хароҷоти вилояти Хатлон 111,5 миллион сомонӣ кам карда шуд”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло 88 дарсади маблағҳои буҷет барои пардохти музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ равона карда мешаванд. Боқимонда (12%-и маблағҳо), бо иқтибос аз Б. Давлатзода, “ба чизе кифоя нест”.

Ба суоли “дар ҳоли бо мушкилӣ иҷро шудани нақшаи буҷет “тақдир”-и барномаҳо чӣ мешавад?”, ин шахси масъулбо суол посух дод: “Вақте ки шаҳр ё ноҳия дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ нақшаи даромадашро пур карда наметавонад, аз куҷо барои маблағгузории барнома маблағ ҷудо мекунад?”. Зимнан, боз ҳам ишора бар он кард, ки аз дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ истифода бурдан лозим. Зеро, ба қавли ӯ, бо вуҷуди кам кардани қисми даромади буҷетҳо аз ҳисоби моддаҳои дуюмдараҷа дар 11 моҳи соли ҷорӣдар нуҳ шаҳру ноҳия нақшаи қисми даромади буҷет иҷро нагардид.

Ба таъкиди масъулони Раёсати нозироти андози вилояти Хатлон,дар он шаҳру ноҳияҳо (Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ) нақшаи андоз бе назардошти фонди ҳифзи иҷтимоӣ таъмин нашуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 31 миллиону 264,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нашуд.

“Қарорро иҷро бояд кард!”

Вақте барномаҳо қабул мешаванд, оё сарчашмаҳои маблағгузориашон ба таври воқеӣ ба назар гирифта мешаванд? Бо ин суол мо ба Маҳмасаид Зуҳурзода, сардори Раёсати банақшагирӣ ва ояндабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муроҷиат кардем.

“Ҳангоми таҳрезии барномаҳои давлатӣ новобаста аз он, ки сарчашмаи маблағгузорӣ маълумаст ё не, мушкилоти ҷойдошта дар он барномаҳозикр мешавад. Баъдан, дар раванди кор вақте сармогузорон ё хайрхоҳон пайдо шуда, мехоҳанд, ки кумак кунанд, мо ба онҳо он объект ё мушкилотро пешниҳод мекунем”, – ҷавоб дод ӯ.

Тибқи таҳлилҳои ин раёсат, 93 дарсади қисми даромади буҷет барои пардохти музди меҳнат сарф мешавад. Ба замми ин, имсол ба хотири пешгирии вируси нав аз ҳисоби буҷети вилоят ва соҳаи тандурустӣ 17 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин як хароҷоти зарурӣ, аммо ғайриинтизор гуфта мешавад.

– Аммо сабабҳои солҳои пеш (солҳои 2018-2019 – С.Н.) иҷро нашудани барномаро бояд раёсати молияҳо донанд. Дидан лозим, ки чаро масалан, соли гузашта нақшаи даромади буҷет иҷро шудааст, лекин маблағгузорӣ нест, – мегӯяд М. Зуҳурзода. –Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба имзо расидааст ва онро бояд иҷро кард. Баъзан аз рӯйи зарурат ё ҳолатҳое ҳаст, ки барои як кори на онқадар муҳим маблағ ҷудо мешавад, аммо барои татбиқи барнома не. Ин як саҳлангории ҷиддист.

Агар кӯдаконро ояндаи худ медонем…

Ба тахмини Бобоназар Давлатзода, дар соли 2021 низ хароҷоти дуюмдараҷа манъ хоҳад шуд. Агар чунин аст, пас, масъулонро мебояд, ки фурсатро аз даст надода, барои пайдо кардани сарчашмаҳои устувори маблағгузории барномаи мавриди назар аз ҳоло кӯшиш ба харҷ бидиҳанд.

Дар олами муосир бидуни малакаи кор бо компютер ва технологияҳои компютерӣ касби мувофиқ ва ҳам сердаромад ёфтан осон нест. Ин паҳлуи масъаларо низ набояд фаромӯш кард.

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев

Манбаъ: https://www.asiaplustj.info/tj/

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.