Оё буҷаи Кӯлоб шаффоф аст: шаҳрвандон медонанд, ки андозҳояшон куҷо мешавад?

596

Яке аз манбаъҳои маблағгузорӣ ба ҳама самтҳои иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Кӯлоб ин маблағгузори аз ҳисоби буҷаи маҳаллии шаҳр мебошад. Буҷаи шаҳри Кӯлоб дотатсионӣ буда, ҳамасола аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ кумаки молиявӣ мегирад. Бо вуҷуди он, буҷаи маҳаллӣ манбаи асосии маблағгузории Барномаи Рушди иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр ба шумор меравад. Самаранокии истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ аз шаффоф будани он шаҳодат медиҳад.  Пайгирии ин мавзӯъ ба манфиати ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои тақвияти унсурҳои демократӣ мусоидат хоҳад кард. Зимнан, шаффофият дар бобати ҳама паҳлӯҳои буҷа эътимоди мардумро ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ меафзояд. Зеро ҳар шаҳрванд медонад, ки андози супурдааш чӣ гуна ва ба куҷо харҷ мешавад. Аз ҳама муҳимаш, агар шаффофияти буҷа таъмин гардад, сатҳи амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа кам мешавад.

Сарчашма: Раесати молияи шахри Кулоб.

Тавре маълум аст таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллии ҳар шаҳру ноҳия ба зиммаи Раёсатҳои молияи шаҳр ё ноҳияҳо вогузор шудааст. Дар вақти лоиҳаи таҳия ва тасдиқи  буҷа вакилони халқӣ ва намоядагони Раёсати  молия иштирок мекунанд. Ҷиҳати чӣ гуна сурат гирифтани ин марҳилаи амалишавии тасдиқи буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб котиби комиссия оид ба таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллӣ, вакили маҳаллии шаҳри   Кӯлоб – Лутфия Расулова таъкид намуд:

 

Расулова Лутфия – котиби коминссия оид ба таҳия ва тасдиқи буҷетӣ маҳалии шаҳри Кулоб
 

Манбаи асосии ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби даромадҳои андозии корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ ва даромадҳои аҳолӣ мебошад. Коршиносон яке аз сабабњои шаффоф будан буљети мањалиро ин иштироки шаҳрвандон дар муҳокимарони таҳия ва тасдиқи буҷет медонанд.

Муқими Муборак Рустамзода – таҳлилгар

Ҷиҳати то кадом дараҷа шаффоф будани буҷаи маҳаллии шаҳр дар байни аҳолӣ пурсишномае гузаронидем. Натиҷаҳои ин пурсишномаро дар тасвирбаёни зер мушоҳида кунед:

Сарчашма: Тадкикоти муаллиф дар асоси пурсишномахо
 

Лоиҳаи буҷаи маҳаллии шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб   бо назардошти манбаъҳои андозбандии ҳар ташкилоту муассисаҳо ва шахсони хуқуқиқию воқеъӣ, бидуни ба инобат гирифтани муҳокимаронии қисмати ҳиссаи камтари аҳолӣ аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қабул ё тасдиқ мешавад. Шаффофияти буҷа, муҳокимаронӣ таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб то куҷо воқеъият дорад?

Сарчашма: Тадкикоти муаллиф дар асоси пурсишномахо

Буҷае ки бо ширкати фаъолони ҷомеа таҳия мегардад, нисбатан мукаммалтар хоҳад буд ва аз ҳама  муҳим ҷиҳати пешгирӣ намудани хароҷоти беҳуда мусоидат намуда, барои самараноктар харҷ шудани маблағҳои буҷа кумак мерасонад.

Муаллиф: Низомиддин Комилов

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.