Ҷодаҳои маҳаллии вайрон дар Хатлон (чандрасонаӣ)

836

Аз 1 ҳазору 979 километр роҳҳои маҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон танҳо 25 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯянд. Соли 2018 барои таъмири роҳҳо аз буҷети шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 1 миллиону 911 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ба ҳар як километр ҳамагӣ 55 сомонӣ рост меояд.

Ҳимати андаки ноҳиядорон
Нокифоя будани маблағ ё дар баъзе маврид тамоман ҷудо нашудани он аз буҷети шаҳру ноҳияҳо сабаби асосии ба ҳолати ногувор расидани ҷодаҳо дониста мешавад.
Муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Набӣ Ёқубов иброз дошт, ки тибқи талаботи мавҷуда танҳо барои таъмири як километр сатҳи болоии роҳ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарур аст. Аз ин нуқтаи назар, бо он маблағе, ки аз буҷети шаҳру ноҳияҳо ҷудо мегардад, наметавон ҳолати роҳҳоро хубнигоҳ дошт.
Тавре ҷаноби Ёқубов зикрнамуд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 аз 2 декабри соли 2009, нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ бар зиммаи ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор карда шудааст. Соли сипаригардида аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, ки дар ҳудудаш 186,6 километр роҳҳои маҳаллӣ вуҷуд дорад, танҳо 10 тонна битум ҷудо гардидаасту халос. Ноҳияи Қубодиён, ки 144 километр роҳи маҳаллӣ дорад, 5 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Вахш барои беҳтар кардани ҳолати 169,4 километр роҳи маҳаллӣ андаке бештар аз 9 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Ба иттилои Шералӣ Ҳабибуллоев, сардори шуъбаи буҷети Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён, соли 2018 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ танҳо аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия 5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин мақсад дар лоиҳаи буҷети маҳаллӣ ҳеҷ харҷу хароҷоти бевосита ҷой дода нашуда буд. Масъулин сабаби ҷудо нагардидани маблағро дар иҷро нашудани қисми даромади буҷет арзёбӣ намуданд. Молияи Кубодиён

Пул фақат барои хаткашӣ расид?
Муқаддами Қурбон, сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён, зимни суҳбат бо мо гуфт: “Бо он маблағе, ки соли 2018 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо гардида буд, танҳо 2,7 километр роҳҳои маҳаллӣ хати уфуқӣ кашида шуду халос. Мутаассифона, маҳз барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо нашудааст”.
Ба гуфти сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант Хайрулло Ҳукматов, дар мувозинаи онҳо 111 километр роҳ қарор дорад, ки аз он 57 километрашро роҳҳои маҳаллӣ таҳкил медиҳад. Соли 2018 аз буҷети шаҳр ба хотири беҳтар кардани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо ин маблағ фақат қисме аз ҷодаҳои валангор таъмири ҷорӣ шудаанду бас.
Аз роҳҳои аҳамияти маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 80 дарсад вазъи ногувор доранд. Олим Тағоев, сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур, гуфт, ки барои нигоҳдории 182 километр роҳҳои маҳаллӣ аз буҷети ноҳия 22 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки агар онро тақсим намоем, дар як моҳ ба як километр роҳ 9 сомонӣ рост меояд. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳоло бинобар маблағгузории нокифоя вазъи роҳҳои маҳаллӣ бадтар шуда истодааст.

Соҳибкорон кӯмак карданд, аммо….
Аз суҳбат бо Нурмуҳаммад Қаҳҳоров, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён, маълум шуд, ки дар баробари ҷудо кардани 15 ҳазор сомонӣ аз буҷети мақомоти маҳаллӣ, соли сипаригардида аз ҳисоби соҳибкорон бо харҷи 915 ҳазор сомонӣ роҳҳои маҳаллӣ андаке таъмир гардиданд. Аммо то ҳанӯз роҳҳои таъмирталаб дар ноҳия зиёданд.
Ронандагон: “Умри кӯтоҳи роҳҳое, ки худамон таъмир мекунем”
Зокир Субҳонқулов, сокини деҳаи Хуррамдеҳи деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант, гуфт, ки аз сабаби вайрон будани роҳ барои рафтуомади 3 километр аз 5 то 10 сомонӣ масраф мекунем. Вайронии роҳ боиси баланд гаштани арзиши роҳкирои нақлиёти мусофиркашони минтақа гардидааст.
Дар баробари сокинон ронандагони воситаҳои нақлиётро низ вайронии роҳ сахт нигарон кардааст. Алӣ ном ронанда, ки моро то назди Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ роҳбаладӣ кард, иброз дошт, ки аз вайронии роҳҳо ронандагон сахт дилгир шудаанд. “Андози роҳ” гуфта аз мо маблағ мегиранд, аммо роҳҳоро таъмир намекунанд. Ҳатто роҳҳои маркази ноҳия низ ҳоли хароб доранд. Аз маблағи ночизе, ки аз ҳисоби мусофиркашонӣ ба даст меорем, қисми зиёдашро барои таъмири мошин сарф мекунем”, – бо таассуф зикр кард ронанда.
Фарух Ҷурахонов, ронандаи дигаре, ки дар самти Бохтар – Левакант ба мусофиркашонӣ машғул аст, зикр кард, ки вазъи роҳҳои маҳаллӣ ниҳоят нигаронкунандаанд. “Аз сабаби вайрон будани роҳҳо ронандагони нақлиёти таксӣ маҷбур мешаванд, ки мизоҷонро бо арзиши гарон ба ҷойи лозима бурда расонанд”, – афзуд вай.

Авдиои ронанда

Гуруҳи ронандагоне, ки дар хатсайри Бохтар – Вахш ба мусофиркашонӣ машғуланд, аз вайронии роҳҳои маҳаллӣ изҳори таассуф карданд. “Он таъмирҳои ҷорие, ки ҳамасола идораҳои роҳҳо анҷом медиҳанд, баъди гузаштани андак фурсат аз бесифатии худ зуд дарак медиҳанд. Ҳар сол мо – як гурӯҳ ронандагон худамон маблағ ҷамъ намуда, ҷойҳои вайрони роҳро таъмир мекунем. Аммо, афсӯс, он ҳам “умри дароз” намебинад”, – изҳор кард яке аз онҳо.

Гунаҳкор – қурби асъор?
Бобоназар Давлатов, иҷрокунандаи вазифаи муовини сардор, ҳамзамон, сардори Раёсати банақшагирии буҷети сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сабабҳои кам ҷудо шудани маблағ аз буҷетҳои шаҳру ноҳияҳоро то ҷое печида шарҳ дод. Ба гуфти ӯ, сари вақт иҷро нашудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва ҳамасола дар баробари асъори хориҷӣ поин шудани аз 7 то 10 фисади қурби асъори миллӣ аз сабабҳои асосӣ мебошад.

Бобоназар Давлатов Молияи вилоят

Техникаҳои фарсуда – мушкили дигари роҳсозон
Ба қавли мутахассисон, як омили харобии роҳҳои маҳаллӣ кам ҷудо шудан ё тамоман ихтисос наёфтани маблағ аз буҷетҳои шаҳру новоҳӣ бошад, сабаби дигар норасоии техникаи муосири роҳсозӣ аст. Зеро аксари онҳо, ки имрӯз дар мувозинаи идораҳои роҳ қарор доранд, аз даврони шӯравӣ мерос монда, фарсуда шудаанд.
Набӣ Ёқубов, муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, тасдиқ кард, ки ҳолати роҳҳо аз таъмин будани техникаҳои зарурӣ вакоршоямии онҳо сахт вобаста аст. “Мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки марҳила ба марҳила ҳамаи идораҳои нигоҳдории роҳҳоро ба техникаҳо таъмин намоем”, – гуфт ӯ бо ишора ба мавҷудияти ин мушкил дар ҳама шаҳру навоҳӣ.

 

Роҳҳои “бесоҳиб”
Масъалаи дигари ташвишовар ин мавҷудияти 2 ҳазору 878 километр роҳҳои ба қавле “бесоҳиб” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мебошад. Ба иттилои масъулин Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, барои таъмири ин роҳҳо ягон идораву муассиса умуман маблағ ҷудо намекунад.

Файзуллозода Насрулло, сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, зимни як мусоҳибае бо хабарнигори рӯзномаи “Фараж” (шумораи 12 аз 20.03.2019) гуфтааст, ки роҳҳои “бесоҳиб” аз ҳисоби деҳаҳои тӯли 27 соли охир бунёдгардида пайдошудаанд. “Роҳҳои ин деҳаҳои навбунёд ба мувозинаи касе гузаронида нашудаанд. Ҳамчунин, роҳҳое, ки қаблан дар мувозинаи колхозу совхозҳо буданд, баъди барҳамхӯрии онҳо муаллақ мондаанд”, – изова кардааст ин шахси масъул.

Манфиати ҷодаҳои ҳамвор
Коршонисон ба ин назаранд, ки рушди иқтисоду саноат, афзоиши интиқоли молу ашё, беҳтар шудани сатҳи зинадгии мардум аз ҳолати хуби роҳҳо вобастагии зиёд дорад. Ба гуфти онҳо, чун солҳои 2019 – 2021 расман солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, дар бархе ноҳияҳо интизор доранд, ки шояд дар доираи ин иқдом аз ҷумла мушкилоти роҳҳои маҳаллӣ ҳалли худро пайдо намояд. Аммо гуфта мешавад, ин иқдомҳо бештар аз ҳисоби соҳибкорону мансабдорон сурат мегиранд ва бисёрии вақт хислати фармоишӣ ва зоҳирӣ (косметикӣ) доранд. Аз ин хотир, гуфтан душвор аст, ки барои ҳалли комили мушкил мусоидат намоянд. “Пас беҳтар мебуд, мақомоти ҳукумат масъалаи мазкурро баррасӣ ва дар доираи меъёрҳои пазируфта анҷом диҳанд, агар мехоҳанд мушкил ҳалли ниҳоии худро пайдо намояд” мегӯянд онҳо.
Сулаймон Султонов,
Машраби Аловиддин