“ШПАРГАЛКА” барои онҳое, ки андози нақлиёт месупоранд!

2747
Некрӯз Бобоев, сокини пойтахт, ки тоза мошин харидорӣ кардааст, мегӯяд, дар асл пардохти андозҳоро фарқ карда наметавонад. Зеро ба гуфтаи ӯ соли гузашта сару садо дар мавриди барҳам додани андоз аз истифобарандагони роҳро шунида буд: “Вақте ба ман мегӯянд бояд андози мошинамро супорам, ростӣ намедонам, ки андози чиро супорам, яке мегӯяд, ки андози роҳро бояд супорам, дигаре мегӯяд андози мошинамро”.
 
Воқеан соли 2017 қарор буд, ки мутобиқи моддаи 252 Кодекси андоз, аз 1 январи соли 2018 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор карда шавад. Вале баъдан Меҳриниссо Ҷонмаҳмадова, муовини Вазири молияи Тоҷикистон эълон дошт, ки бо сабаби касри буҷа қарори мазкур бекор гардида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то соли 2020 тамдид хоҳад ёфт.
 
Некрӯз-қаҳрамони мо мегӯяд, намедонад барои чӣ, вале дар даст ду расиде дорад, ки ҳарду аз пардохти андози нақлиёт хабар медиҳанд. Мисли Некрӯз кам нестанд ҷавононе, ки андоз аз воситаи нақлиёт ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро фарқ карда наметавонанд.
 
Дар ҳамин ҳол Собир Вазиров, мутахассиси Кумитаи андоз мегӯяд, 90 фисади мардуми кишвар дар масъалаи андозу андозбандӣ огоҳӣ надоранд. Аз ин рӯ зарур донистем, ки барои соҳибони нақлиётҳо як дастурамале омода сохта бошем: 
 

Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт — чунин пардохти пулие мебошад, ки меъёри андоз мутобиқи намудҳои воситаҳои нақлиёт чудо карда шуда, ба ҳисоби як қувваи асп ба иқтидори муҳаррик ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Андоз ба буҷа бояд дар ҳамон мӯҳлатҳое пардохта шавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ муқаррар гардидаанд. Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт як намуди андози ҳатмӣ буда, пурра ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад.

Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳамчун шакли алоҳида ҳамаи корхонаҳои резидентӣ ва хориҷие, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба буҷет месупоранд.


ТАРТИБИ ҲИСОБ, ПАРДОХТ ВА ДУРНАМОИ АНДОЗ АЗ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ, автор: Mijgona Halimova

Масъулини Вазорати молия мегӯянд, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 450 ҳазор воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Маблағи андоз аз воситаҳои нақлиёт вобаста ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо алоқамандӣ дошта, дар ҳолати тағйир ёфтани он метавонад тағйир ёбад.

БАРОИ ШАҲРВАНДОН ТАРТИБИ ҲИСОБ КАРДАНИ ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ ХУДРО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:

Сараввал ба соҳибони воситаҳои нақлиёт зарур аст, ки аз сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон andoz.tj дидан карда, ба бахши ҳисобкунаки андоз ворид шуда, метавонанд андозҳои нақлиётии худро ҳисоб карда, пардохт кунанд.

Агар дар мисоли қаҳрамони мо Некрӯз Бобоев гирем, ӯ дорои воситаи нақлиёти мусофиркаш ГАЗЕЛ буда, 15 ҷойи нишаст дорад ва мувофиқи шиносномаи техникӣ иқтидори қувваи муҳаррик 110 (қувваи асп) нишон дода шудааст. Маблағи андоз аз воситаҳои нақлиёти Некрӯз дар соли 2018 маблағи 467,5 сомониро ташкил медиҳад.


тарзи хисоби андоз, автор: Mijgona Halimova

Намудҳои воситаҳои нақлиёте, ки андозбандӣ мешаванд:


маълумоти мошинхо, автор: Mijgona Halimova

БА ГУФТАИ ОЛИМХОН ИСМОИЛОВ, САРДОРИ РАЁСАТИ ДУРНАМО ВА ТАҲЛИЛИ ДАРОМАДҲОИ АНДОЗӢ ВА ҒАЙРИАНДОЗИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ТОҶИКИСТОН,
ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТЕ ҲАСТНАД, КИ ПУРРА АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ ОЗОДАНД:


озодкуни, автор: Mijgona Halimova

Мижгона Ҳалимова