“Кӯмаки башардӯстона” ё “кӯмаки ҳукумат”? Чаро аҳолӣ аз имтиёзҳои иҷтимоӣ огоҳ нест?

337

Уғулой Раҳматова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳафтае як маротиба ҳамроҳи духтараки маъюбаш назди мағозаи Анис” меояд. Инҷо ба умеди пайдо кардани афроди саховатпеша рӯзро шаб намуда, маблағи ба дастомадаро барои харидани доруворӣ ва уребча масраф мекунад.

– Нафақаи духтарчаам 108 сомонӣ ва аз ман 250 сомонӣ аст. Дар се ё шаш моҳ як  маротиба дар беморхона бистарӣ мешавем, зеро вазъи саломатии кӯдакам, ки 8 сол дорад, пайваста бад мешавад ва бисёр ба шӯъбаи эҳёи Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ мефароем,-нақл мекунад Уғулой. –Ҳамаи дорувориро худамон мехарем. Аз беморхона ба мо танҳо пахта, сузандору ва маҳлули спиртиро бепул дода буданд.

Ба ғайр аз пахта, сузандору ва маҳлули спиртӣ боз 71 навъи доруворӣ дар соли 2020 ба феҳристи Номгӯйи дорувориҳои зарурӣ барои кӯдакони то 3-сола ва маъюби модарзод ворид шуданд, ки дар мукоиса бо соли 2019 бетағйир боқӣ мондаанд. Ин номгӯйи доруворӣ дар беморхонаҳои маркази вилояти Суғд ба таври ройгон (бепул) бояд дастрас бошанд. 

Имрӯз 80 дарсади маблағҳои буҷети вилоятӣ, ки барои таъмини кӯдакони то 3-сола ва маъюби модарзод бо дорувории ройгон равона шудааст, маҳз ба Беморхонаи клиникавии вилоятии кӯдакона рост меояд. 20 дарсади маблағ ба шӯъбаи кӯдаконаи гӯшу гулӯву бинии Беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва шӯъбаи амрози чашми кудаконаи Маркази микроҷарроҳии чашми вилоятӣ баробар тақсимбандӣ мешаванд. 

Маблағҳои мазкур, ҳар моҳ ба микдори 5000 сомонӣ дар як моҳ, ҷамъ 60 000 сомонӣ дар як сол ба суратҳисоби ҶДММ “МИН” ҷиҳати хариди доруворӣ ирсол мегарданд. Дорувории зарурӣ аз феҳрасти “Номгӯйи дорувориҳо” тибқи дархости онҳо аз ҶДММ “МИН” дастрас ва ба амборхонаҳои беморхонаҳо қабул мешавад.Ба ҳар шӯъба тибқи дархости мудир дорувории зарурӣ ҷудо карда мешавад. Ҳар кадоми онҳо бояд дар таърихи беморӣ ва дар дафтари махсус қайд гардад. Аз тарафи волидони кӯдак шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи дафтарчаи маъюбии кӯдакон бояд пешниҳод карда шавад. 

Фуркат Ҷамолов, мудири шӯъбаи кӯдаконаи гӯшу гулӯву бинии БКВ мегӯяд, маблағи ҷудошуда барои шӯъба кифоя аст ва онҳо солҳои охир талаботи муроҷиаткунандаҳоро оид ба таъмини кӯдакон бо дорувории ройгон қонеъ мекунанд. 

-Бо назардошти он ки мо танҳо он доруҳоро мавриди дастрасии ройгон қарор додем, ки дар феҳраст оварда шудаанд. Сабаби дигар, кам шудани теъдоди муроҷиаткунандаҳо ба шӯъба мебошад.

-Тибқи ин феҳраст аксари беморони маркази мо низ бо дорувории ройгон таъмин мешаванд, -гуфт Раҳматҷон Абдуллоев, муовини сартабиби Маркази микроҷарроҳии чашми вилоятӣ.

Аммо намояндагони Беморхонаи клиникавии вилоятии кӯдакона нахостанд дар ин мавзӯъ бо мо суҳбат кунанд.

Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дар соли 2019, ҷиҳати иҷроиши қарори раиси вилоят “Дар бораи таъмини кӯдакони то 3-сола ва маъюби модарзод бо дорувориҳо” 5 371 кӯдаки то 3-сола ва 553 кӯдаки маъюб дар беморхонаҳои маркази вилоят бо дорувории ройгон таъмин шудаанд. Ин нишондиҳанда 2,8 дарсади кӯдакони то 3-сола ва 7,1 фоизи кӯдакони маъюбро дар вилоят ташкил медиҳад. Маблағи ҷудошуда ба ҳар сари кӯдаки бемор ба 27 сомониву 81 дирам рост меояд.

Инчунин дар заминаи ин қарор, қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ ба тавсиб расида, аз ҳисоби буҷети маҳалҳо низ маблағҳои муайян ҷудо шудаанд. Аз ҷумла,

Ҳарчанд тӯли се соли охир теъдоди кӯдакони имконияташон маҳдуд дар вилоят 2,9 дарсад боло рафтааст, аммо теъдоди кӯдакони то 3-сола 1,4 фоиз ва ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳалҳо дар соли 2020 нисбат ба соли 2018 — 10,9 фоиз коҳиш ёфтааст. 

Дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 коҳишёбӣ дар ноҳияҳои Деваштич (70%) ва Спитамен (8,2) ба назар мерасад. Зафаробод ягона ноҳия дар Суғд аст, ки барои таъмини доруворӣ барои кӯдакони то 3-сола ва маъюб маблағ ихтисос  намедиҳад.

Маблағи мазкур, ба шӯъбаҳои бемориҳои кудаконаи беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳӣ ё марказҳои саломатӣ ва сохторҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ равона шудааст.

Ҳаҷми маблағ ба ҳар сари кӯдаки бемор дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Ашту Айнӣ, нисбат ба дигар минтақаҳо бештар буда, 100 ва зиёда аз 150 сомонӣ дар як сол мебошад. Дар Куҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Панҷакент аз 2 то 7 сомонӣ дар як сол рост омада, аз ҳама нишондиҳандаи пасттарин дар вилоят ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти ин муассисаҳои тиббӣ дар доираи ин қарор қариб ба 10 000 кӯдаки то 3-сола ва маъюби модарзод дар  вилоят дорувории бепул дастрас намудаанд.

Ин кадом номгӯйи доруворӣ аст, то кадом андоза он зарурӣ ба ҳисоб меравад ва оё дастрасӣ ба он осон аст? Бо ин саволҳо бо 56 нафаре, ки кӯдаки имконияташ маҳдуд доранд, муроҷиат кардем.

Тибқи пурсиш, дар соли 2019 волидон чунин номгӯйи дорувориро ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ройгон гирифтаанд:

Аз беморхонаҳои маркази вилоят:

1.Супрастин  

2.дектаметазон,

3.витамин б1, 

4.ситраксиатсон 

5.глюкоза 

6.рингер,

7.панкреатин, 

8.натрий хлор, 

9.калтсий глюконат, 

10.аналгин 

11.димедрол, 

12.магнезия сулфат 

13.сузандориҳо  

14.ампитсилин 

15.финлепсин, 

16.Маҳлули спиртӣ

 Аз беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шахру навоҳӣ:

1.кортексин

2.глитсин 

3.паратсетам,

4.фенобарбитал, 

5.аминалон, 

6.азитромитситин, 

7.кавинтон, 

8.пардифен сироп 

10.фенибут 

11.пантогам, 

12.интеллан 

13.милгамма 

  1. энсефабол,  

15.регидрон,

  1. синк 
  2. витаминҳо

Бештари волидон гуфтанд, дастрасӣ ба номгӯйи доруи бепул осон набуд. Доруворӣ танҳо дар натиҷаи талош аз ҳуқуқи кӯдак ва муроҷиат ба раисони шаҳру навоҳӣ дар 1 ё 3 сол як маротиба ба даст омадааст.  

Ҳарчанд 40 дарсади пурсидашудаҳо аз мавҷудияти доруи ройгон изҳори бохабарӣ карданд, лекин на ҳамаи онҳо ба чунин имтиёз комёб шудаанд. Як дарсади онҳое, ки аз чунин имтиёз огоҳ набуданд, ду сол кабл аз ҷониби Маркази микроҷарроҳии чашми вилоят доруи ройгон дарёфт кардаанд.

Нафароне ки аз ин имтиёз боре бархурдор шудаанд, мегӯянд, маротибаи дуввум барои гирифтани дорувории ройгон талоши ҷиддӣ нахоҳанд кард. Сабабҳои пешовардаи онҳо аз ин қабил аст:

  1. Арзон будани арзиши дору;
  2. Ба дарди кӯдак дармон нашудани номгӯйи доруворӣ;
  3. Аз додани дорухати ройгон даст кашидани табиби оилавӣ
  4. Аз додани доруи ройгон даст кашидани дорухона (бо далели қарздории шаҳр ё ноҳия аз дорухона);
  5. Аз доруи ройгон маҳрум намудани кӯдак аз ҷониби беморхона (бо ин сабаб, ки бемор бо ҷойи хоби ройгон таъмин шудааст);
  6. Надонистани номгӯйи дорувориҳои ройгон аз ҷониби волидон;

Мутаассифона, имрӯз номгӯйи дорувориҳои ройгон ба ғайр аз муассисаҳои тиббӣ ба мардуми оддӣ дастрас нест.

Маълумот оид ба қарорҳо, ҷудо шудани маблағ аз буҷети вилоятӣ ва маҳаллӣ, хариди дорувории ройгон, дастрасии он ба кӯдаки бемор дар ягон манбаи кушод, аз ҷумла дар сомонаҳои расмии мақомотҳои ҳокимияти давлатии вилоят ва маҳалҳо вуҷуд надорад. Шояд ҳамин сабаб шуда бошад, ки имрӯз аҳолӣ имтиёзҳои иҷтимоие, ки тибқи Қонун барои кӯдакони имконияташон маҳдуд муайян шудаанд, “кӯмаки башардӯстона” унвон мекунанд.

Дар ҷодаи шаффофияти буҷет дар самти таъмини кудакони маъюб бо дорувории ройгон кишвари Русия намунаи ибрат аст. Ҳар нафар ба сомонаи расмии Думаи Русия ва шаҳру вилоятҳо ворид гашта, бевосита аз номгӯйи доруворӣ ва усули дастрасӣ ба он метавонанд бохабар гардад. Вазорати тандурустии Русия ҳар сол барои волидони дорои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мавҷудияти дорувориҳо ва макони дастрасӣ ба он варақаҳои иттилоотӣ нашр ва паҳн мекунад. Номгӯйи дорувориҳои харидашуда ва дастрасгардида дар сомонаҳои муассисаҳои тиббӣ ҳар моҳ интишор мешаванд.

Имрӯз қаҳрамони мо Уғулой Раҳматова низ ба умеди дорувории ройгон нест. Балки ҳамеша дуо мекунад, то ҳаҷми нафақа зиёд гардад.

Баҳри таъмини воқеии Қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода “Дар бораи таъмини кӯдакони то 3-сола ва маъюби модарзод бо дорувориҳо” Раёсати тандурустии вилоят ва сохторҳои онҳоро дар шахру навоҳӣ мебояд, пеш аз ҳама, шаффофияти онро таъмин намоянд. Аз ҷумла, қарорҳо оид ба ҷудо шудани маблағ, фармоишҳо ва дархостҳои муассисахои тиббӣ оид ба хариди доруворӣ, миқдор, арзиш ва шумораи беморон бо овардани ному насаби онҳо бояд тавассути воситаи ахбори оммаи маҳаллӣ ё сомонаҳои расмӣ пешниҳод гардад. Танҳо шаффофияти буҷет, новобаста аз норасоии маблағ, метавонад қабули қарорҳоро барои ҷомеа самаранок ва нишонрас намоянд.

Зебоҷон Қурбонова

Робия Розиқова

 

Манбаъ: https://tajpen.blogspot.com/

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.