Омӯзиши масоили молиявӣ ва воситаҳои чандрасонаӣ барои рӯзноманигорон

0
820

Ба як гуруҳ аз рӯзноманигорон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масоили молиявӣ ва воситаҳои чандрасонаӣ омӯзонида мешавад.

Ба гуфтаи масъулини ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи “Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” гузаронида шуда истодааст.

Дар асоси озмун ду гурӯҳи иштирокчиён интихоб шудаанд, ки феълан масоили молиявӣ ва воситаҳои чандрасонаиро  меомӯзанд. Омӯзиш марҳилавӣ буда, як сол идома меёбад ва аз ду даври асосӣ иборат аст: -«Чандрасонаӣ ва дониши молиявӣ» ва «Журналистикаи додаҳо». 

Даври аввали омӯзиш аз рӯи модули «Чандрасонаӣ ва дониши молиявӣ» аллакай ба охир мерасад. Тренинги хотимавии модули мазкур айни замон дар ТҶ “Хома” (25-29.04.16) мегузарад ва иштирокчиёни он бо омӯзиши вижагиҳои омода сохтану пешниҳод кардани мавзӯъҳои иқтисодию идораи молияи давлатӣ, буҷа, тарзи инъикоси визуалии  додаҳои мураккаби молиявӣ тариқи воситаҳои чандрасонӣ машғуланд. Давоми панҷ рӯз иштирокчиён дониши худро оид ба низоми буҷавӣ, банақшагирӣ ва пешгӯии даромадҳои буҷаи давлатӣ васеъ менамоянд. Ҳамзамон ҳар як иштирокчӣ буҷаи оилаи худро сохта, дефитсит ва профитсити онро муайян мекунад. Тавре тренерон таъкид мекунанд, маҳз донистани дахлу харҷи шахсӣ метавонад фаҳмиши ҷараёни молияи давлатиро барои кас осон кунад.

 Дар доираи ин омӯзиш иштирокчиён донишу малакаи худро низ оид ба танзими компютерӣ ва анъанавӣ сайқал медиҳанд. Ҳангоми сохтани маводи мустақилона аз имконятҳои барномаҳои омӯхтаашон, ба монанди GoogleDrive, инфографикаи  Infogr.am, Piktochart, Easel.lyва SoundCloud васеъ истифода мебаранд. Бо барномаҳои TimeLine ва Mеп–Инфографика шинос шуда, тарзи кор бо онҳоро меомӯзанд.

Ба телефонҳои мобилии иштирокчиён барномаҳои Bambuser, Ustream.tv ва Livestream васл карда мешавад, то бо маълумотҳо беҳтар кор кунанд ва имконияти инъикоси босифату саривақтии мавзӯъҳоро дошта бошанд.

Аз рӯи масъалаҳои иқтисодии дар тренинг баррасишуда барои иштирокчиён нишасти матбуотии таълимӣ баргузор мешавад, ки  барои қавӣ намудани мавзӯъҳои омӯхташуда ва ҳамзамон такмил додани малакаи сабти овозу видео, аксбардорӣ ва навиштани матн кӯмак мерасонад.

Источник: http://tojnews.org/