Home ВАО дар бораи мо Оғози лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»

Оғози лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»

0
900

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон ва Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Тоҷикистон ба амалӣ намудани лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» оғоз мекунад.

Барои иштирок дар тренинги аввалин дар мавзӯи «Чандрасонаӣ ва дониши молиявӣ» дар асоси озмун 15 нафар иштирокчиён аз ҷумлаи рӯзноманигорон, донишҷӯён, блоггерҳо, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилотњои давлатӣ ва ғайридавлатӣ таклиф шудаанд.

Омӯзиш марҳилавӣ дар давоми як сол ба роҳ монда мешавад ва аз ду даври асосӣ иборат аст: «Чандрасонаӣ ва дониши молиявӣ» ва «Журналистикаи додаҳо».

Дар доираи лоиҳаи мазкур, ки ба вусъат бахшидани нақши шаҳрвандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар мониторинги раванди буҷа равона шудааст, ба воситаи тренингҳо мутахассисон оид ба инъикоси молияи давлатӣ ва хизматрасонӣ омода мегарданд.

Иштирокчиён ҳамзамон масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва буҷавиро меомӯзанд. Омӯзиши коршиносон, ки оянда тавонанд хароҷоти давлатиро таҳлил намуда, бо шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва ВАО ҳамкории судмандро ба роҳ монанд, ба нақша гирифта шудааст.

Барои расидан ба ҳадаф иштирокчиёни лоиҳа барои инъикоси соддаи масъалаҳои мураккаби молиявию иқтисодӣ, воситаҳои чандрасонаӣ ва усулҳои визуалӣ намудани маълумотро меомӯзанд. Ин воситаҳо ба онҳо имкон медиханд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир оянда маълумоти ҳаҷман васеро ба шакли визуалӣ соддаву мафҳум гардонанд.

Ба ҳайси тренерон ба лоиҳа мутахассисони ватании тележурналистика, матбуот, чандрасонаӣ ва соҳаи молия, инчунин коршинос ва тренери ВАО аз Британияи Кабир ҷалб шудаанд.

Маълумотнома: ТҶ «Хома» барои баландшавии сатҳи касбии журналистон, васеъшавии дониши ҳуқуқии онҳо, идоракунии босамари ВАО ва дар маҷмӯъ ба рушди журналистика дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Вусъат бахшидан ба кори ВАО чопӣ ва электронӣ ҳадафи асосии ташкилот ба ҳисоб меравад. ТҶ «Хома» дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Источник: http://news.tj/