“Дар Тоҷикистон индикаторҳои воқеӣ баҳри ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд доранд”
Ин таъбир тезиси асосии муҳокимаи парлумоние гардид, ки рӯзи 15 декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон сурат гирифт. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баргузор шуд ва «Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ном дошт. Дар кори он муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар нишаст роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои марбутаи мамлакат, созмонҳои ғайридавлатӣ, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаббатшо Рӯзадор зимни суханронии худ дар бораи таърихи пайдоиши унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, 4 марҳалаи рушди он суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош меварзад дар ҷомеа шароите муҳайё созад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон воқеан амалӣ шаванд. Ҳар як аъзои он худро озод ҳис кунад, қобилият ва имкониятҳои воқеии ҷисмонӣ, интелектуаллиашро пурра истифода намояд.
– Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо тавонистем бо интихоби роҳи усулан нави пешрафти кишварамон, ки ба арзишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ такя мекунад, таҳкурсии асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Эътирофи силсилаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии изҳори ақида, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, иштироки бевоситаи мардум дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ барои амалӣ намудани талаботи ҷомеаи комилан нав роҳ кушод ва пайдоиши унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуд. Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа нақши арзанда доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ин муддат роҳнамои воқеии ҷомеаи шаҳрвандии кишвар будаанд, -зикр доштанд онҳо дар суханрониашон.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо дарназардошти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди бемайлони кишвар, баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи мамлакат дар минтақа ва ҷаҳон, рушди нерӯи инсонӣ, рақобатпазирии иқтисодии кишвар дар шароити имрӯза, гузариш аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ, мубориза бар зидди коррупсия ва такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум таҳия гардидааст. Гуфта шуд, ки стратегияи мазкур барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун нақшаи амалӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи он аз фаъолияти якҷоя ва самарабахши онҳо вобастагии зич доранд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам зимни суханронии худ мақому мартабаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон шарҳ дода, аз саҳми онҳо дар рушди кишвар сифат намуд. Изҳори умед карда шуд, ки дар ояндаи наздик масъалаи андозбандии созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва фарқ гузоштани онҳо аз доираҳои тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар суханрониҳои котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, раиси асотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов, директори иҷроияи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов ва паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, Шамсиддин Каримов аз таҷрибаи давлатҳои дигар ҳангоми истифода аз нерӯи ниҳодҳои ҷамъиятӣ мисолҳо оварда, таъкид намуд, ки “доираи ҳамкориҳои байни давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ васеъ аст. Азбаски равандҳои солҳои ахир дар қаринаи ҷаҳонгароии умумӣ шарту шароити низоми давлат ва давлатдориро ба таври қобили мулоҳиза тағйир додааст, давлатҳо дар умури идораи хеш дигар наметавонанд ба шеваи пешин ва бидуни кӯмаки сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолият кунанд: ин кӯмакро дар идораи давлат ва давлатдории солим метавонанд созмонҳои ғайриҳукуматӣ анҷом диҳанд”.
Баъдан ӯ дар бораи буҳрони шадиди иқтисодӣ ва таъсири он ба фаъолияти ин ниҳодҳо ва дастгирии молиявӣ наёфтани ин ниҳодҳо аз ҷониби олами тиҷорат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ибрози нигаронӣ намуд.
Дар суханрониҳои вакилони парлумон ҳам қайд гардид, ки шумораи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз 300 адади соли 1997 то ба 3000 адад дар соли 2015 зиёд шудаанд. Новобаста аз ин, то ҳанӯз дар кишвар низоми ягона ва самарабахши ташаккул ва тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷуд набуда, худи ин ниҳод ҳам аз ҷиҳати амудӣ ва ҳам уфуқӣ пароканда буда, фаъолияти он пурра эҳсос намегардад. Барои таъмини фаъолияти самарабахши онҳо дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа суннату ғановати фарҳангӣ, аз қабили боварӣ нисбати он, ҳамраъйӣ нисбати сохторҳои худи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти иҷтимоии онҳо то қадри зарурӣ на танҳо аз ҷониби сохторҳои марбутаи давлатӣ, инчунин аз ҷониби ҷомеа низ ба эътибор гирифта намешавад. Бар замми ин то ҳанӯз классификатсияи дақиқи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рақами аниқи саҳмгузориашон дар ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат вуҷуд надорад. Аз ҳама муҳимаш, то имрӯз мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар шуури сиёсии қишрҳои мухталифи ҷомеа мақоми зарурӣ пайдо накардааст.
Зимнан, пешниҳод гардид, ки барои ҳалли масоили ҷойдошта таҷрибаи кишварҳои гуногун омӯхта шуда, роҳи ҳалли муваффақона пайдо гардад.
Шаҳло Акобирова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ва раиси навинтихоби Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон, ки низ дар ин муҳокимаҳо ширкат дошт, ҳангоми суханронии худ ба чор нуктае ишора намуд, ки метавонад барои ҳамкории бештари институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат имкони воқеӣ фароҳам оранд:
– Таври маълум, айни замон Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз нигоҳи молиявӣ рӯзҳои душвореро паси сар мекунанд. Чандин расонаҳо бо ин иллат аз фаъолият бозмонданд. Қатъи фаъолияти онҳо бояд мояи нигаронии тамоми ҷомеа, аз ҷумла мақомоти давлат гардад. Зеро журналистон ва ВАО барои қавӣ гаштани чандандешӣ, ба вуҷуд овардани ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ ва шаффофияти институтҳои давлатӣ мусоидат намоянд. Аз ин хотир, фикр мекунам додани имтиёзҳои андозӣ ва дастгирии молиявӣ аз ҷониби ҳукумат ба манфиати ҳамагон хоҳад буд.
Боиси хурсандӣ аст, ки чанд вақти охир муҳокимаҳои парлумонӣ дар мавзӯъҳои ҳаётан муҳим дар Маҷлиси намояндагон сурат мегиранд. Фикр мекунам, хоса ҳангоми муҳокимаи буҷаи давлатӣ истифода аз ин иқдом дар кори шаффофияти фаъолият ва бедор кардани эҳсоси ватандӯстонаи мардум нақш хоҳад бозид.
Ҳамчунин, ба андешаи ман пурзӯр кардани нақши назоратии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми баррасии фаъолияти сохторҳои давлатӣ бисёр муҳим хоҳад буд.
Албатта иқдоми бисёр хуб пайдо шудани Фармони Президенти Тоҷикистон таҳтирақами 622 ва баргузории нишастҳои матбуотии мақомоти давлатист, ки ҳадафашон ба шаффофияти бештари ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудааст. Чунин таҷриба дар ҳақиқат дар кишварҳои дигари наздик ба мо вуҷуд надорад. Зимнан, ман пешниҳод мекардам, ки дар баробари журналистон ва намояндагони ВАО дар ин чорабиниҳо ҳамчунин намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки ба ин ё он вазорату идора фаъолияташон наздик аст, ҷалб карда шаванд. Зеро ба назар мерасад дар бархе ҳолатҳо созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар бахши мушаххас фаъолият доранд, маълумоти бештарро соҳибанд ва аз тариқи пешниҳоди саволҳои дақиқ дар шаффофияти сохторҳои давлат нақши бештар гузоранд, – гуфт Шаҳло Акобирова.
Дар охир, иштирокчиёни муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баъди саволу ҷавобҳо ва музокираҳо тавсияҳои парлумониро қабул намуданд.