Home АХБОР Омӯзиши тамоюлҳои нави журналистика дар ТҶ “Хома”

Омӯзиши тамоюлҳои нави журналистика дар ТҶ “Хома”

0
1119

Машғулиятҳои чоррӯзаи Мактаби журналистии ТҶ “Хома” таҳти унвони “Омӯзиши тамоюлҳои нави журналистика барои фаъолони мактабҳои минтақавии журналистии “Хома”” имрӯз 27 август шурӯъ гардид.

Дар ин машғулиятҳо 21 нафар фаъолон аз 6 мактаби журналистии “Хома” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт ва Хуҷанд ширкат меварзанд.

Ин даври ниҳоии машғулиятҳои мост, ки онро соле пеш тариқи дарсҳои амаливу назарии даҳрӯза дар минтақаҳои гуногун оғоз намудем ва моҳи июл анҷом додем. Ҳамаи беш аз 80 нафар, ки дар машғулиятҳо ширкат доштанд, дар ин муддат бо асосҳои журналистика ошноӣ пайдо намуданд.

Ҳамчунин ба онҳо тамоилҳои нави журналистӣ ба таври умумӣ омӯзонида шуд, ҳар кадом блогҳои худро кушоданд ва дар он матолиб гузоштанд. Дар даври ниҳоии машғулиятҳо маҳз онҳое аз ҳар минтақа интихоб шудаанд, ки аз худ фаъолмандии бештар нишон додаанд, бархӯрди касбиашон амиқтар буд, дар гуруҳҳои бознамудаи мо дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Вайбер назар ба дигарон фаъолтар буданд. Акнун дар даври ниҳоӣ устодон   ба шумо афзор ва василаҳои нав дар журналистикаи муосир, мавқеву мақом ва рисолати далелсанҷӣ (фактчекинг) ва истифодаи амалии онҳоро хоҳанд омӯзонд, – гуфт зимни муаррифии машғулиятҳо Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома”.

Интизор меравад устодон Изатманд Саломов, Зеваршоҳи Муҳаммад, Худоёр Бархонов, Ранжет Ятимов, Асомиддин Атоев ва Раҷаб Мирзо ба шогирдон на танҳо дар мавриди тамоилҳои нави журналистӣ маълумоти назариявӣ медиҳанд,  балки дар ин самт ҳар мактаби журналистии минтақавӣ бо кӯмаки устодон намунаи матлабҳоро омода намоянд. Рӯзи охири машғулиятҳо бо иштироки муассисон ва роҳбарони Воситаҳои ахбори оммаи пешбари мамлакат муаррифии ин матлабҳо баргузор мешавад. Ин муаррифӣ барои соҳибрасонаҳо имконияти хубе барои шинохти номҳои нав дар журналистикаи тоҷик ва заминаи ҳамкориҳо хоҳад гашт.