12 љавони фаъол аз се минтаќаи Тољикистон – Бадахшон, Зарафшон ва нохияи тобеи марказ дар тренинг оид ба «Асосхои кор бо сомонаи интернетї ва омода намудани маводи чандрасонаї» иштирок карданд.
Омўзишро Ташкилоти љамъиятии «Хома» бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалї (USAID),
ташкилоти GlobalCivilSocietyStrengthening ва созмони CounterpartInternational гузаронид.
Давоми 3 руз иштирокчиёни тренинг асосхои корро дар сомонахо аз худ карда, малакаи навиштани матни интернетї, сохтани маводи чандрасонаиро пайдо намуда, тарзи љой додани маводро дар сомона ёд гирифтанд.
Ба иштирокчиён маълумот дар бораи Интернет њамчун фазои љустуљў ва дастрасї ба иттилоъ, оид ба шањрвандон њамчун истифодабарандагон ва истењсолкунандагони иттилоот дар асри иттилоотї маълумот дода шуд. Инчунин љавонон имкон пайдо карданд, ки сохти хабари интернетиро омўзанд ва бо барномањо барои сохтани сомона ва блог дар Интернет муфассал ошно шаванд. Иштирокчиёни омўзиш њамчунин дар наворбардорї машќ карда, бо талаботњои банаворгирии мусоњиба шинос шудан.
Маќсади тренинг аз сохтани сомона барои ташкилотњои љамиъиятии «Маърифатнокї» ( http://www.marifatnoki.tj/) ва «Хирад» ( http://www.khirad.org/) иборат буд ва њамзамон љоннок кардани сомонаи ТЉ «Занони Шарќ» (Панљакент) мебошад. Иштирокчиёни тренинг љавонони фаъоли ин минтаќањо буданд ва аз љониби ташкилотњои номбаршуда ба барномаи «Ҷавонони пешсаф» љалб шудаанд.Омўзиш дар доираи мањз њамин барнома амалї гардид.
Барномаи «Љавонони пешсаф» дар самти инкишофи њамаљонибаи насли наврас ва иштироки фаъолонаи онхо дар ҳаёти ҷамъиятӣсањмгузор аст. Дар доираи барномаи мазкур се ташкилоти љамъиятї чавононро ба корњои муфид ва омўзиш љалб намудаанд. Онњо дар љамъомадњои бахшида ба мубориза бо коррупсия, пешгирии ВИЧ\СПИД ва дигар масъалањои мубрами љомеа фаъолона иштирок мекунанд.
Оянда иштирокчиёни тренинг барои љоннок гардонидани кори сомонањои ташкилотњои номбурда мавод месозанд ва инчунин мубодилаи хабарњоро дар миёни сомонањои ташкилотхо ба роњ мемонанд