Ба дуюмин озмуни грантӣ оид ба беҳтарин ролики иҷтимоӣ бахшида ба баландбардории дониши молиявии аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ шав!

0
917

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории  Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон дуюм озмуни грантиро барои беҳтарин  ролики иҷтимоӣ оид ба баландбардории дониши молиявии аҳолӣ эълон мекунад.

Дар озмуни грантӣ коргардонҳо, журналистон, студияҳои истеҳсолии мамлакат  ва онҳое, ки дар сохтани роликҳои иҷтимоӣ таҷриба доранд, метавонанд иштирок кунанд.

Бюджети истеҳсоли ролик:

– барои ролик бо графикаи интерактивӣ на зиёда аз 2 200 сомонӣ;

– барои ролик бо ҷалби ҳунармандон на зиёда аз 4 400 сомонӣ;

– барои ролики аниматсионӣ на зиёда аз 6 160 сомонӣ.

Маводи озмунӣ метавонад ба забони тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардад.

 Барои иштирок дар озмун зарур аст:

– пур кардани дархости грантӣ, ки аз се замима иборат аст (дар смонаи http://www.khoma.tj/khoma/ ҷой дода шудааст);

– пешниҳод намудани намунаи кори худ;

– CV- и довталаб барои иштирок дар озмун (агар шахси воқеӣ бошад)/, маълумот дар бораи ташкилот (агар шахси ҳуқуқӣ бошад).

Нафароне, ки дар озмуни грантӣ иштирок кардан мехоҳанд, ҳуҷҷатҳои ишорашударо бояд то соати 17.00 10 маи соли 2018 ба суроғаи ш. Душанбе, гузаргоҳи 1-уми кӯч. ак. Раджабовҳо, х. 7, ут. 1-4 расонанд ё тариқи суроғаи электронии lola(at)khoma.tj, office(at)khoma.tj ирсол намоянд.

Шахси масъул: Лола Мерганова

Телефон барои тамос: 227-34-78, 98-526-84-20