Home АХБОР Журналистон буҷаи соҳаи ҳифзи иҷтимоиро меомӯзанд

Журналистон буҷаи соҳаи ҳифзи иҷтимоиро меомӯзанд

0
1045

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” баргузории силсилаи тренингҳоро оид ба буҷаи соҳаҳои гуногун анҷом мебахшад.

Омӯзиши ҷамъбастӣ, ки имрӯз 29 октябр шурӯъ шуд ба мавзӯи “Буҷаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ: сохтор ва низоми идоракунии он” бахшида шудааст. Ба тренинг коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ ва мутахассисони идораи молияи давлатӣ ҷалб шудаанд.

Мақсад аз баргузории тренинг омӯзиши буҷети яке аз самтҳои муҳими ҷомеа соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва инъикоси дурусту босифати масоили вобаста ба он дар ВАО мебошад.

Таъминоти иҷтимоӣ буҷавӣ аст ва самти фаъолияти он ба баландбардории сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳамеша хусусияти иҷтимоӣ дошт, аз ин рӯ калонтарин қисмати хароҷоти он низ ба ҳифзи иҷтимоӣ вобаста аст.

Аз ин рӯ, дар доираи омӯзиш ба иштирокчиён оид ба сохтор ва низоми соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, асосҳои иқтисодии он, манбаҳои маблағгузорӣ ва таҳлили маблағгузории буҷетии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои солҳои 2018-2021 маълумоти васеъ пешниҳод мегадад. Ҳамзамон мавзӯҳо оид ба низоми нави пардохти нафақа, имтиёзҳои давлатӣ ва кафолатҳо барои қишри осебпазири ҷомеа муҳокима мешаванд.

Ҳамаи иштирокчиёни тренинг пешакӣ мавзӯи вобаста ба ҳифзи иҷтиморо муайян кардаанд ва дар доираи омӯзиш маводи мустақилонаи худро месозанд. Рӯзи ниҳоии тренинг иштирокчиёни омӯзиш матлаби худро муаррифӣ мекунанд ва соҳиби сертификат мегарданд.

Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Шарҳ: Лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” ба беҳтаршавии идораи молияи давлатӣ, самаранокӣ, зерҳисобият ва шаффофияти буҷаи давлатӣ равона шуда, ҳамзамон барои баландшавии дониши молиявии аҳолӣ тариқи рушди журналистикаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.