Home АХБОР Омӯзиши инъикоси масоили ҳифзи иҷтимоӣ

Омӯзиши инъикоси масоили ҳифзи иҷтимоӣ

0
1153

Давоми 5 рӯз дар ТҶ “Хома” тренинги ҷамъбастӣ дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ”, ки ба буҷети соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Қаблан иштирокчиёни лоиҳа буҷетҳои соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро низ омӯхта буданд ва ин мавзӯҳо аз ҷониби онҳо дар ВАО инъикос шуда буд.

Иштирокчиёни омӯзиши ҷамъбастӣ сохтор ва низоми идоракунии буҷети соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, асосҳои иқтисодии он, манбаҳои маблағгузорӣ ва таҳлили маблағгузории буҷетии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро муфассал омӯхта, давоми омӯзиш матлаби мустақилонаи худро низ омода карданд.

Дар давоми кори тренинг бо иштирокчиён коршиносони ботаҷрибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ, мутахассисони идораи молияи давлатӣ ва коршиносони ВАО кор карда, дар баробари додани маълумоти васеъ оид ба ин ё он самти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳамзамон дар сохтани маводи мустақилонаашон  кӯмак расониданд.

Мавзӯҳои мустақилонаи иштирокчиён ба масоили ҷубронпулӣ барои пардохти нерӯи барқ, имтиёзҳои тиббӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, тартиби нави нафақа, имтиёзҳо барои  камбизоатӣ ва дигар мавзӯҳои муҳими ин соҳа бахшида шуда буданд. Иштирокчиён дар 8 матлаби омоданамудаашон аз воситаҳои чандрасонаӣ васеъ истифода бурда, кӯшиш намуданд то факту рақамҳои сершумори буҷети соҳаи ҳифзи иҷтимоиро ба графикаву диаграмма ва дигар усулҳои замонавӣ инъикос кунанд.

Рӯзи ниҳоии омӯзиш иштирокчиён маводи худро ба коршиносон ва тренерон муаррифӣ намуданд. Ҳар як кори мустақилонаи онҳо муҳокима карда шуд ва аз ҷониби коршиносон маслиҳатҳои муфид иброз гардид. Дар фарҷоми кори тренинг иштирокчиёни омӯзиш соҳиби сертификат гаштанд.

Мақсад аз баргузории омӯзиши буҷети соҳаҳои гуногун ин ҷалби доираи васеи журналистон ба масоили буҷет,  идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ мебошад.

Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.