Home АХБОР Дар маҳфили “Тавозун” дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба буҷети давлатиро муҳокима...

Дар маҳфили “Тавозун” дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба буҷети давлатиро муҳокима намуданд

0
892

22 апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ “Тавозун” дар мавзӯи «Дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба буҷети давлатӣ» баргузор шуд. Дар маҳфил намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, рӯзноманигорон, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи молияву иқтисод ширкат варзида, натиҷаҳои тадқиқоти номзади илми фалсафа, Татяна Бозрикова дар мавзӯи “Монеаҳо дар дастрасии аҳолӣ ба маълумот доир ба буҷет” ва таҳлилҳои унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Назирҷон Зоиров “Самаранокии имтиёзҳои андозӣ дар Тоҷикистон”-ро муҳокима ва баррасӣ намуданд.

Татяна Бозрикова
Назирҷон Зоиров

Зимни муаррифии тадқиқот  дар мавзӯи “Монеаҳо дар дастрасии аҳолӣ ба маълумот доир ба буҷет” муаллифи он қайд намуд, ки худи аҳолӣ начандон шавқманд аст барои дастрасӣ ба иттилоот оид ба буҷет.  Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот монеаҳои асосӣ дар датрасии аҳолӣ ба чунин маълумот дар омилҳои зеринанд:

  • Доираи хеле маҳдуди сарчашмаҳои иттилоот ва кам будани маълумоти дастрасу фаҳмо.
  • Сатҳи пасти воқиф будани кормандони идораҳои давлатӣ ва худи шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот.
  • Ҳавасманд набудани шумораи бештари аҳолӣ барои гирифтани чунин маълумот.
  • Аз ҷониби шаҳрвандон ба эътибор нагирифтани муҳимияти доштани маълумот дар ҳалли мушкилиҳои молиявии хонавода.

Дар баробари ин муаллифи тадқиқот барои беҳтар шудани дастрасии аҳолӣ ба маълумот оид ба буҷаи давлатӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод кард. Аз ҷумла тавсия дода шуд, ки асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мукаммал карда шаванд, стратегия ва воситаҳои пахши маълумоти бюджетӣ барои шаҳрвандон васеъ гардад ва  маълумоти аз лиҳози мундариҷа ва шакл соддаю дастрас ба аҳолӣ расонида шавад.

Муаллифи тадқиқот иброз дошт, ки нисбати ду сол қабл сатҳи дониши аҳолӣ доир ба буҷети давлатӣ беҳтар гардидааст.

Дар доираи баррасии таҳлилҳо дар мавзӯи “Самаранокии имтиёзҳои андозӣ дар Тоҷикистон” муаллифи он Назирҷон Зоиров зикр намуд, ки нишондиҳандаҳо барои давраи солҳои 2013-2016 аз рӯи соҳаи фаъолият нишон медиҳанд, ки ҳиссаи бештари имтиёзҳои андозии истифодашуда ба соҳаи бонкӣ – 38%, корхонаҳои саноатӣ – 21,2% (аз ҷумла, соҳаи истихроҳи захираҳои табиӣ – 17,0%), соҳаи хизматрасонӣ – 12,1%, соҳаи хариду фурӯш – 6,7%, корхонаҳои давлатӣ – 6,8% ва хизматрасониҳои нақлиётӣ- 5,8% тааллуқ дорад. Аз рӯи хулосаҳои олими ҷавон шумораи имтиёзҳои андозӣ зиёд буда, то ҳанӯз механизми мукаммал ва дақиқи баҳодиҳии маблағҳои имтиёзоти андозии татбиқшаванда, коҳишёбии даромадҳои буҷети давлатӣ аз ин ҳисоб ва натиҷаи таъсири татбиқи имтиёзҳо ба рушди ин ё он соҳаи иқтисодиёти кишварамон ва ҷалби сармоягузорӣ таҳия ва ба роҳ монда нашудааст.

Иштирокчиёни маҳфил ба муаллифони тадқиқоту таҳлилҳо  саволҳои зиёде доданд ва ин боиси мубоҳисаҳои хубе шуд, ки дар атрофи мавзӯҳои асосии ҳамоиш сурат гирифтанд.

Мақсад аз баргузории маҳфили “Тавозун” ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли буҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию ВАО ва таъмини шаффофияти он аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати ҶТ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ҷалб намудани доираи васеи журналистон ба масоили буҷа, идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ мебошад.

Мавзӯҳои дар маҳфил баррасишударо метавонед дар сомоани ТҶ “Хома” дар шакли презентатсия дастрас намоед

Проблемы и препятствия в доступе населения к бюджетной информации (по результатам исследований)

Самаранокии имтиёзҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон