Дар “Тавозун” ислоҳотҳо дар низоми андоз муҳокима шуданд

0
1023

Дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии “Тавозун”, ки имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ доир гашт, наздики 50 нафар намояндагони ВАО ва масъулони вазорату идораҳои давлатӣ ислоҳотҳоро дар низоми андоз ва андозбандии  Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Баъди маърӯзаҳои коршиносон дар мавзӯҳои “Ислоҳотҳои андоз ва аҳамияти онҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ” ва “Ислоҳоти низоми андоз дар давраи иқтисоди рақамӣ” иштирокчиёни маҳфил саволҳои худро ба мутахассисон пешниҳод карданд. Доираи саволҳо ба меъёрҳои андоз дар Тоҷикистон, самаранокии имтиёзҳои андозӣ, кам шудани шумораи соҳибкорон солҳои охир, тулонӣ будани марҳилаи барҳамдиҳии корхонаҳо, бақияпулиҳои андозӣ,  масоили вобаста ба андоз аз истифодабарии нақлиёт, фарҳанги андозсупорӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва соҳибкорон ва дигар масоили мубрами ин соҳа  вобаста буданд.

Мақсад аз маҳфили “Тавозун” ҷалби доираҳои васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО ба муҳокимаи фаъоли масоили андозбандӣ дар Тоҷикистон, таъмини шаффофияти ҷараёни он  ва ҳамзамон аз ҷониби рӯзноманигорон  дурусту босифат инъикос намудани масоили андозу андозбандӣ мебошад.

Дар “Тавозун” намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, рӯзноманигорони ВАО ва таҳлилгарон иштирок карданд.

Маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» www.khoma.tj, дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.