Дар ТҶ “Хома” машғулияти амалӣ оид ба маҳорати наворбардорӣ ва танзими видео оғоз гардид. Ба омӯзиш наворбардорон ва танзимгарони навкори шабакаҳои телевизионӣ, студияҳои сабти навори ВАО ва факултаҳои рӯзноманигории мактабҳои олии мамлакат, журналистони мустақил ва блогерҳо ҷалб шудаанд.
Давоми 5 рӯз иштирокчиён бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд ва рӯзи охирини машғулият корҳои амалии худро муаррифӣ карда, бо устодон онро муҳокима менамоянд.
Машғулият дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Internews амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оид ба барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед.