Журналистон масоили Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро меомӯзанд

0
739

Дар ТҶ “Хома” барои журналистон машғулияти назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Бурду бохти Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон (МОИ)» оғоз шуд. Омӯзиш дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” таи панҷ рӯз идома ёфта, ба рӯзноманигорон маълумоти васеъ оид ба таърихи пайдоиши МОИ, мақсади таъсиси онҳо дар ҶТ ва мавқеи онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат машғулияти пешниҳод мегардад. Ҳамзамон таҳлили фаъолияти ҳар як минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон гузаронида шуда, оид ба мавзеъҳои интихоби минтақаҳо (сабабҳо ва бартариятҳо), тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар худуди МОИ ва дигар масоили мубрам дар ин самт баррасӣ мегардад.

Мақсад аз ҷалби журналистон ба ин масоил пеш аз ҳама ҷалби онҳо ба ин самти муҳими ба рушди иқтисодӣ таъсиррасони мамлакат аст ва онҳо имкон доранд аз мутахассисони Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои ҶТ ва коршиносони самти идораи молияи давлатӣ маълумоти заруриро пайдо намоянд, тавонмандӣ ва имконоти МОИ-ро донанд, бо қонунгузории кишвар дар ин замина шинос шаванд.

Рӯзи чоруми омӯзиш журналистон дар маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун”, ки дар он мавзӯи «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ: имкониятҳо барои рушд» баррасӣ мешавад, иштирок намуда, бо коршиносону матахассисони идораҳои дахлдори давлатӣ, ки дар бахши вобаста ба МОИ масъулият доранд, шинос мешаванд ва дар муҳокимаҳои маҳфил иштирок мекунанд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки дониши азхудкардаи худро мустаҳкам намуда, оид ба  матлаби интихобкардаашон дар ин мавзӯъ маълумоти бештар ба даст оранд.

Рӯзи ниҳоии машғулият журналистон матлабҳои худро вобаста ба МОИ муаррифӣ карда, соҳиби сертификат мегарданд.

Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.