Home АХБОР Машғулият дар ТҶ “Хома” барои журналистон оид ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ идома...

Машғулият дар ТҶ “Хома” барои журналистон оид ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ идома дорад

0
759

Ду рӯз боз дар ТҶ “Хома” барои журналистони минтақаҳои гуногун машғулияти назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Бурду бохти Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон (МОИ)» идома дорад.

Ба иштирокчиёни машғулият сармутахассиси Раёсати маъмуригардонии Минтақаи озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ҷовид Ҳусейнов оид ба таърихи пайдоиши МОИ ва мақсади таъсиси онҳо дар ҶТ, тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар ҳудуди ин минтақаҳо, мавзеъҳои интихоби минтақаҳо, сабабҳо ва бартариятҳои онҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод намуда, фаъолияти ҳар як минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро бо таҳлилҳо шаҳр дод.
Ҳоким Исмоилзод, сармутахассиси Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба журналистон оид ба сиёсати сармоягузорӣ, маблағгузории МОИ ҶТ аз ҳисоби сармоягузорон ва ислоҳотҳо маълумот пешкаш намуд.

Коршиноси масоили идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов оид ба МОИ ва мавқеи онҳо дар рушди иқтисодиёти ҶТ, масъалаҳои молиявӣ ва маблағгузориҳои ин минтақаҳо равшанӣ андохт.

Аз рӯзи аввал ширкаткунандагон барои худ мавзӯъҳои мушаххас вобаста ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон интихоб намуда, ба таҳияи он машғуланд. Интизор меравад матлабҳои ниҳоии онҳо дар рӯзи охири машғулият – 4 октябр бо иштироки масъулин ва устодон муаррифӣ шуда, пас аз баррасӣ онҳоро дар ВАО, блогҳо ва саҳифаи шабакаҳои иҷтимоиашон нашр кунанд.