Дар Хуҷанд маҳорати наворбардорӣ ва танзими касбии видеоро меомӯзанд

0
1065

Имрӯз, 7 октябр дар Хуҷанд машғулият оид ба маҳорати наворбардорӣ ва техникаи танзим оғоз шуд. Ба он наворбардорон ва танзимгарони навкори шабакаҳои телевизионии давлатию мустақил, ВАО, ки студияи сабти навор доранд, студияҳои истеҳсолии назди факултаҳои рӯзноманигории мактабҳои олӣ, ҳамчунин журналистони мустақили минтақаи Суғд ҷалб шудаанд.

Таи панҷ рӯз устоди пуртаҷриба Маҳрам Холов ба иштирокчиёни машғулияти амалӣ асосҳои композитсия, андозаҳои кадр, наворгирии достони тасвирию “ибораи танзимӣ”, навори гузоришӣ ва саҳнасозиро меомӯзонад. Иштирокчиён ҳар рӯз бо корҳои амалӣ машғул мешаванд ва дониши худро сайқал дода, дар техникаи танзим, банаворгирии мусоҳиба ва ҷогузории зернавис малакаи нав пайдо хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин наворбардории касбӣ аз тариқи смартфон ва танзими матлабро дар он аз худ мекунанд.

Маҳрам Холов диққати бештарро ба корҳои мустақилонаи иштирокчиён равона карданӣ аст, зеро дар охири машғулият онҳо бояд кори амалии худро муаррифӣ намоянд.

Иштирокчиён дар охири машғулият соҳиби сертификат мегарданд.

Машғулият дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Internews амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оид ба барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед.