Home АХБОР Журналистон фазои сармоягузории Тоҷикистонро меомӯзанд

Журналистон фазои сармоягузории Тоҷикистонро меомӯзанд

0
878

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” барои 15 нафар рӯзноманигор аз минтақҳои гуногуни мамлакат машғулияти панҷрӯзаи назариявӣ-амалиро (аз 21 то 25 октябр) дар мавзӯи «Имконоти фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» баргузор менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ иқдомоти зиёде анҷом дода, фазои сармоягузориро ҳарчӣ ҷолибтар менамояд. Масъулини идораҳои дахлдори давлатӣ аз шароитҳои созгор, аз ҷумла, қонунҳои қабулшуда, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, афзоиши иқтидори истеҳсоливу содиротӣ ва дар ин замина афзудани сафи сармоягузорон дар иқтисодиёти Тоҷикистон мисолҳо меоранд. Дар ҳамин ҳол, тариқи расонаҳои Тоҷикистон ва хориҷӣ коршиносон фазои сармоягузорӣ дар мамлакати моро на чандон мусоид хонда, барои рушди он тавсияҳо пешниҳод менамоянд.

Ҳадафи машғулиятҳои “Хома” ҷалби таваҷҷуҳи журналистон ба мавзӯи зери назар буда, тавассути намояндагони мақомоти дахлдор ва коршиносон ба онҳо маълумоти заруриро дар ин замина пешниҳод намудан аст. Мо итминон дорем, вақте ҳамкасбони мо дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, имконот ва зарфиятҳои он, заминаҳои ҳуқуқии вобаста ба сармоягузорӣ маълумоти мушаххас гирифтанд, имкон доранд матолиби касбиву босифат таҳия намоянд.

Зимнан, чун машғулияти зикргардида ҷамъбастӣ аст, аз ин силсилаи машғулиятҳои аллакай сесолаи “Хома”, иштирокдорон дар баробари маълумоти мушаххас дар бахши сармоягузорӣ, ҳамчунин бо ҳуҷҷатҳои стретегӣ ва барномаҳои давлатие чун, “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ таи солҳои 2016 – 2020” ва “Ҳадафҳои рушди устувор” ошно мегарданд, ки ҳар кадомаш бавосита ё бевосита ба мавзӯи сармоягузорӣ иртибот мегирад.

Ба иштирокчиёни машғулият масъулин ва коршиносон аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва моликияти давлатии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод мекунанд.

Рӯзи чоруми машғулият 24 октябр журналистон дар Маҳфили иқтисодии “Тавозун”, ки ин дафъа ба мавзӯи “Зарфият ва мушкилоти фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” бахшида мешавад, ширкат намуда, дониши худро дар ин замина бештар карда, маълумоти барои худ муҳимро дастрас менамоянд.

Дар рӯзи ахир ширкаткунандагон матолиби таҳиякардаи худро муаррифӣ намуда, пас аз тавсияву машварати коршиносон имкон пайдо мекунанд онҳоро дар ВАО нашру паҳн намоянд. Дар анҷоми омӯзиш иштирокчиён соҳиби сертификатҳои ТҶ “Хома” мегарданд.

Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.