Журналистони Хуҷанд сохтани матолиби камхарҷро барои телевизион ва шабакаҳои интернетӣ меомӯзанд

0
893

Дар шаҳри Хуҷанд барои журналистони телевизионӣ машғулият дар мавзӯи “Таҳияи матолиби камхарҷ барои ТВ ва шабакаҳои интернетӣ” оғоз шуд, ки дар он намояндагони шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва мустақил ва ВАО-е, ки студия доранд иштирок мекунанд.

Машғулиятро дар заминаи базаи техникии ТВ Суғд аз 16 то 20 декабр ТҶ “Хома” мегузаронад.

Ба иштирокчиёни омӯзиш аз ҷониби устодон Изатманд Саломов ва Худоёр Бархонов дар бораи жанрҳои телевизионӣ, қолабҳои видео-контент ва бартариву фарқиятҳои онҳо маълумоти фароҳ пешниҳод хоҳад шуд. Ҳамчунин иштирокчиён имкон доранд, ки дониши худро дар бораи таҳияи матолиби камхарҷ ғанӣ гардонанд ва воситаҳои ороиши маълумотро дар шабакаҳои интернетӣ аз худ карда, истифодаи онҳоро дар ороиши матолиби телевизионӣ омӯзанд. Ба ширкаткунандагони омӯзиш ҳамчунин тарзи дурусти мусоҳиба, стендап ва ва дигар донишҳои вобаста ба сохтани барномаҳои телевизионӣ омӯзонда мешавад, ки ба онҳо ҳангоми таҳияи матолиби касбиву босифати видеоӣ коромад хоҳад шуд.

Вақти бештари иштирокдорон ба корҳои амалӣ сарф мешавад ва дар қисмати охири машғулият дар натиҷаи корҳои гуруҳӣ якчанд барномаҳои мустақилонаи онҳо муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар анҷоми машғулият ба ширкаткунандагон сертификат дода мешавад.
Машғулият дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Internews баргузор мешавад. Муфассалтар перомуни Барномаи расонаҳои Осиёи Марказӣ MediaCAMP лутфан ба линки зерин нохун занед.