Home АХБОР Оғози машғулият барои журналистони ҷавони Кӯлоб оид ба журналистикаи телевизионӣ

Оғози машғулият барои журналистони ҷавони Кӯлоб оид ба журналистикаи телевизионӣ

0
1158

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳамкориҳоро бо шӯъбаю факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои мамлакат сол аз сол густариш мебахшад.

Имрӯз ТҶ “Хома” барои донишҷӯёни кафедраи рӯзноманигории шӯъбаи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба журналистикаи телевизионӣ: мусоҳиба дар ТВ, матни телевизионӣ, стендап, маҳорати наворбардорӣ ва танзим, асосҳои истеҳсоли барномаҳои телевизионӣ ва доир ба дигар ҷузъиёти кор дар ин самт машғулияти амалӣ баргузор менамояд.

Омӯзишро коршиноси ВАО, тележурналисти шинохтаи тоҷик Шаҳло Акобирова ва тренерони ВАО Худоёр Бархонов ва Маҳрам Холов мегузаронанд.

Журналистикаи муосир тақозо менамояд, ки рӯзноманигорон имрӯз дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф кор карда тавонанд, яъне ба қавле “универсал” бошанд, зеро рушди технологияҳои иттилоотӣ чунин имкониятро ба онҳо муҳайё кардааст. Аз ин нуқтаи назар журналистони ҷавон бояд ҳар як самти журналистикаро бахубӣ аз худ кунанд, то дар бозори иттилоотӣ оянда ҷойгоҳи худро пайдо намоянд.