Таъсири вируси COVID-19 ба ҷаҳон

0
1361

Паҳн гардидани вируси COVID 19 боиси маҳдудиятҳо дар рафту омад, коҳиши сафарҳои хориҷӣ, ҳамчунин таваққуф дар истеҳсолоти баъзе молу маҳсулот ва дар маҷмӯъ боиси коҳиши рушд иқтисодӣ дар ҷаҳон гардидааст.

Хазинаи байнамилалии асъор, иқтисоди ҷаҳон, ки соли гузашта 87 триллион долларро ташкил дод, акнун 9 триллион доллар кам мегардад. Ҳатто агар он дар соли оянда ҳам иқтисоди ҷаҳон рушд ҳам дошта бошад, вале мавҷи дуввум, табобати сироятёфтагони вируси COVID 19  даҳҳо триллион харҷ дорад.

Соли ҷорӣ Сингапур ва чандин кишвари дигар бинобар таъсири вируси COVID 19 пешбинии худро ба рушди иқтисодисодашон тағйир доданд.

Президенти Кореяи ҷанубӣ гуфт, ки шуйӯъи ин вирус шабеҳи “ба амал омадани вазъияти буҳрони иқтисодӣ” аст ва аз аъзои давлаташ хост то аз тамоми имконот барои мӯътадил шудани вазъ ва ба маҷрои аввала баргардонидани рушди иқтисоди ин кишвар истифода шавад.

Бахши русии BBC https://www.bbc.com 1 май навишт, ки карантин баъд аз Амрико ба иқтисоди Иттиҳоди Аврупо фишори шадид овард.

Иттиҳоди Аврупо бештар аз коронавирус зарар дид ва карантини сахттаринро ҷорӣ кард. Тибқи маълумоти охирин коҳиши иқтисоди Иттиҳоди Аврупо дар се моҳи аввали соли равон 3,5 дарсад будааст.

Идомаи вазъият бо ин суръат, коҳиш иқтисоди Иттиҳоди Аврупоро ба 13 дарсад мерасонад. Аврупо қариб 2 триллион евроро аз даст медиҳад. Бо вуҷуди ин, бояд барои мубориза бо вируси COVID 19 ва бӯҳрон тақрибан ҳамин миқдор маблағро сарф кунад.

Тибқи арзёбиҳо, Аврупо аз рақибони худ боз ҳам қафо мемонад. Хазинаи Байналмилалии Асъор гуфтааст, рушди Иттиҳоди Аврупо 7 дарсад коҳиш меёбад. Коҳиши рушди иқтисоди Амрико- 6%, Ҷопон -5%  арзёбӣ мешавад. Рушди иқтисоди дуюми ҷаҳон –Чин ҳамагӣ +1,2% пешгӯӣ мешавад.

Яъне, вируси COVID 19 ҳаракати муҳаррики иқтисодии Аврупоро боздоштааст. Аз чаҳор кишвари муҳими Аврупо танҳо Олмон бо талафоти кам берун шуд. Фаронса, Италия ва Испания аз рӯйи талафоти ҷонӣ дар ҷаҳон пешсаф ҳастанд. Дар семоҳаи аввали соли равон суръати коҳишёбии ММД-и Фаронса 5,8%, Испания 5,2% ва Италия 4,7%-ро ташкил додааст.  

 

Дар семоҳаи якум ММД-и Амрико 4,8 дарсад коҳиш ёфт. Вале зиёни ҷиддӣ дар семоҳаи дуюм   – апрел, май ва июн мерасад, менависад BBC https://www.bbc.com

Кам гардидани даромад бинобар кам шудани фаъолияти соҳибкорӣ хароҷотро якбора афзудааст. Иёлоти Муттаҳида аллакай барои мубориза бо вируси COVID 19 ,  дастгирии шаҳрвандони дар карантин қарордошта ва тиҷорат қариб 3 триллион доллар ҷудо кардааст. Барои маблағгузории ин самтҳо, касри буҷаи бузургтарин қарздори ҷаҳон-Амрико меафзояд.

Кристалина Георгиева, Директори Идораи Хазинаи байналмилалии асъор пас аз гуфтугӯ бо вазирони молияи G20 гуфт, соли 2020 аз ҳисоби пандемияи коронавирус таназзул дар иқтисоди ҷаҳонӣ дида хоҳад шуд.

“Дурнамои рушди глобалӣ барои соли 2020 манфӣ  буда, таназзул ҳадди аққал ҷиддӣ аст, – мегӯяд Директори Идораи Хазинаи байналмилалии асъор. Тибқи иттилои вай, рушди ҷаҳонии ММД дар соли 2021 барқарор хоҳад шуд.

Директори Идораи Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева ба ин бовар аст, ки “бояд ба сенарияи номатлуб омода бошем ва интизор набошем, ки оқибати коронавирус барои иқтисоди ҷаҳонӣ барвақт бартараф карда мешавад.

“Талафоти инсоният аз Коронавирус бебозгашт аст ва ҳамаи кишварҳо бояд барои ҳифзи одамон ва маҳдуд кардани зарари иқтисодӣ якҷоя кор кунанд. Ин як лаҳзаест барои ҳамбастагӣ.

Дурнамои рушди ҷаҳонӣ барои соли 2020 манфӣ аст. Аммо мо дар соли 2021 эҳёшавиро интизорем. Барои он ки ба ин нишон дод расем, нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардани низоми тандурустӣ аз ҳама муҳим аст.

Вазъияти ба амаломада ҳамрайъиро мехоҳад. Ман ба G20 хабар додам, ки ҳатто дар сурати зуд аз байн бурдани вирус, таъсири манфии он ба рушди ҷаҳон ва Чин боқӣ хоҳад монд. Табиист, ки ҳамаи мо умедворем, ки ҳарчӣ зудтар вазъ барқарор мешавад, аммо бо дарназардошти номуайянии вазъ, омода кардани сенарияҳои начандон мусоид қарори оқилонатар хоҳад буд.

Бисёре аз бозорҳои рушдёбанда ва кишварҳои камдаромад бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд. Мо ба таври фаврӣ маблағгузории ҳолати фавқулоддаро тақвият хоҳем дод – тақрибан 80 кишвар аз мо кӯмак дархост кардаанд ва мо бо ниҳодҳои дигари байналмилалии молиявӣ барои таъмини вокуниши қавӣ ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунем”-ваъда дода буд Кристалина Георгиева.

Дар моҳи январ Хазинаи байналмилалии асъор тахмин зада буд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 рушди 3,3 дарсада хоҳад дошт. Аммо баъди аз авҷи хуруҷи коронавирус Хазинаи байналмилалии асъор маҷбур шуд, ки пешгӯиҳояшро тағйир диҳад.

Кишварҳои G20 ваъда карданд, ки як фронти қавӣ дар ин самт таъсис дода, барои мубориза бо пандемияи коронавирус ва коҳиш додани оқибатҳои бӯҳрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ 5 триллион доллар сармоягузорӣ мекунанд. “Мубориза бо ин пандемия вокуниши шаффоф, қавӣ, ҳамоҳангшудава аз ҷиҳати илмӣ асоснокро дар рӯҳияи ҳамбастагӣ талаб мекунад” –гуфта буданд кишварҳои G20 дар як изҳороти муштарак пас аз ҳамоиши ғайринавбатӣ 26 марти соли равон.

Хазинаи Байналмилалии Асъор барои ҷудо кардани 1 триллион доллар қарз барои мубориза бо коронавирус изҳори омодагӣ кардааст.

Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналилалии асъор 6 май тасдиқ кард, ки барои Тоҷикистон 189,5 млн доллар ҷудо намудааст.

Бозорҳои ҷаҳонии молиявӣ аз коҳишёбии иқтисодиёт мегӯянд. Баста гардидани марзҳо, коҳиши истеҳсолот ба паст шудани савдои ҷаҳонӣ таъсир расонидааст.

Аксари кишварҳое, ки вазъи эпедимиологӣ дар он ҷо номусоид аст, ба рӯйи ҳамсоякишварҳои худ ва хулас бо тамоми ҷаҳониён марзи худро бастанд.

Агар чӣ аз баста будани марз латмаи сахт ба иқтисодиёти давлатҳо ворид мешавад, вале ба хотири таъмини бехатарии шаҳрвандон маҷбур шуданд аз ин равиш кор гиранд.

Австралия, Австрия, Алжир, Аргентина, Арманистон, Белгия, Болгария, Боливия, Венгрия, Гана, Гватемала, Олмон, Рим, Гурҷистон, Дания, Доминикана, Миср, Исроил, Иордания, Ирландия, Испания, Италия, Қазоқистон, Камерун, Канада, Кения, Кипр, Колумбия, Коста-Рика, Қирғизистон, Латвия, Ливия, Литва, Люксембург, Маврикий, Мадагаскар, Македония, Малайзия, Малта, Марокка, Молдова, Монголия, Нигер, Нидерландия, ЗеландияиНав, Норвегия, ОАЭ, Перу, Полша, Португалия, Руанда, Руминия, Салвадор, Арабистони Саудӣ, Сенегал, Сербия, Словакия, Словения, Тайван, Тунис, Узбекистан, Украина, Филиппин, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Черногория, Чехия, Чили, Шветсия, Шри-Ланка, Эквадор, Эстония  ва даҳҳо кишвари дигар сарҳади худро ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус бастаанд.

Алексей Маслов, таърихнигори рус, ки таърихи Чинро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, ҳоло Чин, ки аз авҷи эпидемия наҷот ёфтааст, ба “ҷазираи суботи иқтисодӣ” табдил хоҳад ёфт. Пекин омода аст сармоягузорӣ кунад, саҳмияҳо ва корхонаҳоро харидорӣ намояд.

Рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҳисоби паҳншавии коронавируси нав 0,4% суст хоҳад шуд, аммо таъсири воқеии онро танҳо пас аз як ё ду моҳ арзёбӣ кардан мумкин аст. Дар ин бора раиси Палатаи ҳисоби Русия Алексей Кудрин изҳори назар кард.

Ба гуфтаи таҳлилгарони Bank of America, соли ҷорӣ барои иқтисоди ҷаҳонӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодии соли 2009 дида бадтар хоҳад буд.

Дар натиҷаи таъсири паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон тағйирёбии нархи маҳсулоти асосии содироти Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба назар расид. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба санаи 8 майи соли ҷорӣ нархи пахта нисбат ба аввали сол аз 1527 доллар барои як тонна то 1233 доллар ё 19,24 фоиз ва алюминий аз 1804 доллар барои як тонна то 1485 ё 17,7 фоиз коҳиш ёфт.

Форбес менависад, ки дар натиҷаи эпидемия таваррум дар саросари ҷаҳон ба амал хоҳад омад. Кам шудани талабот ба ашёи хом боиси паст шудани қимати он мегардад. Кам шудани талабот ба хизматрасониҳо (талабот ба мемҳонхонаҳо) ба поён рафтани нархҳо оварда мерасонад. Мушкилот дар занҷираи таъминот боиси афзоиши нархи маҳсулоти тайёр мешавад. https://www.forbes.ru

Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони тиҷоратии Тоҷикистор минбаъд низ ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, бахши хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳй, инчунин фаъолияти сармоягузорӣ таъсири манфӣ хоҳад расонид.

Рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2020-ум 7,0 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам аст.