Қонуни нав ба мо чи медиҳад?

0
776

2 апрели соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи салоҳияташ, дар асоси моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ -ро ба имзо расонид. Қонуни нав ба ҳадафҳои зерин нигаронида шудааст:

–  муқаррар кардани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии хизматрасониҳои давлатӣ;

– муқаррар кардани ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии ба хизматрасониҳои давлатӣ машғулбуда, инчунин гирандагони хизматрасониҳои давлатӣ.

Дар қонун дастраскунандагони (гирандагони) хадамот-ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, пешниҳодкунандагони хадамот мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти давлатӣ мерасонанд. Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ низ дастраскунандагони хадамот ба ҳисоб рафта, дар баробари шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои давлатиро дастрас менамоянд.

Қонуни мазкур барои соддагардонии расмиёти дастрасии хизматрасониҳо аз мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст.

Ба хотири онки дарки масъалла бароятон осон бошад, мисоле аз ВАО меорам. Тавре мо медонем, барои сабти номи ВАО дар Равзанаи ягонаи мақомоти андоз ё гирифтани ягон навъи иҷозатнома аз мақомоти танзимкунанда дар соҳа бояд як қатор ҳуҷҷату маълумотнома ҷамъоварӣ кард, инчунин солҳо барои гирифтани иҷозат ё иҷозатнома интизор шуд. Ҳол онки қонун аз лаҳзаи муроҷиат барои бозбинӣ 30 рӯз пешбинӣ намудааст. Яке аз принсипҳои аслии қонун қобили қабул набудани бюрократия дар расонидани хадамоти давлатӣ мебошад.

Қонуни нав масъулияти бюрократии ҷамъоварии ҳуҷҷатҳоро ба хадамотрасон вогузор мекунад, яъне ВАО барои гирифтани ин ё он ҳуҷҷат ба мақомоти салоҳиятдор хаттӣ муроҷиат мекунад ва ниҳоди хадамотрасон дар навбати худ тибқи муҳлати муайяннамудаи қонун  ба гирандаи хадамот маълумоти комил ва боэътимодро пешниҳод намояд. Талаби ҳуҷҷат аз дастрасткунандаи хадамот, ки дар низомҳои портали иттилоотӣ дастрас аст, мумкин нест. Дар сурати лозим шудани маълумоти иловагӣ пешниҳодкунандаи хадамот метавонад аз мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дархост намояд.

Як ариза дар шакли электрониро тибқи тартиби муайянкардаи қонун якчанд мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ метавонанд баррасӣ намоянд.

Баррасии муроҷиат оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ инчунин муроҷиати дастраскунандаи хадамот дар сурати ба суроғаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ворид гардидан, ниҳодҳои хадамотрасон бояд давоми панҷ рӯзи корӣ (аз рӯзи бақайдгирии он) баррасӣ намоянд.

Муроҷиати дархосткунандаи хадамот, ки ба нишонии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ нодуруст пешниҳод гардидааст, давоми понздаҳ рӯзи корӣ (аз рӯзи бақайдгирии он) бояд баррасӣ гардад.

Муҳлати баррасии муроҷиат аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хизматрасонанда ба муддати на зиёда аз даҳ рўзи корӣ бояд баррасӣ гардад.

Дар кадом ҳолат тамдиди муҳлат мумкин аст:

-гузаронидани омўзиш ё санҷиши иловагӣ аз рӯи муроҷиат ё гузаронидани санҷиш дар маҳал;

– гирифтани маълумоти иловагӣ.

Дар сурати тамдид гардидани муҳлати баррасии муроҷиат, шахси мансабдори дорои ваколати баррасии муроҷиатҳо дар давоми се рӯзи корӣ аз лаҳзаи тамдид гардидани муҳлати баррасии муроҷиат ба гирандаи хизматрасони муроҷиатро пешниҳоднамуда дар бораи тамдид гардидани муҳлати баррасии муроҷиат бо зикри сабабҳои тамдид дар шакли хаттӣ (дар сурати пешниҳоди муроҷиат дар ҳомили коғазӣ) ё дар шакли электронӣ (дар сурати пешниҳоди муроҷиат дар шакли электронӣ) хабар бояд диҳад.

Дар доираи қонун феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ таъсис дода мешавад, ки дар он маълумот дар бораи номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ, маълумот дар бораи гирандаи хизматрасонӣ (шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ),  номгӯи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки стандарти хизматрасониҳои давлатиро таҳия менамояд, номгӯи хизматрасонанда, номгӯи ташкилотҳое, ки қабули аризаҳо ва додани натиҷаҳои хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд ва (ё) ишора ба портали интернетии “ҳукумати электронӣ” дар ҳолати хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, шакли хизматрасониҳои давлатӣ, музднок ё ройгон будани хизматрасониҳои давлатӣ ҷой мегардад.

Ин қонун ҷамъоварии ҳуҷҷат ва мӯҳлати муроҷиатро барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ осон намуда, вақтро сарфа мекунад.

Зеро, тавре ки мо медонем, ВАО (электронӣ ё маъмулӣ) ҳангоми сабти ном ё гирифтани иҷозатнома барои пахш, ё истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ё гирифтани иҷозат барои истифодаи басомадҳо  бо танзимгарони соҳа мушкилӣ дорад.

Мушкилоти асосӣ риоя накардани мӯҳлат, бюрократизм ва омилҳои коррупсионӣ мебошад. Чунин ҳолатҳо хилофи қонунҳои марбут ба соҳаи ВАО, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳатто дар Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид соли 2019 ба Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар қонунҳо ва амалия таҷдиди назар карда шаванд, то ҳуқуқи озодии баён ва андеша барои ҳама дода шавад, аз ҷумла:

  1. b) мусоидат ба гуногунандешии афкор дар ВАО ва кафолат додани он, ки ВАО ва кормандони онҳо озодона фаъолияти худро бидуни дахолати беасос аз ҷониби давлат амалӣ кунанд;
  2. c) қонунҳо ва меъёроеро, ки маҳдудиятҳои дар боло зикршударо пешбинӣ мекунанд, бекор кунад ё тағир диҳад, то онҳо ба ӯҳдадориҳои давлати узв тибқи Паймон мувофиқат кунанд;
  3. d) Манъи тамоми дигар маҳдудиятҳои беасос дар самти озодии баёну ақида ва аз байн бурдани маҳдудиятҳо тибқи талаботи қатъии банди 3-и моддаи 19 Паймон;
  4. f) андешидани тамоми тадбирҳои заруриро барои таъмини мустақилияти мақомоти иҷозатдиҳанда оид ба пахши телевизион ва радио

Умедворем, ки меъёрҳои қонуни нав дуруст татбиқ гардида, назорати қатъии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасониҳои давлатӣ андешида шуда, дар сурати вайрон кардани талаботи қонун “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” нисбат ба пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои давлатӣ чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” Ранжет Ятимов.