Home АХБОР Кодекси ҷиноятӣ инсондӯстона нашуд, чаро?

Кодекси ҷиноятӣ инсондӯстона нашуд, чаро?

0
1436

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон  ноябри соли гузашта дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ нигаронӣ намуд, ки “вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо, инчунин, пешгирии ҷиноят, яъне аз маҳбас эмин доштани инсонҳо мебошад. Зеро дар паси ҳар як шахс як хонавода ва сарнавишту зиндагии ӯ қарор дорад”.

Ба бовари ҳуқуқдонҳо, дар сурати башардӯстона гардидани Кодекси ҷиноятӣ, ба маҳбас кашидани мардум кам мегардад.

Аз башардӯстона гардидани қонунгузории ҷиноятии Қазоқистон  як сол сипарӣ шуд. Тибқи ислоҳоти қонунгузории ҷиноии ин кишвар то 8 муассисаи ислоҳӣ баста ва 12 миллиард тенге  дар сол сарфа мешавад.

(http://prokuror.gov.kz/)

Дар ин кишвар аз рӯи 12 навъи ҷинояти сангин ҳамчун ҷазои алтернативӣ додгоҳҳо метавонанд ҳукм содир намоянд. Ба ин даста ҷиноятҳои низомӣ, иқтисодӣ, сӯистифодаи мансаб ва ҷинояти зидди моликияти хусусӣ шомил мешаванд. Аз рӯи 32 навъи ҷинояти дигар, аз ҷумла 13 навъи иқтисодӣ, ҳадди аксари муҳлати зиндон 2-3 сол кам карда мешавад.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни анҷумани рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки рӯзи 20-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, таъкид кард, ки “омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани институти “Пробатсия” натиҷаи мусбат дода, барои татбиқи бештари ҷазоҳои алтернативӣ, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд, мусоидат менамояд. Ин имкон медиҳад, ки шахсони ҷиноятҳои нисбатан сабук содиркарда ба ҷомеа ва ҷабрдидаҳо ҷуброн пардохта, дар муассисаҳои пӯшида адои ҷазо накунанд.”

Дар ҳамин ҳол Азамат Шамбилов, сарвари минтақавии Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) дар ин чорабинӣ ваъда дод, ки солҳои оянда дар Тоҷикистон чораҳои алтернативии ҷазо, аз ҷумла, дастпонаҳои электронӣ ва 4 марҳилаи хадамоти пробатсия роҳандозӣ мешаванд.

Таҳияи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва инсондӯстона ҳанӯз 7 соли пеш таъкид гардида, аз соли 2013 гурӯҳи корӣ барои таҳияи Кодекси ҷиноятӣ даст ба кор шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар соли 2013 дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ  таъкид намуда буд, ки Кодекси амалкунандаи ҷиноятӣ ба замони муосир мутобиқ гардад.

Субҳиддин   Баҳриддинзода, муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузорӣ ва яке аз муфассирони Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд, “таҳияи лоиҳаро ба давраи дигар гузарониданд. Чунки нуқсонҳое ки дар дохили он аст, бо талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ дахл дорад. Конвенсия дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истисмори фоҳишагӣ аз ҷониби шахсони сеюм бисёр мушкилиҳоро ба миён овардааст, ки мо бояд дар Кодекси ҷиноятӣ ҷорӣ намоем. Конвенсияи СММ ба муқобили коррупсияро низ дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ намоем. Ваъдаи додани пора, ваъдаи гирифтани пора, ваъда дар миёнаравии пора, таклифи пора, таклифи пешниҳоди пора ва дигару дигарҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро гирем. Аммо дар Тоҷикистон урфу одатҳои мо чунин аст, ки як калонсол коре мефармояд, чизе пешкаш мекунад, мо мегӯем, ки дар хизмат тайёрем. Ё ҳамеша дар хизмат дар паҳлуи шумо тайёрем. Ин таклиф мешавад ё ваъда. Аз нуқтаи назари Конвенсияи СММ ба муқобили коррупсия проблеммаҳои зиёде ба миён меояд.”

Тибқи иттилои ӯ, аз тарафи кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунанд, ки ҷиноятҳои махсусан вазнине, ки берун аз Тоҷикистон шаҳрвандони мо содир мекунанд, ҷавобгарӣ барои онҳо аз синни 14 бошад, на аз 16-солагӣ.

“Ин ҳам як муаммо нисбат ба субъекти ҷиноят аст. Яъне, масъаллаи тадбиқи гуманизм ё инсондӯстӣ дар доираи Кодекси ҷиноятӣ бисёр мушкилотро пеш меорад.”,-гуфта буд Субҳиддин   Баҳриддинзода.

Ёдовар мешавем, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳала бояд татбиқ мешуд, ки аллакай марҳилаи якум (солҳои 2014-2017) ба поён расида, муҳлати марҳалаи дуюм (солҳои 2018-2020) ҳам ба поён расид, ки дар ин марҳала бояд самтҳои асосии такмили қонунгузории ҷиноятӣ роҳи ҳал меёфт.

Ин консепсия пешбинӣ менамояд, ки якчанд масъалаҳои муҳим дар Кодекси ҷиноятӣ бояд ҳалли худро ёбад. Аз ҷумла, мутобиқ намудани он ба талаботи санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз қабили Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи коррупсия.

Аммо ба бовари ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, сиёсати ҳукумат оид ба гуманизатсияи ҳуқуқи ҷиноӣ тағйир ёфта, қонунҳои наве қабул карда шуд, ки ҳуқуқи фундаменталии инсонро маҳдуд менамояд.Бинобар ин барои ҳукумат зарурияти таҳияи Кодекси нави ҷиноятӣ лозим нест. Яъне, гуманизатсияи кодекси нав ба стратегияи ҳукумат дар айни ҳол мувофиқат намекунад.

Нурмаҳмад Халилов, роҳбари шабака оид ба волоияти қонун ва дасрасӣ ба адолати судӣ дар Форуми  чоруми   миллӣ оид ба волоияти қонун пешниҳод намуда буд, ки  барои таъмини принсипи инсондӯстона ва меъёрҳои байналмилалӣ,  коркард ва дар таҳрири нав қабул намудани Кодекси ҷиноятӣ муҳим аст.  Қабули Кодекси ҷиноятӣ  дар таҳрир нав, адолати иҷтимоиро таъмин ва кори судҳоро шаффоф месозад.  Дар ин замина аз нав дида баромадани навњои ҷазо зарур аст,  аз тарафи дигар  барои беҳтар намудани принсипи қонунҳои ҷиноятӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ,  содда намудани муҳтавои он ҳангоми қабул, лозим аст.

Тибқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Тоҷикистон, хориҷ намудани масъалаи такрори ҷиноят, таҷдиди назар намудани ретсидиви ҷиноят ҳамчун нишонаи банду басткунӣ, сабук намудани ҷазо барои баъзе категорияҳои шахсон, аз ҷумла барои ноболиғон, занон ва шахсоне, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доранд. Инчунин аз Кодекси ҷиноятӣ маҳдуд кардани озодӣ ҳамчун намуди ҷазо ва ба ҷои он ҷорӣ намудани дигар намуди ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда бояд дар Кодекси нави ҷиноятӣ ҳалли худро ёбад.

Яке аз судяҳои мустаъфӣ мегӯяд, тибқи кодекси амалкунандаи ҷиноятӣ “такрори ҷиноят” яке аз аломатҳои ҷиноят маҳсуб ёфта, ҷазоро вазнинтар менамояд ва ин меъёр аз шӯравӣ ба мо мерос монда, вале низоми судҳои гуманистӣ инро қабул надоранд ва мегӯянд, маҳкумшуда барои ҷинояти якумаш ҷазои мувофиқу муносиб гирифт, бори дуввум танҳо барои ҳамин ҷоноят ҷазо дода шавад.

Чанд маротибае, ки тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ ворид гардид, субъектҳои пушниҳодкунанди ин тағйиру иловаҳо онро дар заминаи “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон мекарданд.

Ҳуқуқшиносон пешниҳод менамоянд, ки бо пешниҳоди Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав, тариқи комплексӣ ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ низ тағйиру иловаҳо ворид намоем, то зиддият  пеш наояд.

Ба бовари Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳукуқ, фикру мулоҳиза ва хулосаю пешниҳодҳои олимону муҳаққиқони соҳа, таҷрибаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ғайриҳукуматию маводҳои ВАО доим дар маркази таваҷҷуҳи субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба таҳияи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав машғуланд, бояд бошад.