Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО ба поён расид

0
3150

Давраи омӯзишии Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО ба поён расид. Давраи аввал 5 рӯзро дар бар гирифта, аз 6 то 10 июл дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО  15 нафар ҳуқуқшиносони ҷавон ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултаи ҳуқуқшиносӣ ширкат карда, ҳуқуқи соҳаи ВАО-ро аз бар намуда, соҳиби сертифакат гардиданд.

Шаҳло Акобирова, роҳбари ТҶ “Хома” дар поёни давраи омӯзишӣ зимни суханронии хотимавӣ аз аҳамият ва зарурати Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО сухан гуфта, хатмкунандагони  Мактабро барои дар амалия истифода намудани донишҳои андӯхта даъват кард.

Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО аз ҷониби ТҶ “Хома” дар доираи барномаи Media CAMP аз ҷониби Internews Тоҷикистон бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таъсис шуд.

Мақсади лоиҳа беҳсозии фазои ҳуқуқии ВАО-и Тоҷикистон тариқи устувор намудани иқтидори  ҳуқуқшиносон ва журналистон унвон мешавад.

Яке аз мақсадҳои калидии лоиҳа мусоидат намудан ба пайдо шудани насли нави ҳуқуқшиносони ВАО ва ҷалби онҳо барои кор дар ин соҳа мебошад.

Хатмкунандагони Мактаб ба гузаронидани корҳои аналитикӣ оид ба таҳлили санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ (СМҲ) дар соҳаи ҳуқуқи ВАО ва инчунин омода кардани нашри мақолаҳо доир ба вазъи имрӯзаи СМҲ дар соҳаи ВАО дар Тоҷикистон ҷалб мегарданд. Инчунин дар доираи лоиҳа додани машваратҳои ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО ва фаъолони шаҳрвандӣ дар назар аст.

Шахсоне, ки Мактаби ҳуқуқи ВАО-ро мегузаранд ба ҳайси таҳлилгарон ва коршиносони ҳуқуқи ВАО дар самти беҳдошти базаи қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО ба кори ташкилот ҷалб карда мешаванд.