Home АХБОР Рӯзноманигорон инъикоси мавзӯҳои ҳассосро омӯхтанд

Рӯзноманигорон инъикоси мавзӯҳои ҳассосро омӯхтанд

0
3214

Омӯзиши серӯзаи амалӣ дар мавзӯи “Муносибат ба мавзӯҳои ҳассос ва низоъбарангез зимни инъикоси муноқишаҳои байниқавмӣ ва динӣ” имрӯз дар Душанбе ба поён расид. Аз ҷониби тренерон ва коршиносон ба иштирокчиён оид ба мафҳуми низоъ, сабабу оқибатҳои он, инъикоси масоили низоъбарангез дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши расонаҳо дар танзиму аз байн бурдани низоъ маълумоти фароҳ ва муҳим пешниҳод гардид.

Ҳамзамон ба иштирокчиён дар бораи моҳияти исломи сиёсӣ, созмонҳои мамнӯъ ва сомонаву манбаҳои иттилоотие, ки тибқи қарори суд дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ гардидааст, маълумот дода шуд.

Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ, ки аксаран журналистони ҷавон буданд, инъикоси дурусти мавзӯҳои ҳассосро аз бар намуда, кор бо манбаҳои иттилоотӣ, ҳамкорӣ бо коршиносон ва дар маҷмӯъ нозукиҳои бархӯрд ба чунин мавзӯҳоро омӯхтанд.
Давоми омӯзиш иштирокчиён мавзӯи матлабҳои мустақилонаашонро бо устодон аниқ карданд ва аз паи сохтани онҳо мешаванд.

Лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тавассути Internews роҳандозӣ мешавад.