Намояндагони ВАО дар минтақаи Суғд журналистикаи хассосро меомӯзанд

0
2972

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд даври омӯзишии дуюми мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртибот шурӯъ шуд, ки дар доираи лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ мегардад.
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, он тавассути Internews амалӣ мешавад.

Дар аввали омӯзиш тренерон сифати маводи журналистонро, ки мавзӯҳояшонро дар машғулияти қаблӣ муайян карда буданд, бо назардошти малакаву донишҳои дар тренингҳои гузашта омӯхтаашон муайян карда, муҳокима карданд.
Дар чаҳорчубаи барномаи омӯзишӣ ба иштирокчиён дар бораи сабабҳои сар задани ифротгароии хушунатомез ва оқибатҳои он, ки ба терроризм оварда мерасонанд ва ҳамкорӣ дар ҳамоҳангсозии амалҳо ҳамчун омили муқовимат маълумот пешниҳод карда мешавад.

Ба иштирокчиёни омӯзиш доир ба нақши васоити ахбори омма дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез ва терроризм, инъикоси ин масъалаҳо дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дода мешавад.
Тренерон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва амалии инъикоси масоили ифротгароии хушунатомез ва терроризмро баррасӣ намуда, мафҳуми ифротгароиро дар қонунгузории ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ муқоиса мекунанд.

Ба журналистон гузаронидани фактчекинг, ба роҳ мондани ҳамкориро бо коршиносон, чӣ гуна бе доштани маълумоти махсус анҷом додани таҳлили ҳуқуқии маводи ВАО-ро оид ба ифротгароӣ ва амнияти рақамиро меомӯзонанд.

Лоиҳа дар асоси таҷрибаи барномаи қаблӣ “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна” замина гирифта, ба дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, ки ба тақвиятбахшии устувории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ нисбат ба ифротагароӣ ва маълумоти бардурӯғ мусоидат мекунанд, равона шудааст.