Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ айни ҳол шаш намуди иҷозатномаҳои Creative Commons мавҷуданд, ки дар асоси онҳо асарҳоро метавон озод ва ройгон истифода бурд.
Attribution -CC BY – ин иҷозатнома ба дигарон имкон медиҳад, ки кори шуморо интишор, коркард ва бо дигар тарз истифода намоянд, то он вақте, ки онҳо муаллифии шуморо ишора мекунанд.
Attribution – Share Alike – CC BY-SA – ин иҷозатнома ба дигарон имкон медиҳад, ки кори шуморо интишор, коркард ва бо дигар тарз истифода намоянд, ҳатто бо мақсадҳои тиҷоратӣ то он вақте, ки онҳо муаллифи шуморо нишон медиҳанд, ва асарҳои худро низ ҳамин гуна литсензия мекунанд.
Attribution-NoDerivs – CC BY-ND – ин иҷозатнома барои паҳнкунии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ иҷозат медиҳад, вақте ки паҳншавии он бетағйир аз ҷониби муаллифи интиқол дода мешавад ва онҳо бояд муаллифро ҳатман нишон диҳанд.
Attribution-NonCommerce – CC BY-NC – ин иҷозатнома ба дигарон имкон медиҳад, ки кори шуморо гирифта тағйир кунанд, асари шуморо ҳамчун асосӣ кабул кунанд ва дар асоси он асарҳои наве эҷод кунанд, шуморо ҳамчун муаллиф ишора карда, асари худро ҳамчун ғайритиҷоратӣ нишон диҳанд, аммо аз онҳо талаб карда намешавад, ки дар асарашон ин гуна иҷозатнома дар ҳамин гуна шартҳо бошад.
Маълутоти бештарро аз инҷо дастрас намоед…