Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон инъикоси дурусти масоили низоъбарангезро меомӯзанд

0
3290

Имрӯз дар Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе даври аввали омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими муқобилият ба ифротгароӣ ва хабарҳои бардугӯғ дар Осиёи Марказӣ” оғоз гардид.

Тибқи барномаи омӯзишӣ фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд донишу малакаи худро дар инъикоси масоили ҳассос ва амнияти рақамию ҷисмонӣ ғанӣ гардонида, ҳамзамон роҳҳои ҳамкорӣ бо коршиносон, рӯзноманигорон ва блогерҳо, истифодаи самараноки манбаъҳои иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоиро аз худ кунанд.
Иштирокчиёни омӯзиш идоракунии пайғомҳои мобилӣ/мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ барои эҷоду таблиғи қиссаҳои мусбат доир ба таҳаммулпазирии динӣ дар ҷаҳон ва қолабҳоро барои шабакаҳои иҷтимоӣ (воситаҳои чандрасонаӣ) низ меомӯзанд.

Ҳадафи омӯзиш додани дониши зарурӣ барои иъикоси дурусти масоили низоъбарангез ва паст кардани шиддати онҳо мебошад. Иштирокчиён бояд донишу малакаеро ба даст оранд, ки тавонанд бо истифода аз имкониятҳои дастгоҳҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои бе зӯроварӣ аз байн бурдани низоъ мусоидат кунанд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Internews татбиқ мекунад ва дар асоси таҷрибаи барномаи қаблӣ “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна” замина гирифта, ба дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, ки ба тақвиятбахшии устувории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ нисбат ба ифротагароӣ ва маълумоти бардурӯғ мусоидат мекунанд, равона шудааст.

 

 

Гражданские активисты Таджикистана изучают правильное освещение конфликтных вопросов

Сегодня в Общественной организации “Хома” для гражданских активистов Хатлоской и Бадахшанской областей, РРП и города Душанбе начался тренинг в рамках проекта «Усиление устойчивости к радикализации и дезинформации в Центральной Азии», финансируемого Европейским Союзом и реализуемого Internews.
Гражданские активисты смогут расширить свои знания и обрести навыки по грамотному освещению конфликтных вопросов, цифровой и физической безопасности, а также обучиться тому, как эффективно использовать источники информации и социальные сети, наладить сотрудничество с экспертами, журналистами и блогерами.

Участников тренинга обучат управлению онлайн-каналами в мессенджерах и социальных сетях, использованию мобильных устройств для создания и продвижения позитивных рассказов о религиозной толерантности в мире, форматам для социальных сетей (мультимедийные инструменты).

Цель обучения – дать необходимые знания для освещения конфликтов, не усиливая напряженность. Участники тренинга должны получить знания, которые будут способствовать устранению конфликта ненасильственным путем через возможности мобильных устройств и социальных сетей.

Проект основан на опыте предыдущего проекта «Содействие стабильности и миру в Центральной Азии» и нацелен на поддержку национальных и региональных инициатив, способствующих усилению устойчивости граждан Центральной Азии к радикализму и дезинформации, ведущим к насильственному экстремизму.