Home АХБОР Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд инъикоси дурусти масоили ҳассосро меомӯзанд

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд инъикоси дурусти масоили ҳассосро меомӯзанд

0
3847

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд барои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд омӯзиш дар доираи лоиҳаи “Таҳкими муқобилият ба ифротгароӣ ва хабарҳои бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” шурӯъ шуд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон доранд донишу малакаи худро дар инъикоси масоили ҳассос ва амнияти рақамию ҷисмонӣ ғанӣ гардонида, роҳҳои ҳамкорӣ бо коршиносон, рӯзноманигорону блогерҳо, истифодаи самараноки манбаъҳои иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоиро аз худ кунанд.

Ба иштирокчиёни омӯзиш тренерони ботаҷриба Нуриддин Қаршибоев ва Ҷамшед Марупов моҳияти васоити ахбори иҷтимоӣ, хусусиятҳои фазои иттилоотии имрӯза, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, дастгоҳҳои мобилӣ ва имкониятҳои қолабҳои чандрасонаиро барои сохтани матлаб доир ба таҳаммулпазирии динӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҳалли мусолиатомези масоили низоъбарангез меомӯзонанд.

Ҳадафи омӯзиш додани дониши зарурӣ барои иъикоси дурусти масоили низоъбарангез ва паст кардани шиддати онҳо мебошад. Иштирокчиён бояд донишу малакаеро ба даст оранд, ки тавонанд бо истифода аз имкониятҳои дастгоҳҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои бе зӯроварӣ аз байн бурдани низоъ мусоидат кунанд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Internews татбиқ мекунад.