Қарор дар бораи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024

0
2936

Қукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар буҷети давлатӣ ҳангоми банақшагирии хароҷоти молиявии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро барои амалисозии Барномаи мазкур пешбинӣ намоянд.
  3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур тавассути ҷалби грантҳо ва шаклҳои дигари дастгирии молиявӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
  4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати воридоти телевизионҳое, ки бевосита имкони қабули мавҷи пахши рақамиро доранд, инчунин рамзкушоҳо (set-top-box) чораҳои зарурӣ андешанд.
  5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– моҳияти пахши рақамии телевизион ва афзалиятҳои онро тариқи барномаҳои телевизионӣ ба аҳолӣ тарғибу ташвиқ намояд;

– якҷо бо раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

  1. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 10 феврал оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 августи соли 2019 № 437

ш.Душанбе