Home ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚӢ Иҷозатномадиҳӣ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ

0
1158

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод. 343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14, №6, мод.457, №10, мод.816; с.2009, №3, мод.78, №5, мод.326, №9-10, мод. 544; с.2010, №12, қ.1, мод.821; с.2012, №12, қ.1, мод.1005; с.2013, №3, мод.193, №11, мод.787; с.2014, №7, қ.2, мод.406, мод.407, №11, мод.666; с. 2015, №3, мод.206, мод.213, №11, мод.967; с.2016, №5, мод.369, №7, мод.631, №11, мод.885; с.2017, №5, қ.1, мод.291)

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 13.06.2007 № 277, аз 5.01.2008 № 349, аз 18.06.2008 № 399, аз 6.10.2008 № 435, аз 26.03.2009 № 485, аз 19.05.2009 № 519, аз 5.10.2009 № 551, аз 29.12.2010 № 662, аз 28.12.2012 № 911, аз 19.03.2013 № 950, аз 12.11.2013 № 1030, аз 26.07.2014 № 1109, 1110, аз 27.11.2014 № 1157, аз 18.03.2015 № 1184, № 1191, аз 23.11.2015 № 1246, аз 14.05.2016 № 1318, аз 23.07.2016 № 1353, аз 14.11.2016 № 1369, аз 30.05.2017 № 1434, аз 20.06.2019 № 1625)

Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунад, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машљулшавњ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассусњ барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосњ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

иҷозатнома (литсензия) – иҷозати махсусе, ки барои амалњ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳњ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ додааст;

намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда (литсензияшаванда)фаъолиятест, ки барои амалњ намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни мазкур бояд иҷозатнома гирифта шавад;

иҷозатномадиҳњ (литсензиякунонњ) – чорабиниҳоест, ки ба иҷозатномадиҳњ, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳњ ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста мебошад;

шарту талаботи иҷозатномадиҳњ – маҷмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд, ки иҷрояшон барои иҷозатномадор ҳатмист;

мақомоти иҷозатномадиҳанда – мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки мутобиқи Қонуни мазкур иҷозатнома медиҳад;

иҷозатномадор (литсензиат) – шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ, ки барои амалњ намудани фаъолияти мушаххас иҷозатнома дорад;

довталаби иҷозатнома – шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродиест, ки ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои фаъолияти мушаххас ҷиҳати гирифтани иҷозатнома бо ариза муроҷиат намудааст;

 феҳристи иҷозатномаҳо – маҷмӯи маълумот оид ба иҷозатномаҳои додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда, қатъкардашуда (бекоркардашуда), ки аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда пеш бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);

– феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо – махзани ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатномаҳое, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1369).

Моддаи 3. Принсипҳои асосии иҷозатномадиҳњ

Иҷозатномадиҳњ дар асоси принсипҳои зерин амалњ мегардад:

– таъмини фазои ягонаи иқтисодњ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда;

– муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳњ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муқаррар намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳњ тибқи низомнома оиди хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият;

– ошкорбаёнњ дар иҷозатномадиҳњ;

– риояи қонуният ҳангоми иҷозатномадиҳњ.

Моддаи 4. Меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иҷозатнома дода мешавад

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалњ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунњ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатњ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба љайр аз иҷозатномадиҳњ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳњ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳњ салоҳиятҳои зеринро дорад:

– низомномаро дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият тасдиқ намояд;

– мақомоти ҳокимияти иҷроияеро муайян намояд, ки барои намудҳои мушаххаси фаъолият иҷозатнома медиҳад;

– амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун боздорад ва бекор намояд (Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911);

– мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳњ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);

– тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатњ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳиро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);

– қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳоро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);

– қоидаҳои намунавии пешбурди феҳристи иҷозатномаҳоро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).

Моддаи 5(1). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатњ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳњ

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625)

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатњ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳњ дохил мешаванд:

– гузаронидани мониторинги амалисозии Қонуни мазкур;

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти солона аз рӯи натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда;

– гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти иҷозатномадиҳанда тибқи талаботи тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатњ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳњ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;

– натиҷагирњ аз таҷриба дар танзими фаъолияти соҳибкорњ бо роҳи додани иҷозатнома, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузорњ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳњ;

– пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо;

– талаб намудани иттилооти дахлдор аз мақомоти иҷозатномадиҳанда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда
  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:

– иҷозатнома диҳанд;

– ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дарорад, ки вуҷуд доштани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;

– мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд;

– амали иҷозатномаро барқарор созанд;

– иҷозатномаро бекор кунад (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни мазкур);

– феҳристи иҷозатномаҳоро пеш баранд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);

– назорати аз тарафи иҷозатномадорон риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро ба амал бароранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).

  1. Тартиби амалњ намудани ваколати мақоми иҷозатномадиҳанда, ба истиснои санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, тибқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.06.2007 № 277).
Моддаи 7. Амали иҷозатнома
  1. Ба ҳар як намуди фаъолият, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, иҷозатнома дода мешавад.
  2. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалњ гардонида шавад.
  3. Амали иҷозатнома дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 30.05.2017 № 1434).
  4. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинњ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
  5. Шахсони воқењ ва ҳуқуқии хориҷњ метавонанд бо шарт ва тартиби барои соҳибкорони инфиродњ ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинњ накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 23.07.2016 № 1353).
Моддаи 8. Мӯҳлати амали иҷозатнома

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)

  1. Мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи дар моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои фаъолияти бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷњ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 5 сол, барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 3 сол мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 277, аз 14.11.2016 № 1369).
  2. Мӯҳлати амали иҷозатнома барои намуди алоҳидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, барои соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо бе истифодаи меҳнати кироя анҷом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол муқаррар карда шавад.
  3. Иҷозатнома барои намуди фаъолияти бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷњ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 3 сол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1369).
  4. Мӯҳлати амали иҷозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳои зарурњ барои гирифтани иҷозатнома
  1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) барои шахси ҳуқуқњ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, сурољаи ҳуқуқњ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;

б) барои соҳибкори инфиродњ – ному насаб, ҷойи истиқомат шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);

– намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки соҳибкори инфиродњ ва шахси ҳуқуқњ мақсади анҷом додани онро дорад ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);

– нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);

– хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);

– нусхаи ҳуҷҷат дар бораи аз тарафи мақомоти андоз ба довталаби иҷозатнома додани рақами мушаххаси андозсупоранда (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);

– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.

  1. Ба љайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳњ мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбинњ шуда метавонанд. “Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳњ” дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195,  аз 12.11.2013 № 1030).
  2. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳњ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият пешбинњ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 12.11.2013 № 1030).
  3. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 10. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома
  1. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз сњ рӯзи расидани аризаи довталаби иҷозатнома бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима қабул мекунад. Қарори мазкур бо санади дахлдори мақоми иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911).
  2. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.
  3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иҷозатномаро аз қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати мазкур огоҳ намояд.
  4. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома дар шакли хаттњ ба довталаби иҷозатнома бо қайди реквизити суратҳисоби бонкњ ва мӯҳлати пардохти ҳаққи иҷозатномагирњ фиристонида (супорида) мешавад.
  5. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунњ (супорида) фиристонида мешавад.
  6. Мақоми иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳиро пешниҳод кардани довталаби иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, бепул медиҳад.
  7. Иҷозатномадор ба гирифтани дубликати ҳуҷҷати мазкур бо пардохти маблаљ ҳуқуқ дорад, ки он бо маблаљи пардохт барои аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад, баробар аст.
  8. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

– агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё љалат бошад;

– агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳњ номувофиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);

– агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфњ дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).

  1. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (баҷо меоварад) ё истеҳсолашро (баҷо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
  2. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда ё барои бефаъолиятии вай ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 10(1).Қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911)

  1. Қарор дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.
  2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома инҳо нишон дода мешаванд:

– мӯҳлати амали иҷозатнома;

– шарт ва талаботи иҷозатномадиҳњ;

– мӯҳлати пешниҳоди иҷозатнома барои имзо;

– муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор ҷиҳати аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани иҷозатнома;

– ӯҳдадории бастани созишномаи сармоягузорњ бо мақоми ваколатдори давлатњ;

– дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқњ.

  1. Рад карда шудани дархости довталаби иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминњ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият бо санади дахлдори мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911).
Моддаи 11. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад

Дар қарор оиди додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:

– номи мақоми иҷозатномадиҳанда;

– барои шахси ҳуқуқњ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқњ, сурољаи ҳуқуқњ ва маҳалли ҷойгиршавии он;

– барои соҳибкори инфиродњ – ному насаб, ҷои истиқомат, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;

– намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда;

– рақами бақайдгирњ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;

– рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххас (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);

– рақами иҷозатнома;

– рӯзи қабул кардани қарор оиди додани иҷозатнома.

Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд
  1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқњ, таљйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршавњ ва ё таљйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродњ, иҷозатномадор – шахси ҳуқуқњ (вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфиродњ ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунад, ки таљйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
  2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатнома таљйиротҳои дахлдор медарорад. Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, дар давоми даҳ рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақомоти иҷозатномадиҳанда аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
  3. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо музд ситонида мешавад, ки он ба буҷети давлатњ ворид мегардад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 435).
Моддаи 13. Амалњ намудани назорат
  1. Назоратро аз болои иҷозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи иҷозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян гардидааст, мақоми иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ба амал мебарорад.
  2. Санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, аз ҷониби мақоме, ки иҷозатномаи дахлдорро додааст, мутобиқи Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба амал бароварда мешавад (Қонун аз 13.06.07с. № 277).
  3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надорад оиди мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти дигар мақомоти ҳокимияти давлатњ дахл доранд, санҷиш гузаронад.
Моддаи 14. Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатнома
  1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро даљалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад.

Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноњ, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенњ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).

  1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
  2. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, хаттњ хабардор намояд. Мақоми иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, оиди барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди хабардор шуданаш ва санҷидани хатогиҳое, ки иҷозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, ба таври хаттњ хабар медиҳад. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблаљ ситонида намешавад.
  3. Мақоми иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома, инчунин оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминњ дар мӯҳлати муқарраргардида ба фаъолият шурӯъ накардани иҷозатномадор ва аз ҷониби иҷозатномадор ба имзо нарасонидани созишномаи сармоягузорњ бо мақоми ваколатдори давлатњ бекор кунад (Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911).
  4. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунњ, саломатии шаҳрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад зимни ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба ҳукми қонун даромадани қарори суд боздорад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
  5. Қарори боздоштан ва бекор кардани амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминњ тибқи муқаррароти моддаи мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911).
  6. Қарори боздоштани амали иҷозатнома, бекор кардани иҷозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он мақомоти иҷозатномадиҳанда бо далелҳои асоснок баъди се рӯзи қабул шуданаш ба иҷозатномадор хаттњ хабар медиҳад.
  7. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судњ шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 14 (1). Қатъ гардидани амали иҷозатнома

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)

Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқњ ва қатъ гаштани амали шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқењ ба сифати соҳибкори инфиридњ, ба қувваи қонунњ даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминњ, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 28.12.2012 № 911).

Моддаи 15. Пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625)

  1. Мақоми иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро пеш мебарад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 20.06.2019 № 1625).
  2. Дар феҳристи иҷозатномаҳо љайр аз маълумоте, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинњ шудаанд, маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

– маълумот оид ба довталаби иҷозатнома (номи шахси ҳуқуқњ, барои соҳибкори инфиродњ – насаб, ном ва номи падар);

– намуди фаъолият, ки барои амалњ намудани он иҷозатнома дода шудааст;

– сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани иҷозатнома;

– силсила, рақам ва санаи додани иҷозатнома;

– маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) иҷозатнома;

– асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бартараф кардани вайронкунии шарту талаботи иҷозатномадиҳњ;

– асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;

– асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани иҷозатнома;

– асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи қатъ намудани амали иҷозатнома (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).

  1. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои шиносонидани шахсони воқењ ва ҳуқуқњ кушода аст.
  2. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба шахсони воқењ ва ҳуқуқњ ройгон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 20.06.2019 № 1625).
  3. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 16. Маблаљгузории иҷозатномадиҳњ ва пардохти ҳаққи иҷозатнома
  1. Иҷозатномадиҳњ дар доираи маблаљи аз буҷети дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳњ ҷудогардида маблаљгузорњ мешавад.
  2. Барои баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад, ки онҳо пас гардонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 6.10.2008 № 435).
  3. Барои додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳњ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 6.10.2008 № 435).
  4. Маблаљҳои пардохтҳои ҳаққи иҷозатнома ба буҷети давлатњ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
  5. Ҳангоми дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз довталаб маблаљи ба ҳаққи иҷозатномадиҳњ баробар ситонида мешавад.

Дар сурати мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати амали иҷозатнома маблаљи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳњ мутаносибан ба мӯҳлати амали иҷозатнома кам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).

Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаьолияте, ки барои амалњ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)

Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иҷозатнома зарур аст:

– фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамњ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамњ, хизматрасонњ вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамњ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамњ (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);

– фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои  љайриошкоро ба даст овардани иттилоот дар биноҳо ва воситаҳои техникњ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);

– фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои ҳифзи иттилооти махфиёна (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);

– фаъолият оид ба ҳифзи техникии иттилооти махфиёна (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);

– фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои љайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбинњ шудаанд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорњ машљулбуда амалњ гардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);

– фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорњ муҳофизатшаванда, инчунин савдои маҳсулоти мазкур (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1434);

– фаъолият оид ба истеҳсол, сохтан, фурӯш, коллексиякунњ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1184);

– фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорњ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявњ доранд;

– фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтњ ва газњ;

– фаъолият оид ба нигоҳдорњ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикњ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатњ;

– фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорњ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатњ;

– фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти тарфгарњ (пиротехникњ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;

– фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирњ кардани биною иншоотҳо;

– фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашњ ва тадқиқотњ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунњ, азнавсозњ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда (ба истиснои сохтмони манзили шахсњ барои эҳтиёҷоти шахсии худ)(Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911);

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашњ ва тадқиқотњ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншоотҳои роҳ;

– фаъолият оид ба корҳои маркшейдерњ;

– фаъолияти геодезњ ва харитасозњ;

– фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷњ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷњ ва геофизикњ;

– фаъолияти фарматсевтњ (тайёр ва истеҳсол кардани доруворњ ва воситаҳои косметикњ, истеҳсоли молу техникаи тиббњ, фурӯши доруворњ ва молҳои тиббњ, истеҳсол ва фурӯши љизои иловагии табобатию профилактикњ);

– фаъолияти хусусии тиббњ;

– фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббњ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад);

– фаъолият бо истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;

– фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионњ, дезинсексионњ ва дератизатсионњ;

– фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмњ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропњ;

– фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропњ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот);

– фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

– фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивњ(Қонуни ҶТ  аз 28.12.2012 № 911);

– фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатњ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивњ (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 519, аз 20.06.2019 № 1625);

– фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1353);

– фаъолият оид ба мусофиркашонњ ва боркашонњ бо нақлиёти ҳавоњ;

– фаъолият оид ба мусофиркашонњ ва боркашонњ бо нақлиётн автомобилњ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 349);

– фаъолият оид ба мусофиркашонњ ва боркашонњ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқњ ё соҳибкори инфиродњ анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

– фаъолият оид ба хизматрасонии техникњ ва таъмир дар нақлиёти автомобилњ ва роҳи оҳан;

– фаъолияти терминалҳои мусофиркашонњ ва боркашонњ;

– фаъолият оид ба хизматрасонии техникњ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоњ;

– фаъолият оид ба воридот, содирот, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишин (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318);

– фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоњ;

– фаъолият оид ба ҷамъоварњ, истифода, безараргардонњ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;

– фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерњ ва бозии лото (Қонуни ҶТ аз 26.06.2009 № 485);

– фаъолияти баҳодиҳњ (нархгузорњ);

– фаъолияти туристњ;

– фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;

– фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷњ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– фаъолияти аудиторњ;

– фаъолияти аудитории экологњ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1246);

– фаъолияти ломбардҳо;

– фаъолият дар соҳаи биржа;

– фаъолияти суљуртавњ;

– фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори кољазҳои қиматнок;

– хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 950);

– фаъолияти хусусии байторњ;

– хориҷ карда шуд  (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1191);

– фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълими томактабњ ва таҳсилоти умумњ (ибтидоњ, умумии асосњ ва миёнаи умумњ);

– фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолњ харидани маснуоти заргарњ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолњ ва худбиёрњ (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1030);

– фаъолияти кормандони масъули патентњ;

– фаъолияти соҳаҳои телевизион, радиошунавонњ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалњ;

– фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоњ, хизматрасонњ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

– фаъолият оид ба ҷамъоварњ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворњ;

– фаъолияти фондҳои љайридавлатии нафақа (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).

– фаъолияти Бюрои таърихи қарз (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 551);

– фаъолият дар соҳаи алоқаи почта (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1369).

Моддаи 18. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалњ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)

  1. Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳњ намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:

– фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкњ, аз ҷумла бонкии исломњ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318);

– фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷњ;

– фаъолияти оператори низоми пардохт (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318);

– фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилњ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

– фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 950);

– фаъолият дар соҳаи алоқаи барқњ;

– фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминњ, ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолњ ва худбиёрњ (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1030);

– фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;

– фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомњ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);

  1. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти боикњ, аз ҷумла бонкии исломњ, амалиёт бо асъори хориҷњ ва фаъолияти оператори низоми пардохт бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкњ, фаъолияти бонкии исломњ, ташкилотҳои маблаљгузории хурд, танзими асъор ва назорати асъор, хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт ба танзим дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318).
  2. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаро танҳо дар ҳолати даровардани таљйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур таљйир додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 18(1). Амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалњ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)

  1. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷозатномадиҳњ ё намудҳои дигари фаъолияти иҷозатномадодашаванда муқаррар гардида бошанд, ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалњ мавриди амал қарор дода мешаванд.
  2. Иҷозатномахои дар дигар давлатҳо гирифташуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо ин ҳолат қайд гардидааст, эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
  3. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинњ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1353).
Моддаи 18(2). Додани иҷозатнома дар асоси озмун

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)

Иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқњ ва фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминњ метавонанд дар асоси озмун дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).

Моддаи 18(3). Додани иҷозатнома дар асоси созишнома оид ба тақсими маҳсулот

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 399)

Иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни давлат ва сармоягузор бармеояд, пас аз 30 рӯзи ба имзо расонидани созишномаи мазкур бе талаб кардани ҳуҷҷату маводи иловагњ ва бе мувофиқасозии иловагњ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 399).

Моддаи 19. Қоидаҳои гузариш
  1. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби иҷозатномадиҳиро танзим менамоянд, дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
  2. Иҷозатномадиҳњ ба намудҳои фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 зикр наёфтаанд, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қатъ мегардад.
  3. Иҷозатномаҳое, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.
Моддаи 20. Ҷавобгарњ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқењ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарњ кашида мешаванд.

Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмњ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

17 майи соли 2004 № 37