(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.457; с.2007, №6, мод.432; с.2008, №10, мод.824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; с.2014, №11, мод.672; с.2015, №3, мод.224; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1456; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1457)
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276, аз 6.10.2008 № 445, аз 26.12.2011 № 779, аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202, аз 18.07.2017 № 1456, № 1457, аз 2.01.2018 № 1496)
Қонуни мазкур муносибатҳои соҳаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсӣ) ба танзим дароварда, онро аз рақобати бевиҷдонона ҳифз менамояд ва рекламаи номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардўстӣ ва ахлоқӣ таҳдид кунад, пешгирӣ ва манъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, ҷойгиронӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонии (минбаъд – мол) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суљуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки бо истифодабарии маблаљҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар бозорҳои қољазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Қонун ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки амалҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиркардаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама боиси маҳдудияти рақобат, ба иштибоҳ андохтани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ё оқибатҳои дигари манфиро дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоранд, татбиқ карда мешавад, агар муносибатҳои байни давлатҳо бо созишномаҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Ҳамин Қонун нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд – соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рекламаро истеҳсол, ҷойгир ва паҳн мекунанд, низ татбиқ мегардад.
Қонуни мазкур ба эълонҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла дар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машљул нестанд, дахл надорад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:
– реклама – иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, љояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, љояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурўхтани молҳо, љояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;
– объекти рекламашаванда – мол, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурўшандаи мол, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ё чорабинӣ (аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ, консерт, озмун), ки реклама барои ҷалби диққат ба онҳо равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
– рекламаи номуносиб – рекламаи бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурўљ, пинҳонӣ ё дигар рекламае, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст;
– рекламаи мутақобил – рад кардани рекламаи номуносиб, ки бо мақсади барҳам додани оқибатҳои он паҳн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
– рекламадиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо фармоиши он реклама таҳия ва паҳн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
– истеҳсолкунандаи реклама – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро пурра ё қисман дар шакли тайёр барои паҳнкунӣ омода месозад;
– паҳнкунандаи реклама – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро бо роҳи пешниҳод ё истифодаи молу мулк, аз ҷумла, воситаҳои техникии радио, телевизион, инчунин шабакаҳои алоқа, вақти намоиш ва бо истифода аз дигар воситаҳо анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
– истифодабарандагони реклама – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки реклама ба маълумоташон расонида мешавад;
– рекламаи беруна – плакатҳо, стендҳо, овезаҳои номалавҳаи мунаввар ва воситаҳои дигари техникӣ, ҷойгиронии устувори он дар ҳудуди муайян;
– рекламаи дохилӣ – ҳар гуна рекламае, ки дар дохили хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо ҷойгир карда шудааст;
– рекламаи иҷтимоӣ – рекламаи љайритиҷоратӣ, ки дар он тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ифода шудааст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163);
– оферта – пешниҳод ба бастани шартнома буда, ба як ё якчанд шахсони мушаххас фиристода мешавад ва талабҳои асосии шартномаро дар бар мегирад;
– аксепт – ҷавоби шахсе, ки офертаи ба ў пешниҳод кардашударо гирифтааст;
– воқеаҳои ҷорӣ – равандн воқеаҳои бавуқўъомада, ҳодисаҳои муҳим, далелҳо аз ҳаёти шахсӣ ва ё ҷамъиятӣ, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоту иқдомот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
– сарпарастӣ – аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузоштани саҳм (дар шакли пешниҳоди молу мулк, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, хизматрасонӣ, анҷом додани корҳо) ба фаъолияти шахси дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ (кўмакгиранда) бо шартҳои паҳн кардани рекламаҳои кўмакгиранда оид ба сарпараст ва молҳои ў (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
– саҳми сарпарастӣ – пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст (рекламадиҳанда) ба кўмакгиранда (паҳнкунандаи реклама) (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Моддаи 4. Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он барои реклама
Реклама метавонад пурра ё қисман объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бошад.
Дар ин ҳолат ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
БОБИ 2. ТАЛАБОТИ УМУМӢ ВА МАХСУС БА РЕКЛАМА
Моддаи 5. Талаботи умумӣ ба реклама
Реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама фаҳмида шавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти љайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷўҳи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурўшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан “ҳамчун реклама”) иҷозат дода намешавад.
Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблаљ манъ аст.
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамљаҳои молии (тамљаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 18.07.2017 № 1456).
Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда, ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди “ҳатман сертификатсия кунонида шаванд” дошта бошанд.
Истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ (моликияти зеҳнӣ) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зўроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.
Ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Ҷой додани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагӣ истифода мегарданд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 6. Рекламаи бевиҷдонона
Рекламаи бевиҷдонона рекламае мебошад, ки:
– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрў менамояд;
– дорои муқоисаҳои носаҳеҳи моли рекламашаванда бо моли (молҳои) дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, инчунин мулоҳизаҳо ва тасвирҳое дорад, ки иззат, шаъну шараф ё эътибори кории рақибонро паст мезананд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
– истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории ё тақлидкории) лоиҳаи умумӣ, матн, формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таъсироти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашаванда ё тавассути сўиистифодаи боварии шахсони воқеӣ ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад.
Ба рекламаи бевиҷдонона роҳ дода намешавад.
Моддаи 7. Рекламаи нодуруст
Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҷуд аст:
– тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хусусияти истеъмолӣ, шароитҳои истеъмол, мавҷудияти сертификати мутобиқат, аломатҳои сертификатсионӣ ва аломатҳои мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ, теъдод, маҳалли истеҳсол;
– мавҷудияти мол дар бозорҳо, имкониятҳои дар ҳаҷми мазкур харидорӣ намудани он, вақт ва маҳал;
– арзиши (нархи) молҳо дар лаҳзаи паҳн кардани реклама;
– шартҳои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
– ўҳдадориҳои кафолатӣ, мўҳлати хизмат, мўҳлати истифода;
– ҳуқуқ барои истифодаи рамзҳои давлатӣ, инчунин рамзҳои ташкилотҳои байналмилалӣ;
– эътирофи расмӣ, гирифтани медалҳо, ҷоизаҳо, дипломҳо ва дигар мукофотҳо;
– пешниҳоди маълумот доир ба тарзҳои харидани силсилаҳои пурраи молҳо, агар мол як қисми силсила бошад;
– натиҷаи тадқиқот ва санҷишҳо, истилоҳоти илмӣ, иқтибосҳо аз нашрияҳои техникӣ, илмӣ ва дигар интишорот;
– маълумоти оморие, ки асоснокии онҳо набояд дар шакли аз ҳад зиёд нишон дода шавад;
– истинод ба ягон тавсияҳо ё эътирофи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба тавсияву эътирофҳои кўҳнашуда;
– истифодаи истилоҳот бо дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои “беҳамто”, “мутлақо”, “ягона” “рақами 1”, “беҳтарин”, “сифати олӣ” ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
– истифодаи истилоҳоти муқоисавии объекти рекламашаванда бо дараҷаи паст, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои “нархи пасттарин”, “арзонтарин” ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
– муқоиса бо дигар мол (молҳо), инчунин бо ҳуқуқ ва вазъи дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
– истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молҳои рекламашаванда;
– ҳаҷми воқеии талабот ба мол;
– маълумот доир ба худи рекламадиҳанда.
Ба рекламаи нодуруст роҳ дода намешавад.
Моддаи 8. Рекламаи беодобона
Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки:
– дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ буда, меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурўҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад;
– объектҳои санъатро, ки дорои арзиши миллӣ ё фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд, беобрў менамояд, рамзҳои давлатӣ, пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё асъори давлати дигар ва рамзҳои мазҳабиро бадном мекунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163);
– ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз истеҳсол ё паҳн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории ў огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд, инчунин агар рекламадиҳанда ин талаботро ихтиёрӣ иҷро накунад, ҳуқуқ дорад аз рекламадиҳанда раддияи чунин рекламаро бо ҳамон тарзе ки паҳн карда шуда буд, талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.
Моддаи 9. Рекламаи бардурўљ
Рекламаи бардурўљ чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадиҳанда (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.
Ба рекламаи бардурўљ роҳ дода намешавад.
Моддаи 10. Рекламаи пинҳонӣ
Дар асари радио, аудио, намоишномаҳои телевизиону видео, дар маҳсулоти кино, ҳамчунин дар маводи дигар истифода кардан ва бо роҳу воситаҳои дигар интишор намудани рекламаи пинҳонӣ, яъне рекламае, ки ба ҳушу идроки истеъмолкунанда, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сабтҳои махсуси видеоӣ (сабти овози дуҷўра) таъсири беихтиёр мерасонанд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 11. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион
Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:
– суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ;
– барномаҳои динӣ;
– барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;
– барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
– барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;
– барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.
Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври “сатри муҳаррик”, андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат зиёд набошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.
Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарўзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони љайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.
Дар барномаҳои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.
Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 12. Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ
Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии љайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.
Дар воситаҳои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Моддаи 13. Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотӣ
Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф ба чунин асарҳо ҷойгир намудани реклама манъ аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳангоми хизматрасонии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ реклама танҳо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниҳод шуда метавонад.
Ҳангоми хизматрасонии пулакии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ ё дигар хизматрасонӣ реклама танҳо бо розигии абонент пешниҳод карда мешавад.
Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.
Истифодаи рақамҳои бепули телефонҳои хадамоти ёрии таъҷилӣ, милитсия, сўхторнишонӣ ба мақсади паҳнкунии реклама манъ карда мешавад.
Моддаи 14. Хусусиятҳои рекламаи берунӣ
Паҳн кардани реклама дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо метавонад дар шакли плакатҳо (овезаҳо), стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар, дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиронии мавзеъӣ амалӣ гардад.
Рекламаи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набуда, дидани онҳоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии ҳаракат дар роҳ халал нарасонад, ҳамзамон реклама (овеза, номалавҳа, стендҳо ва љайраҳо) бояд дар болои роҳи автомобилгард ё аз тарафи рости роҳ ҷойгир шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозати мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163):
– аз тарафи мақомоти дахлдори раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар хати ҷудокарда ва минтақаи наздироҳии роҳҳои автомобилгард – берун аз ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
– аз тарафи воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар ҳудуди шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
– аз тарафи мақомоти дахлдори идораи роҳҳои оҳан – дар хати ҷудокардаи роҳи оҳан.
Андозаи меъёри пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1496).
Ҳамзамон ҳаҷми пардохт бояд аз андозаи хароҷоти корҳои анҷомдодашуда барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаҳои берунӣ, муайян намудани ҷойи паҳн кардани он ва назорати ҳолати рекламаҳои берунӣ ва воситаҳои техникии ҷойгиронии устувори мавзеъии он зиёд набошад.
Паҳн намудани рекламаи берунӣ бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ (аз ҷумла, дар мавзеъҳои ёдгориҳои фарҳангӣ, иншооти расму ойин, маҷмўаҳои ҳифзшавандаи табиӣ), бино, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти маблаљ барои паҳн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта анҷом дода мешавад, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахси ба амвол ҳуқуқи моликидошта ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад ва дар мавриди мавҷуд будани иҷозат қисми сеюми пешбинишудаи ин модда амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 15. Хусусиятҳои реклама дар воситаҳои нақлиёт ва муросилоти почта
Паҳн намудани реклама дар воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаҳо бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк ҳуқуқи моликӣ доранд, ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳолатҳои маҳдудият ва манъи паҳн кардани рекламаро дар воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мақомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии ҳаракат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Паҳн кардани реклама дар муросилоти почта танҳо бо иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 16. Рекламаи дохилӣ
Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Моддаи 17. Хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202)
Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, љизои кўдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдўшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо дигар доруворӣ манъ аст.
Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.
Рекламаи силоҳи љайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22 вақти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202).
Моддаи 18. Хусусиятҳои рекламаи хизматрасонии молиявӣ, суљуртавӣ, сармоягузорӣ ва кољазҳои қиматнок
Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкӣ, суљуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигарҳо, ки бо истифодаи маблаљи шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин кољазҳои қиматнок ба амалҳои зерин роҳ дода намешавад:
– дар реклама нишон додани маълумоти миқдорӣ, ки бевосита ба хизматрасониҳои рекламашаванда ё кољазҳои қиматнок алоқаманд нестанд;
– кафолат додани ҳаҷми даромадҳо тибқи саҳмияҳои номии оддӣ;
– реклама кардани кољазҳои қиматнок то ба қайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онҳо;
– пешниҳод намудани ҳама гуна кафолатҳо, ваъдаҳо ё тахминҳо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла бо роҳи эълон намудани баландшавии қурби кољазҳои қиматнок;
– ном набурдани ҳатто яке аз шартҳои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартҳои шартнома иттилоъ дода шавад.
Моддаи 19. Рекламаи иҷтимоӣ
Рекламаи иҷтимоӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хайриявӣ нигаронида шудааст.
Дар рекламаи иҷтимоӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ, навъҳои мушаххаси (моделҳои, артикулҳои) молҳои онҳо, ҳамчунин навъҳои молҳое, ки натиҷаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои љайритиҷоратӣ мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.
Фаъолияти ба таври ройгон анҷомдодашудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тарзи солимии ҳаёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, додани моликияти худ, аз ҷумла воситаҳои пулӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, ҳамчун фаъолияти эҳсонкорӣ дониста шуда, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бархурдор мебошанд.
Паҳнкунандагони реклама – воситаҳои ахбори омма ўҳдадоранд, ки ҷойгиронии рекламаҳои иҷтимоии пешниҳодкардаи рекламадиҳандагонро дар доираи 10 фоизи вақти намоиш (масоҳати асосии чопӣ ) дар як сол, ки қонунгузорӣ барои реклама муқаррар кардааст, ҷойгир намоянд.
Паҳнкунандагони рекламае, ки воситаҳои ахбори омма намебошанд, ўҳдадоранд рекламаи иҷтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.
Истеҳсолкунандагони реклама ўҳдадоранд хизматрасониро оид ба истеҳсоли рекламаи иҷтимоӣ дар доираи 10 фоизи ҳаҷми солонаи рекламаҳое, ки истеҳсол мекунанд, пешниҳод намоянд.
Шартҳои ба вақти ҷойгиронӣ ва воситаҳои паҳнкунии рекламаи иҷтимоӣ тааллуқдошта, ки рекламадиҳанда пешниҳод мекунад, барои паҳнкунандаи реклама ҳатмӣ мебошад, агар рекламадиҳанда ба паҳнкунандаи реклама на дертар аз як моҳи мўҳлати дар назардоштаи паҳни рекламаи иҷтимоӣ муроҷиат намояд.
Пардохти маблаљи истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
Дар сурати зиёд будани ҳаҷми фармоишҳо барои истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ назар ба меъёрҳои вақти муқаррарнамудаи намоиши чунин рекламаҳо, масоҳати асосии чопӣ, ҳаҷми истеҳсол, ҷойгиронӣ, паҳн кардан ва дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳсҳо навбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ бо тартиби аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама гирифтани офертаи рекламадиҳанда муайян карда мешавад.
Ба амалҳои истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, ки ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеа ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.
Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо рекламадиҳандагон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намоянд.
Моддаи 20. Маҳдудият дар фаъолияти сарпарастӣ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Сарпараст ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти кўмакгиранда дахолат намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Сарпарастии реклама аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба воқеаҳои ҷорӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 18.07.2017 № 1456).
Моддаи 21. ҳифзи ноболиљон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаҳо
Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама бо мақсади муҳофизати ноболиљон аз суиистифодаи зудбоварӣ ва бетаҷрибагӣ ба амалиётҳои зерин роҳ дода намешавад:
– паст задани шаъну шарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва омўзгорон, инчунин коҳиш додани боварии ноболиљон нисбат ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163);
– талқини бевоситаи ноболиљон нисбати водор сохтани падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба харидани молҳои рекламашаванда (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163);
– ҷалб намудани диққати ноболиљон ба ин ё он молҳое, ки ба даст оварданашон ба онҳо нисбат ба дигар ноболиљон ягон бартарӣ медиҳад, инчунин ба молҳое, ки набуданашон натиҷаи баръакс медиҳад;
– дар реклама ҷойгир намудани маълумоти матнӣ, биноӣ ё савтӣ, ки ноболиљонро дар ҷойҳо ва вазъиятҳои хатарнок нишон медиҳанд;
– паст намудани сатҳи зарурии малакаҳои истифодаи мол аз ҷониби ноболиљон, ҳамзамон дар сурате, ки агар таҷрибаи истифодаи мол нишон дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он ки кадом чиз воқеан барои ноболиљони гурўҳи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад;
– ба ноболиљон талқин намудани хаёлоти љайривоқеӣ (таҳрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои “танҳо”, “ҳамагӣ” ва ба ҳамин монанд, инчунин бо роҳи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои буҷети тамоми оилаҳо дастрас мебошад.
Истифодаи тасвири матнӣ, биноӣ ё савтии ноболиљон дар рекламае, ки бевосита ба молҳои барои ноболиљон дахл надоранд, роҳ дода намешавад.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ РЕКЛАМАДИҲАНДАГОН, ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОН ВА ПАҲНКУНАНДАГОНИ РЕКЛАМА
Моддаи 22. Мўҳлати нигоҳдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад
Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама ўҳдадоранд маводҳо ё нусхаҳои онҳоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз ҷумла ҳамаи таљйироти минбаъдаи ба онҳо воридшавандаро дар муддати як сол аз рўзи паҳн шудани рекламаи охирин нигоҳ доранд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 22(1) Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 23. Пешниҳоди маълумот барои истеҳсол ва паҳн кардани реклама
Истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқи талаб карданро дорад ва рекламадиҳанда дар ин ҳолат ўҳдадор аст тасдиқи дурустии маълумоти рекламаро бо ҳуҷҷат пешниҳод намояд.
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Моддаи 24. Ўҳдадориҳои истеҳсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории оид ба реклама
Истеҳсолкунандаи реклама ўҳдадор аст сари вақт ба рекламадиҳанда хабар диҳад, ки риояи талаботи ў ҳангоми истеҳсоли реклама метавонад ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама оварда расонад.
Агар рекламадиҳанда сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асоснокшудаи истеҳсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама таљйир надиҳад ё мутобиқи талаботи истеҳсолкунандаи реклама тасдиқи ҳуҷҷатии дурустии маълумоти барои истеҳсоли реклама пешниҳодшавандаро пешкаш накунад ё дигар ҳолатҳоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истеҳсолкунандаи реклама ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброни пурраи зарарҳоро талаб намояд.
Моддаи 25. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163)
Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ (мақомоти минтақавии онҳо), ки назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ўҳдадоранд дар мўҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои дуруст ва тавзеҳотро дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, сабтҳои видеоӣ ва овозӣ, инчунин дигар маълумоте, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур зарур мебошанд, пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 26. Пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома дар реклама
Оқибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавӣ (офертаи оммавӣ) (пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Рекламадиҳанда вазифадор аст мўҳлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонӣ (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама ақаллан яке аз шартҳои асосӣ хабар дода шуда бошад), инчунин рекламаҳоеро, ки ба ҳайси шартномаҳои оммавӣ (офертаҳои оммавӣ) амал мекунанд, нишон диҳад.
Агар рекламадиҳанда баъди бо тартиби муқарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавӣ ба номи ў мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ кунад, ин шахс ҳуқуқ дорад бо талаби бастани шартнома ва ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи беасос рад намудани рекламадиҳанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд муроҷиат намояд.
БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ РЕКЛАМА
Моддаи 27. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202)
Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
– сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд;
– барномаҳои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд;
– фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад ва муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд;
– мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ташкил намуда, онро идора мекунад;
– ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама амрнома медиҳад, аз ҷумла қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд;
– дар сурати ба ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд будани фаъолияти рекламавии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама маводҳоро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;
– дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ анҷом дода, ба суд доир ба беэътибор донистани аҳдҳои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниҳод менамояд;
– дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202).
Моддаи 28. Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163)
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама таъсис диҳанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202).
Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163):
– барои иштирок дар таҳияи талаботи реклама, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
– экспертизаи мустақили рекламаро ҷиҳати муайян кардани мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияҳои дахлдорро ба рекламадиҳандагон, истеҳсол ва паҳнкунандагони реклама мефиристанд;
– аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҷалб карда мешаванд.
БОБИ 5. РЕКЛАМАИ МУТАҚОБИЛ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РЕКЛАМАИ НОМУНОСИБ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Моддаи 29. Рекламаи мутақобил
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Ҳангоми муқаррар намудани далели вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҳуқуқвайронкунанда вазифадор аст дар мўҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ рекламаи мутақобилро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ҳамзамон ҳуқуқвайронкунанда хароҷоти рекламаи мутақобилро дар ҳаҷми пурра мепардозад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳангоми дар мўҳлати муқарраргардида аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дода нашудани рекламаи мутақобил мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, ҳуқуқ дорад дар хусуси ба таври пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда то рўзи ба охир расонидани паҳн кардани рекламаи мутақобил қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ҳамзамон мақоме, ки дар хусуси пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда қарор қабул намудааст, ўҳдадор аст, ки аз ҳуқуқвайронкунанда талаб намояд, то ки ў тамоми тарафҳои шартномаи бо ҳуқуқвайронкунанда нисбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаҳои басташударо фавран хабардор намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Рекламаи мутақобил тавассути ҳамон воситаҳои паҳнкунанда ва бо истифодаи ҳамон тавсияҳои давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анҷом расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Мазмуни рекламаи мутақобил бо мақоми ваколатдори давлатӣ, ки далели вайронкуниро муқаррар ва дар хусуси ислоҳи он қарори дахлдор қабул намудааст, мувофиқа карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Дар ҳолатҳои алоҳида тибқи қарори мақоми ваколатори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, иваз намудани воситаҳои паҳнкунӣ, таснифи давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартиби амалӣ намудани рекламаи мутақобил иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 30. Ҷавобгарии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Рекламадиҳанда барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба ҷойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки ҳуқуқвайронкунии мазкур бо айби истеҳсолкунандаи реклама ё паҳнкунандаи реклама ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Истеҳсолкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорӣ, истеҳсол ва таҳияи реклама ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Паҳнкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба вақт, маҳал ва воситаҳои ҷойгиронии реклама ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рўёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
аз 1 августи соли 2003 № 34
ш. Душанбе